Амрико дар ҳафтаи оянда шоҳиди дигаргуние хоҳад шуд, ки ба тасмимгириҳо дар дунё бетаъсир намемонад. Ҳанӯз маълум нест, аз ду номзад ба мақоми президентӣ кӣ пирӯз мешавад, аммо ҳар яке барои Иёлоти Муттаҳида ва робитаи ин кишвар бо ҷаҳон барномаҳои хос доранд.
30 октябр дар кишварҳои Шӯравии собиқ рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои даврони сталинӣ аст, ки 11 миллион нафар ҷабри онро кашидаанд. Ин мавзуъ дар Тоҷикистон дуруст омӯхта нашудааст, вале муҳаққиқони масоили ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳодисаҳои 80 сол пеш имрӯз ба навъе дар Тоҷикистон такрор мешавад.
Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯйи 40-сола ва яке аз фаъолони мухолифони тоҷик, аз мақоомти Олмон хостааст, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун эҳтимоли боздошту шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш ҳаст.
Амрико, Канада ва Шветсия интихоботи порлумониро дар Гурҷистон, ки ба қавли нозирони байнулмилалӣ бо тарсонидану таҳдиду фишор гузашт, танқид карданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои, ба гуфтааш, беасос боз кардани парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла барои гузоштани "лайк" дар Интернет танқид кард.
Хонаводаҳои ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят намебаранд, чун медонанд, ки натиҷае намедиҳад.
Раҳбари рӯҳонии ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, ки набояд ҳамлаи Исроил ба Эронро "хурд" нишон дод.
Як фаъоли мухолифони тоҷик аз Созмони Милал хостааст, ки ба қазияи Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии "Гурӯҳи 24" ва намояндаи ҳамин ҷунбиш, Насимҷон Шарифов, дахолат карда, нисбат ба Тоҷикистону Туркия "чораҳои ҷиддӣ" бинаду "таҳримҳои шадид" ҷорӣ кунад.
Артиши Исроил рӯзи 26-уми октябр, дар ҷавоб ба ҳамлаи Эрон дар аввали моҳи ҷорӣ, ба чанд маркази низомии ин кишвар зарба зад. Сухангӯйи артиши Исроил дар паёме гуфт, ки “ҳоло амалиёт ба поён расид”. Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи кушта шудани ду сарбоз хабар дод.
Модари Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумат, гуфт, ки баъд аз эълони ҳукми додгоҳ ӯро дар Боздоштгоҳ дидааст. Ба нақли Оиша Мирзоева, “вай бисёр ором буд, афсурдагӣ ё пушаймонӣ надошт.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба Қазон рафт, то дар нишасти кишварҳои узви BRICS ширкат кунад. Созмонро Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар соли 2009 созмон додаанд. Тоҷикистон узви он нест.
Додситонии кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи шуморе аз чеҳраҳои шинохтаро то ду моҳи дигар дароз кардааст.
Ёфтҳои бештар