Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябр дар як маросим дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "ба ин амал бояд хотима дода шавад".
Дар гузашта чанд нафарро дар Тоҷикистон барои дидан ё писандидан (гузоштани "лайк") ва ба дигарон фиристодани навори вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Исфара моҳи августи соли 2023 Камолиддин Шарофови 70-соларо, ба гуфтаи пайвандонаш, барои писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.
"Дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудҳои зиёд низ ба назар мерасанд... Вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст," – гуфт Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябр.
Ангезаи изҳороти раисҷумҳур дақиқ нест. Қаблан баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик ва созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Департаменти давлатии Амрико, ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошту ҳабси шаҳрвандон бо баҳонаи писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо танқид карда буданд.
Президент Раҳмон дар гузашта низ аз камбудҳои мақомот ёдовар шуда, барои ислоҳи вазъ дастур додааст, вале ба назар мерасад, на ҳамеша таъсир доранд.
Ӯ рӯзи 1-уми сентябри имсол дар мулоқот бо омӯзгорон ҷалби хонандагонро ба роҳпаймоиву пешвозгирии мансабдорон сахт танқид кард ва гуфт, ки аз ҷалби кӯдакон норозист ва дастур дод, ки дигар ин кор такрор нашавад. Баъди бист рӯз ҳангоми сафари худаш ба баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон дида шуд, ки боз кӯдаконро ба пешвозу шеърхонӣ бароварданд.