Намояндагони пулиси Олмон Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсии тоҷикро, ки бо қарори додгоҳ аз ин кишвар ихроҷ шуда буд, ба Душанбе бурда, ба дасти маъмурони амниятии Тоҷикистон супориданд. Дар ин бора Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод.