Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар мусобиқаи лигаи олӣ пешсаф шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 4-6-уми апрел доир гардиданд.

Ду бозии даври чаҳорум рӯзи 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо чунин натиҷаҳо поён ёфт: КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) – “Барқчӣ” (Ҳисор) – 3:3, “Ҳулбук” (Восеъ) – “Эсхата” (Хуҷанд) - 2:5.

Ду бозии дигари даври чаҳорум рӯзи 5-уми апрел дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд: “Ҳосилот” (Фархор) – “Вахш” (Бохтар) - 1:1, “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Равшан” (Кӯлоб) – 0:2.

Ду бозии охирини даври чаҳорум рӯзи 6-уми апрел сурат гирифт. Дар варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд дастаи мизбон - «Хуҷанд» - тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дарвоқеъ, ин аввалин пирӯзии “Хуҷанд” баъди се бохти пайиҳам ба шумор меравад.

«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқа дар ҷадвал “Истиқлол” бо 10 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. КМВА ва “Вахш” бо ҳаштимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро касб кардаанд. Танҳо як даста – “Панҷшер”, ки ҳарчор бозиашро бохтааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал қарор дорад.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Даври чаҳорум

КМВА - «Барқчӣ» - 3:3

Голҳо: Боронов, 5, Лукас Кевин, 54, Ҳабибов, 74 – Иброҳимов, 13 – аз пеналти, Асанте, 18, Далиев, 90+6 – аз пеналти.

4-уми апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Ҳулбук» - «Эсхата» - 2:5

Голҳо: Франклин, 79, Каримов, 90+7 – Зарипов, 7, Эшонхонов, 23, Муъминов, 83, 90+2, Махтумов, 88

4-уми апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Ҳосилот» - «Вахш» - 1:1

Голҳо: Зоиров, 86 – Ҳамроқулов, 39

Аз майдон хориҷ шуд: Саидхоҷа, 70 (“Ҳосилот”)

5-уми апрел. Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

«Регар-ТадАЗ» - «Равшан» - 0:2

Голҳо: Бобоев, 32 – аз пеналти, 82

5-уми апрел. Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

«Хуҷанд» - «Истаравшан» - 1:0

Гол: Камолафе, 11 – аз пеналти

6-уми апрел. Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

«Панҷшер» - «Истиқлол» - 0:3

Голҳо: Ҷӯрабоев, 36, Деҳқонӣ, 45+2, Алишер Ҷалилов, 79

Аз майдон хориҷ шуданд: Азизов, 11 (“Панҷшер”, Сайдаминов, 20 (“Панҷшер”), Манучеҳр Ҷалилов, 20 (“Истиқлол”)

6-уми апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶойДАСТАҲОБозӣТӯбҳоХол
1“Истиқлол”47-210
2КМВА48-48
3«Вахш»47-48
4 “Равшан”47-37
5«Эсхата» 49-77
6 «Ҳулбук»45-57
7«Барқчӣ»46-44
8 “Регар-ТадАЗ”43-54
9«Хуҷанд»43-73
10 «Истаравшан»43-52
11«Ҳосилот»43-72
12«Панҷшер»40-80

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Равшан») – 4 гол, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов (“Вахш”) – 3-голӣ.

Даври 5-ум

11-уми апрел (ҷумъа)

«Барқчӣ» – «Ҳулбук»

«Вахш» – «Панҷшер»

12-уми апрел (шанбе)

«Истиқлол» – КМВА

13-уми апрел (якшанбе)

«Равшан» – «Ҳосилот»

«Эсхата» – «Хуҷанд»

14-уми апрел (душанбе)

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG