Интихобот рӯзи 26-уми октябр баргузор шуд. “Орзуи гурҷӣ”, ҳизби ҳокими тарафдори Русия, аз пирӯзӣ хабар дод. Ҳазорҳо нафар ба майдон баромада, Маскавро ба тақаллубу сохтакорӣ дар интихоботи Гурҷистон гунаҳкор донистанд. Нахуствазири Гурҷистон аз ҳизби ҳоким гуфт, ки иддаоҳо дар бораи тақаллубкорӣ дар интихобот дурӯғ аст ва “номуназзамӣ дар ҳамаҷову ҳар кишваре рух медиҳад.”
Бенямин Дуса, вазири тиҷорати хориҷии Шветсия, гуфт, ҳар гуна ҳамкории мустақимро бо ҳукумати Гурҷистон бас мекунанд. Вай ҳамзамон хабар дод, ки кишвараш барои ҷомеаи шаҳрвандии Гурҷистон тақрибан 2,3 миллион доллар хоҳад дод.
Вазорати корҳои хориҷии Канада дар баёнияе аз “таҳдид, харидани овоз ва қонуншиканиҳои дигар дар рӯзи интихобот” ибрози нигаронӣ кард. Дана Ҷанашиа, як тарафдори мухолифон дар Гурҷистон ҳам ба расонаҳо гуфтааст, “мо шоҳиди мавридҳои зиёди латукӯби одамон ва ҳар навъ фишор ба онҳо шудем”.
“Канада дар ҳамоҳангӣ бо ҳампаймонҳо аз G7 ва Аврупо муносибати худро бо раҳбарияти Гурҷистон бознигарӣ хоҳад кард. Канада барои ҳамкорӣ боз мемонад, ба шарте ки роҳбарияти Гурҷистон ба демократия, ҳуқуқи одамон ва волоияти қонун эҳтиром бигузоранд,” -- гуфта шудааст дар изҳорот.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, “нозирони байнулмилалӣ натиҷаҳои интихоботро дар Гурҷистон озоду одилона надонистанд.”
Бен Кардин, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, гузоришҳоро дар бораи қонуншиканӣ дар интихобот “ташвишовар ва ноумедкунанда” хонд. Кардин гуфт, фазои баъд аз интихоботро бодиққат назорат ва барои вокуниши муносиб бо маъмурияти Байден-Ҳаррис кор мекунад.
Ин ҳушдорҳо дар ҳоле садо доданд, ки рӯзи 28-уми октябр ҳазорҳо сокини Гурҷистон ба нишони эътироз ба натиҷаҳои интихобот ба хиёбонҳо рехтанд. Софико Шабурашвилӣ, яке аз норозиён, гуфт, “ман мехоҳам, кишварам худро аз Русия дур гирифта, ба самти Аврупо ҳаракат кунад”. “Агар гурҷиҳо ҳоло таслим шаванд, ояндаи торик хоҳанд дошт,” – гуфт Ираклӣ Андроникашвилӣ.
Тибқи натиҷаҳои расмии интихобот, ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” беш аз 54 дарсад рой гирифтааст. Тамоми чаҳор ҳизби мухолиф ва тарафдори Иттиҳоди Аврупо, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд, мегӯянд, ба натиҷаи эълонкардаи мақомот бовар надоранд. Баъзеашон гуфтаанд, ки ба порлумон намераванд.
Саломе Зурабишвилӣ, раисҷумҳури ғарбгарои Гурҷистон, гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад ва тарафдоронашро ба эътироз хонд. Ӯ шоми 28-уми октябр хитоб ба норозиён гуфт: “Шумо дар интихобот мағлуб нашудед. Онҳо раъйи шуморо дуздида, кӯшиш карданд, ки ояндаатонро низ бидузданд, аммо ҳеч кас ба ин кор ҳақ надорад ва шумо ҳам ба касе иҷозат надиҳед, ки чунин корро раво бинад.”
Зурабишвилӣ дар идомаи даъват ба эътирозҳо гуфт, натиҷаи расмии интихоботи Гурҷистон “амалиёти вижаи Русия – як навъи ҷанги гибридӣ алайҳи мардуми мо ва кишвари мост”.
Навор дар инҷост:
Ғарб чанд вақт боз аз “ақибнишинӣ”-и демократия дар Гурҷистон нигарон аст. Ҳукумати ин кишвари довталаб ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ва хоҳони пайвастан ба НАТО чанде пеш қонуни баҳсбарангезро қабул кард, ки шабеҳи қонун дар бораи “агентҳои хориҷӣ”-и Русия аст. Ин иқдом аз тарафи Вашингтон ва Брюссел башиддат танқид шуд ва дар аввали соли ҷорӣ сабаби эътирозҳои густарда гардид.