Як фаъоли мухолифони тоҷик аз Созмони Милал хостааст, ки ба қазияи Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии "Гурӯҳи 24" ва намояндаи ҳамин ҷунбиш, Насимҷон Шарифов, дахолат карда, нисбат ба Тоҷикистону Туркия "чораҳои ҷиддӣ" бинаду "таҳримҳои шадид" ҷорӣ кунад.