Хонаводаҳои ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят намебаранд, чун медонанд, ки натиҷае намедиҳад.
Раҳбари рӯҳонии ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, ки набояд ҳамлаи Исроил ба Эронро "хурд" нишон дод.
Як фаъоли мухолифони тоҷик аз Созмони Милал хостааст, ки ба қазияи Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии "Гурӯҳи 24" ва намояндаи ҳамин ҷунбиш, Насимҷон Шарифов, дахолат карда, нисбат ба Тоҷикистону Туркия "чораҳои ҷиддӣ" бинаду "таҳримҳои шадид" ҷорӣ кунад.
Артиши Исроил рӯзи 26-уми октябр, дар ҷавоб ба ҳамлаи Эрон дар аввали моҳи ҷорӣ, ба чанд маркази низомии ин кишвар зарба зад. Сухангӯйи артиши Исроил дар паёме гуфт, ки “ҳоло амалиёт ба поён расид”. Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи кушта шудани ду сарбоз хабар дод.
Модари Сӯҳроб Зафар, раҳбари зиндонии “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумат, гуфт, ки баъд аз эълони ҳукми додгоҳ ӯро дар Боздоштгоҳ дидааст. Ба нақли Оиша Мирзоева, “вай бисёр ором буд, афсурдагӣ ё пушаймонӣ надошт.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба Қазон рафт, то дар нишасти кишварҳои узви BRICS ширкат кунад. Созмонро Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар соли 2009 созмон додаанд. Тоҷикистон узви он нест.
Додситонии кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи шуморе аз чеҳраҳои шинохтаро то ду моҳи дигар дароз кардааст.
Бо гузашти зиёда аз даҳ сол аз талошҳо барои сохтани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, нозирон мегӯянд, ин раванд камбудҳои зиёде дорад. Яке аз намунаҳои он, пурра фаъол набудани сомонаҳои расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ аст.
Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Молдова, раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду пешсаф аст. Ба тарафдори аз ӯ 37 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Александр Стояногло бо 29 ва Ренато Усатий бо камтар аз 14 дарсади раъй мақомҳои дуюм ва сеюмро касб карданд.
Чаро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки 10 рӯз дар Варшава, маркази Лаҳистон (Полша), идома кард, нарафтанд? Набудани онҳо чӣ маънӣ дорад? Беэътиноӣ ба уҳдадориҳои байнулмилалӣ ё чизи дигар?
"Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҷумҳурӣ мамнуъст, ҳукми Додгоҳи Душанберо нисбат ба Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов сахт маҳкум кард. Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ба 30 сол ва Насимҷон Шарифов, намояндаи созмон дар Туркия ба 20 сол зиндон маҳкум шудаанд.
Як аср пеш, 26-уми ноябри соли 1924, Муғулистон худро «Ҷумҳурии мардумӣ» эълон кард. Бо вуҷуди он ки номи пойтахти он "Улан-Батор" ба маънои "пешвои сурх" тағйир наёфт, гузаштаи бо ҳам пайванди ин кишвар бо Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври умум як масъалаи таърихӣ ва фаромӯшшуда ба ҳисоб меравад.
Ёфтҳои бештар