Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар мусобиқаи байнулмилалии "King’s Cup 2024" ("Ҷоми Шоҳ-2024") ширкат хоҳад кард.
Дар шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар риштаи ҷудо баргузор мешавад. Ин мусобиқа аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.
Ба ҳайати ниҳоии тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, 14 нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар - шомил шуданд.
Дар мусобиқоти Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 Тоҷикистонро ду даста – "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва "Равшан"-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачагон, ки аз 27-уми август то 10-уми сентябр дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 11 медал (4 нишони тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ, ки аз 28 -уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Пориси Фаронса доир гардид, варзишгарони маълули 85 кишвар медал ба даст оварданд, аз ҷумла намояндагони 67 кишвар бо медалҳои тило мукофотонида шуданд.
Панҷ бозии даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 8-уми сентябр натиҷагирӣ шуд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Ҳоланд (Нидерланд) бозии дӯстона анҷом дод.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Мердека-2024», ки рӯзҳои 4-ум ва 8-уми сентябр дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, мақоми сеюмро касб кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Испания, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо, бозии дӯстона анҷом дод.
Дар Душанбе бозиҳои дӯстона бо ширкати тимҳои миллии футзали Тоҷикистон, Испания ва Нидерланд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 ширкат меварзанд, баргузор мешаванд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Мердека» аз мунтахаби Лубнон бо ҳисоби 0:1 ноком гардид.
Ёфтҳои бештар