Дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026, ки рӯзҳои 28-30-юми май доир мегардад, дувоздаҳ дастаи лигаи олӣ ва чаҳор тими лигаи якуми футболи кишвар иштирок мекунанд.
Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 49-сола аз Македонияи Шимолӣ, ҳайати васеи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн бо мунтахаби Ҳиндустон эълон кард.
Бо як қарори деринтизоре, Федератсияи байналмилалии футбол иҷоза дод, ки тими духтарони футболбози Афғонистон дар рақобатҳои бонуфуз иштирок кунад.
Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки тими "Истиқлол"-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори аввал дар таърихи худ соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 рӯзи шанбеи 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода баргузор мегардад. Бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.
Дар ниммарафони XVI байналмилалии Душанбе, ки 18-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор гардид, дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз 19 кишвари хориҷӣ ширкат карданд.
Бори сеюм дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2026” баргузор мешавад. Ин мусобиқа рӯзҳои 1-3-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.
18-уми апрел дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Ордоси Чин се медал (як тило, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ёфтҳои бештар