Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии Фаворис ва Екатерина Бордачёва дар Бозиҳои олимпӣ


Фаворис Музрапов (байн)
Фаворис Музрапов (байн)

Ду намояндаи Тоҷикистон – даванда Фаворис Музрапов ва шиновар Екатерина Бордачёва – дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис (Париж) ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Фаворис Музрапови 25-сола дар давидан ба масофаи 100 метр байни мардон дар гурӯҳи севум бо натиҷаи 10.60 сония мақоми севумро касб кард. Давандаи Албания Франко Бурраҷи 25-сола ҳам ҳамин натиҷаро нишон дод, аммо ӯ пештар аз Фаворис пояшро ба хати марра гузошт, бинобар ин, ба даври дувум роҳ ёфт.

Дар гурӯҳи севум намояндаи Мавритания Гарри Ноа Ҷеррел Гари Бибии 23-сола бо натиҷаи 10.27 сония аввалин шуда ба марра расид ва ба даври баъдӣ роҳ пайдо кард.

Шиновар Екатерина Бордачёваи 21-сола дар мусобиқоти шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон дар гурӯҳи чаҳорум бо натиҷаи 28.85 сония панҷумин шуда ба марра расид. Вале ин натиҷа ба Екатерина имкон надод, ки ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёбад, зеро дар гурӯҳҳои лигар натиҷаҳои беҳтар ба қайд гирифта шуд. Дар гурӯҳи чаҳорум Аннетте Лакоури 17-сола аз Габон бо натиҷаи 27.68 сония мақоми аввалро касб кард.

Ба ин тартиб, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев аз Париж бо медал бармегарданд.

Сомон Маҳмадбекови 25-сола дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 81 кило ва Темур Раҳимови 27-сола дар вазни болои 100 кило ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дарвоқеъ, ҳарду пас аз 16 сол дастоварди паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиевро, ки соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд, такрор карданд.

Давлат Болтаев бошад, дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Болтаеви 25-сола, ки дар аввалин рақобаташ дар вазни то 92 кило бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, шаби дуюми август дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марлии 21-соларо аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Ҳамакнун Болтаев 4-уми август соати 20:30 бо вақти Душанбе дар даври ниманиҳоӣ бо муштзани Узбекистон Лазизбек Муллоҷонови 25-сола рақобат мекунад. Муллоҷонов дар ҳаштякфинал бар Азиз Аббос Муҳиддини итолиёӣ бо ҳисоби 4:1 ва дар чорякфинал бар Кено Марлей Мачадои бразилӣ бо ҳисоби 5:0 ғалаба кардааст.

Давлат Болтаев, ки соли 2022 ба унвони қаҳрамони бокси Осиё дар байни ҷавонони синнашон то 22-сола даст ёфтааст, соли 2023 дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон то даври чорякниҳоӣ расид ва моҳи октябри ҳамон сол дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило ғолиб гардида, аз байни варзишгарони тоҷик яке аз нахустинҳо шуда, ба Олимпиадаи Париж роҳхат гирифт.

Лазизбек Муллоҷонов барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2023 дар Тошканд ва қаҳрамони Осиё дар соли 2022 дар шаҳри Уммони Урдун мебошад.

Бояд гуфт, ҳарду муштзан – Болтаев ва Муллоҷонов, ки ҳадди ақал барои худ медали биринҷиро таъмин кардаанд, муборизаро барои медалҳои тиллою нуқра идома медиҳанд.

Ҳамин тариқ, то ҳоло 9 варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило; ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило; Фахриддин Мадкамов дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр миёни мардон; Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 100 метр байни мардон ва Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.

Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Париж доир менамояд.

Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон анҷом медиҳад.

ЧИН ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС ПЕШСАФ АСТ

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

То ҳоло варзишгарони 62 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 40 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гардидаанд.

Дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 37 медал, аз ҷумла 16 нишони тилло гирифтаанд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 61 медал, ки 14-тоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Фаронса бо касби 41 медал, минҷумла 12 нишони тилло мақоми севумро соҳиб шудааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Австралия, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Нидерланд ва Канада дохиланд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин тимҳои Молдова ва Тайпейи Чин бо дутоӣ медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи 54-ум қарор доранд.

ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии Порис 20 ҳазор доллар, ба ҷоизадори нуқра 15 ҳазор доллар ва ба барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз шаш медал (1 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик бе медал монда буданд.

XS
SM
MD
LG