Дар чанд ҷумла
Рейтерс: Нахуствазири Ироқ аз қатли раҳбари "Давлати исломӣ" хабар дод

Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи 14 март гуфт, раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” кушта шуд. Судонӣ гуфт, ӯ “яке аз хатарноктарин террористон дар Ироқ ва ҷаҳон дониста мешуд”. Дар ин бора хабаргузории Рейтерс иттило додааст.
Судонӣ афзуд, ки дар амалиёти муштараки нирӯҳои амниятии Ироқ ва сарбозони эътилофии муборизи зидди гурӯҳи ҷангӣ Абдулло Мокӣ Муслиҳ ар-Рифоӣ, маъруф бо лақаби Абу Хадичаро куштанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Истиқболи Департаменти давлатии ИМА аз созиши Тоҷикистон ва Қирғизистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои "санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ" табрик кардааст. Тэмми Брюс, сухангӯи Департаменти Давлатии ИМА бо нашри изҳороте рӯзи 14 март гуфт, "Ин дастовард нишондиҳандаи тааҳҳуди ду давлат барои дипломатия ва суботи минтақавӣ мебошад".
Аз ин пеш имзои созишномаи байни ду кишвари ҳамсояро мақомоти СММ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Чину Русия ва дигар ҷонибҳо ҳам истиқбол карданд.
Брюс навиштааст, ҳалли масоили марзӣ "яке аз душвортарин вазифаҳои дипломатӣ аст, ки як ҳукумат метавонад анҷом диҳад". Иёлоти Муттаҳида изҳори умедворӣ кардааст, ки ин тавофуқи муҳими таърихӣ роҳро барои рушди равобити тиҷоратӣ ва иртибототи миёни сокинони наздимарзӣ боз ва барои пойдории сулҳ дар минтақа мусоидат мекунад.
Созишномаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13 март дар маросиме дар шаҳри Бишкек миёни президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов имзо шуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад

Рӯзи 15 март қарор аст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Русия парвоз кунад. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки сафари президент рӯзҳои 15-17 март сурат мегирад.
Дар хабар омадааст, ки дар Маскав президенти Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба "дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амниятӣ, инчунин мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ" дар назар аст.
Инчунин имзои як қатор санадҳо ҳам пешбинӣ шудааст.
Бори охир ду раҳбар декабри соли 2024 дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар вилояти Ленинград мулоқот карда буданд.
Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад.
Мулоқоти Раҳмон ва Путин дар шароите барпо мешавад, ки баъди ҳамлаи террористӣ ба толори "Крокус сити ҳол" дар вилояти Маскав 22 марти соли 2024, фишор болои муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия фавқулодда зиёд шуд. Ҳарчанд мақомоти ду кишвар аз хуб будани робитаҳо мегӯянд, муносибат ба шаҳрвандони Тоҷикистон баъди он ҳамла ба самти манфӣ дигар шуд.
Сафари Раҳмон ба Маскав ду рӯз баъди имзои созишномаи деринтизори марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистн сурат мегирад, ки аз ҷумла, мавриди истиқболи Русия ҳам қарор гирифтааст. Душанбе ва Бишкек аз шарикони Маскав дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Истиқболи раҳбарони СММ, Чину Русия, Иттиҳоди Аврупо аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори хушнудӣ ва аз он истиқбол кардааст. Стефан Дуярич, сухангӯи Антонио Гутерриш, рӯзи 13-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт:
“Ӯ ҳарду кишварро барои ин дастоварди таърихӣ табрик мегӯяд ва раҳбаронро барои азму иродаи сиёсиашон дар поён додан ба раванди музокироте, ки даҳсолаҳо идома кард, ситоиш мекунад.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интизор дорад, ки Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳамкориҳои созанда, тақвияти боварӣ ба ҳамдигар ва ояндаи амн барои мардумони худ ва минтақа саъй хоҳанд кард.
Чанде аз кишварҳои дигари ҷаҳон аз ҷумла, Чину Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Кувайт ҳам бо нашри баёнияҳои расмӣ аз имзои созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар истиқбол кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки “имзои созишнома ба тақвияти амнияту субот дар тамоми Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.”
Ҳукумати Чин Тоҷикистону Қирғизистонро барои имзои созишнома табрик гуфта, афзудааст, ки аҳди ду тараф ба тақвияти амният, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа кӯмак мекунад. Дар баёниҳои расмии вазоратҳои хориҷии Туркия, Арабистони Саудӣ ва Кувайт ҳам айни гуфтаҳо ҳаст.
Муовини раиси Комиссиюни Аврупо Кайя Каллас ҳам рӯзи 14 март имзои созишномаи байни ду кишвари ҳамсояро истиқбол намуд. Бо нашри изҳороте ӯ ин санадро "қадами бузург ба пеш" номид, ки ба гуфтааш, "устуворӣ ва суботи Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод".
Созишномае, ки онро бархе муомилаи таърихӣ ҳам номиданд, 13 март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизи ӯ дар паи музокираҳои муттасили солҳои охир рӯзи панҷшанбе дар зери созишнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади ду кишвар имзои худро гузоштанд.
Муҳокимаҳои атрофи таъину аломатгузории сарҳади давлатии тақрибан 1000-километрӣ даҳсолаҳо идома дошт ва дар ин муддат сокинони деҳоти марзии ду тараф ва марзбонон борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша ва хунрезӣ кардаанд.
Танҳо дар солҳои 2021 ва 2022 дар ҷангу муноқишаҳо аз байни ду тараф даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд ва аз тирамоҳи соли 2021 ба ин тараф сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба рӯи сокинони ҳамдигар баста буд.
Иттиҳоми нави зидди Усмон Баротов дар зиндон

Дар як зиндони Русия нисбати раҳбари ҷамъияти узбекҳои “Ватандош” Усмон Баротов парвандаи нави ҷиноятӣ боз карданд. Нашрияи Sota.Vision гуфт, Баротовро ин навбат дар баҳам задани кори муассисаи ислоҳӣ гунаҳгор мекунанд.
Худи Баротов аз дохили зиндон навиштааст, ки ҳодиса як тӯҳмати навбатӣ аст. Ба нақли ӯ, дар аризаи шикоятии раҳбари гурӯҳи зиндон дар шаҳри Валдай, ки Баротов он ҷо нигаҳдорӣ мешавад, навиштааст, ки гӯё ӯ ба сӯи корманди зиндон дастгоҳи видеорегистраторро ҳаво додааст. Худи ӯ ин иттиҳомро беасос номидааст.
“Ман умед доштам, ки ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон афв шуда ба озодӣ мебароям, вале муфаттиши парвандаҳои махсусан вазнин умедҳои маро барбод дод ва қарори боз шудани парвандаи нав алайҳи маро ба дастам супурд”, навишт аз зиндон Баротов рӯзи 11 март.
Баротов августи порсол барои нашри як расми мурғҳо ва навиштаҷоти “Тухм намедиҳем! Хурӯсҳоро аз ҷанг баргардонед!” ба чор соли ҳабс маҳкум шуд.
Ҳарду бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Қатар мусовӣ шуд

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми санҷиширо бо тими наврасони Қатар, ки 13-уми март дар шаҳри Давҳа доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дуюми санҷишии футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қатар дар Давҳа рӯзи панҷшанбеи 13-уми март дар варзишгоҳи Абдулло Бин Халифа доир гардид. Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев ва Назрулло Ашурализода ба самар расонданд.
Қаблан бозии аввали санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Қатару Тоҷикистон дар Давҳа бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфта буд. Ду голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев ва як голи дигарро Назрулло Ашурализода ба дарвозаи мизбонон заданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар ҳамин ҳол дар шаҳри Давҳа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 омодагӣ мебинад. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 24 бозигар даъват шудааст.
Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели имсол дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5-уми апрел), Кореяи Шимолӣ (8-уми апрел) ва Эрон (11-уми апрел) рақобат мекунад.
Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чаҳорякниҳоӣ ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар барпо мегардад, мушарраф мешаванд.
123 млрд рубл фоидаи Русия аз муҳоҷирон дар як сол

Маблағи пардохтҳои андоз аз даромади муҳоҷирон, ки бо патент дар Русия кор мекунанд, беш аз 16 дарсад афзудааст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram хабар додааст.
Ба навиштаи ӯ, соли 2024 муҳоҷирон ба буҷаи ин кишвар зиёда аз 123 миллирд рубл ворид кардаанд.
Ин мақомдори рус ҳамчунин хабар додааст, ки соли гузашта шумори санадҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ оид ба дарёфти ҳуқуқи фаъолияти кории расмӣ дар Русия ба зиёда аз 2 млн адад расидааст.
Дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳармоҳаи он пардохт карда шавад, вагарна, шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳад.
Аксарияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва садҳо муҳоҷирро бо ҳамин далел ихроҷ кардаанд.
Ёвари Путин гуфт, Маскав хостори сулҳи муваққатӣ бо Украина нест

Ёвари президенти Русия гуфт, Маскав хостори оташбаси муваққатӣ не, балки манфиатдори ҳалли дароздмуддати низоъ аст.
Юрий Ушаков рӯзи 13-уми март дар телевизиони давлатии “Россия-1” гуфт: “Ҳадафи мо сулҳи дарозмуддат аст, ки манфиатҳои қонунии кишварҳои моро ба инобат бигирад.”
Ӯ дертар ба хабарнигорон гуфт, пешниҳоди оташбаси якмоҳа бо Украина ба Русия чизе намедиҳад. Ин замонест, ки ба бовари Ушаков, ба Украина фурсат медиҳад, то мавқеи воҳидҳояшро тағйир диҳад.
Президенти Амрико рӯзи 12-уми март аз Русия тақозо кард, ки ба оташбаси 30-рӯза розӣ шавад.
Доналд Трамп таҳдид намуд, ки дар сурати рад шудани ин пешниҳод Маскав бо таҳримҳои изофӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки Русия дар ҷабҳаи ҷанг ба пешрафте даст меёбад.
Трамп дар баробари хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт: “Русия роҳи дигаре ба ҷуз оташбас надорад. Агар зарур шуд, таҳримаш мекунем, вале бовар дорам, ки кор ба он ҷо намерасад."
Украина рӯзи 11-уми март дар поёни гуфтушунид бо намояндагони Амрико дар Арабистони Саудӣ пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи оташбаси 30-рӯза пазируфт.
Ятимов дар бораи созиши марзӣ: "Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд"

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳам шахсоне ҳастанд, ки аз имзои созиши марзӣ бо Қирғизистон розӣ нестанд.
Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 13-уми март дар Бишкек ва дар посух ба суоли АКИpress баён доштааст.
Ба навиштаи расона, Ятимов созиши марзиро бо Қирғизистон “ба манфиати ҳарду мардум” ва танқиди ин қарорро “як ҳолати одӣ” донист.
Ӯ гуфтааст: “Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд, вале ин муҳим нест. Муҳим ин ки манфиатҳои ҳарду давлат ҳал шуд. Ҳоло муносибатҳо бародарона, таърихӣ, мисли бародарони хунӣ хоҳанд шуд. Масъалаи бозкушоии ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ усулан ҳал шудааст.”
Маълум нест манзури Ятимов аз норозӣ будани бархе аз созиши марзӣ чист. То ҳол ҳеч кас, аз ҷумла сокинон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба таври ошкор мавқеи худро дар бораи шеваи марзнигорӣ марз баён накардаанд.
Дар Қирғизистон ҳадди ақал як вакили порлумон, ки ба дурустии созиш шубҳа кард, мавриди сарзаниши президенти ин кишвар Содир Ҷабборов қарор гирифт.
Саймуъмин Ятимов ҳамроҳи ҳамтояш аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев раҳбарии Кумисюни таъйину аломатгузории марзро бар уҳда доранд.
Созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март аз тарафи президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Бишкек имзо шуд. Дар ҳамин рӯз ду гузаргоҳи марзиро низ ба таври тантанавӣ боз карданд.
Фиристодаи Трамп ба Маскав парвоз кард

Ҳайати ҳукумати Амрико рӯзи 13 март ба Маскав рафт. Ин хабарро ҳарду ҷониб тасдиқ карданд. Як рӯз пеш аз ин дар Кохи Сафед президенти ИМА Доналд Трамп аз Кремлин тақозо кард, ки барои оташбаси 30-рӯза розӣ шавад, вагарна бо таҳримҳои нав рӯбарӯ хоҳад шуд.
Рӯзи панҷшанбе сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Трамп ба Маскав парвоз намуд.
Мавқеи Маскав ба даъвати оташбаси якмоҳаи муваққатӣ маълум нест. Интизор меравад, ки президенти Русия Владимир Путин 13 март баъди музокира бо раҳбари Беларус Александр Лукашенка дар бораи Украина назарашро баён мекунад.
Трамп ба Маскав бо таҳримҳои нав таҳдид кард

Президенти Амрико Доналд Трамп аз Русия тақозо кард, ки ба оташбаси 30-рӯза розӣ шавад ва таҳдид намуд, ки дар сурати рад шудани ин пешниҳод бо таҳримҳои иловагӣ рӯбарӯ мешавад. Ин ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки Маскав дар ҷабҳа ба пешрафте даст меёбад.
Трамп дар баробари хабарнигорон дар Кохи Сафед рӯзи 12-уми март гуфт: "Русия роҳи дигаре ба ҷуз оташбас надорад. Агар зарур шуд, таҳримаш мекунем, вале бовар дорам, ки кор ба он ҷо намерасад".
Ӯ афзуд: "Аз лиҳози молӣ мо қодирем даст ба амали бисёр нороҳаткунандае занем, ки барои Русия харобиовар хоҳад буд, вале ман инро намехоҳам."
Як рӯз пеш аз ин мақомоти Киев баъд аз музокираи нӯҳсоата бо мақомоти Амрико дар Арабистони Саудӣ ба оташбаси муваққатӣ розӣ шуданд.
Баъди ба сари қудрат омаданаш дар моҳи январи имсол, Доналд Трамп дастёбӣ ба сулҳ дар ҷанги Украинаро як ҳадафи муҳими худ номид ва ҳоло бо суръати зуд талош дорад мақомоти Маскаву Киевро сари мизи гуфтушунид нишонад.
Трамп аз нуфузи барҷастаи Вашингтон болои Киев дар масъалаи таъмини ёриҳои ҳарбию иттилоотӣ истифода карда, Украинаро барои қабули пешинҳоди оташбас розӣ кунонид. Дар сурати иҷрои ин тақозо, тахминан 20 дарсади қаламрави Украина ҳадди ақал барои як муддати муваққат дар ихтиёри Русия мемонад.
Вале Трамп нисбат ба Русия аз чунин шеваи муомила кор бурда наметавонад ва бо вуҷуди пешбиниҳои бисёр коршиносон, Русия дар шароити таҳримҳои афзуни Амрикову Иттиҳоди Аврупо ҳам тавонист ба сар барад.
Путин метавонад аз музокираҳо бо Амрико берун шавад, чун вазъаш дар майдони муҳориба беҳбуд меёбад ва дар сурати шурӯи музокираҳо бо Киев ҳам фишанги фишораш дар муқобили Украина бештар аст.
Замоне, ки Трамп сӯҳбат мекард, президенти Русия Владимир Путин бори аввал баъди ишғоли он аз ҷониби Украина аз вилояти Курск дидан кард. Раҳбари Кремлин аз артиш талаб кард, ки ҳарчи зудтар назорати пурраро бар Курск барқарор кунанд.
Фармондеҳи аршади украинӣ генерал Олександр Сирский гуфт, ки муҳорибаҳо дар дохил ва атрофи шаҳри Суджа идома доранд. Ин шаҳри калонтарин дар минтақаи аз ҷониби украиниҳо ишғолшуда мебошад. Вале гузоришиҳои тасдиқношуда рӯзи 12-уми март ба он ишора мекунанд, ки Украина воҳидҳои низомиашро қафо мекашад ва мақомоти рус иддао карданд, ки қаламравҳои бештар, аз ҷумла Суджаро зери назорати худ дароварданд.
Сирский дар саҳифааш дар Телеграм навишт: "Бо вуҷуди фишори афзоянда аз ҷониби нерӯҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ, мо ҳимояти Курскро ҳар қадар зарур бошад, идома медиҳем."
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба минтақаҳое дар Русия ва Украина

Ҳавопаймоҳои бесарнишин шаби 13-уми март чанд корхонаи саноатиро дар вилоятҳои Саратов, Тамбов, Калуга, Ростов ва Воронежи Русия ҳадаф қарор доданд.
Дар вилояти Калуга баъд аз афтодани бесарнишине як корхонаи саноатии воқеъ дар ноҳияи Дзержинск оташ гирифт. "Як нафар ҷароҳат бардошт," -- навишт раиси вилоят Владислав Шапша.
Дар ноҳияи Хвастовичкий дар ҷойи суқути паҳпод хати барқ аз кор монд. Дар вилояти Ростов дар пайи афтодани паҳпод дар кадом як корхонаи саноатии воқеъ дар ноҳияи Шолохов оташ сар зад, вале мақомот таъкид мекунанд, ки касе осеб надид.
Вазорати дифои Русия гуфт, дар давоми шаби чоршанбе ба панҷшанбе низомҳои дифои ҳавоии онҳо 77 бесарнишини украиниро безарар гардониданд. Фурудгоҳҳои Калуга, Волгоград, Саратов ва Пенза дар парвози ҳавопаймоҳо маҳдудият ҷорӣ кардаанд.
Дар айни замон, дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳо ба вилояти Днепропетровски Украина чанд нафар маҷрӯҳ шуда, биноҳо осеб дидаанд. Сергей Лисак, раиси маъмурияти низомии вилоят, гуфт, ки дар пайи зарбаҳо болои Днепр се зан захмӣ шуда, ба як корхонаи саноатӣ ва чанд бинои истиқоматӣ зарар расид.
Матбуоти украинӣ хабар дод, ки яке аз ҳадафҳои ҳамлаҳои артиши Русия роҳи оҳан ҳам буд. Дар вилояти Запорожйеи Украина дар пайи ҳамла як сокини ноҳияи Василйевский маҷрӯҳ шудааст. Ин ҷо низ чанд муассисаи маъмурӣ ва биноҳои истиқоматӣ осеб дидаанд.
Истиқболи СПАД аз имзои созишномаи марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) имзои созишномаи марзиро миёни Душанбе ва Бишкек чун баёни “иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар” истиқбол кардааст.
Созишномаи таъйини сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март аз тарафи президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар шаҳри Бишкек ба имзо расид.
Созише, ки баъди ду моҷарои пурқурбонӣ дар марз (2021 ва 2022) ҳосил шуд, дар пайи музокираҳои тӯлонӣ ба даст додааст.
СПАД, як созмони низомии минтақаист, ки ба он дар баробари Тоҷикистону Қирғизистон инчунин Қазоқистон, Русия, Беларус, Арманистон ва Узбекистон дохил мешаванд ва ҳадафаш ёрии ҳарбӣ ба кишварҳои узв мебошад.
Раҳбарияти ин созмон изҳори умед кардааст, ки ҳалли масоили сарҳадӣ барои рушди ботадриҷи ҳамкориҳои минтақаӣ мусоидат мекунад.
Ду гузаргоҳро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз карданд

Ду гузаргоҳро дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон боз карданд. "Гулистон" (Қизилбел) ва "Маданият" (Қайрағоч) аз соли 2021, пас аз задухӯрди мусаллаҳона байни ду кишвар, баста буд.
Ифтитоҳи гузаргоҳҳо рӯзи 13-уми март баргузор шуд. Ҷараёни онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба таври маҷозӣ ё онлайн мушоҳида карданд.
Дар умум дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон панҷ гузаргоҳ воқеъ аст. "Овчӣ-Қалъача" (Кулунду), "Қарамиқ" ва "Бор-Добо" ("Қизил-Арт") феълан баста ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон хабар дод, ки аз 14-уми март парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аз сар гирифта мешавад.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ширкати “Сомон Эйр” нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе рӯзи ҷумъа анҷом медиҳад.
Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан чор сол боз баста буд.
Боздошти як мансабдор дар Ёвон ба гумони заминфурӯшӣ

Як мансабдор дар ноҳияи Ёвон ба гумони заминфурӯшӣ боздошт шудааст.
Оҷонси мубориза бо фасод аз ин мансабдор Холов, А ном бурд, ки дар корхонаи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ин ноҳия ба ҳайси мутахассис кор мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ба яке аз сокинон 15 сотих заминро бар ивази 166 ҳазор сомонӣ фурӯхта, ваъда додааст, ки заминро ба номи хешовандони ӯ ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, вале баъди пурра гирифтани пул, дигар кореро анҷом надодааст.
Назари худи Холов.А ба ин иттиҳом маълум нест
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба ин мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола чандин мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯши ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.
Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар Тоҷикистон як “дарди бедаво” меноманд.
Артиши Покистон мегӯяд, ҳама гаравгонҳо раҳо шуданд

Мақомҳои интизомии Покистон мегӯянд, ки сарбозон ва ғайринизомиёнро аз чанги афроди мусаллаҳ, ки як қатори (поезд) мусофирбарро дар Балучистон гаравгон гирифта буданд, озод кардаанд ва ҳамаи 33 ҳамлавар, ки дар ин руйдод даст доштанд, кушта шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерз" шаби гузашта ин хабарро ба нақл аз Аҳмад Шариф Чударӣ, сухангӯи артиши Покистон нашр кард ва навишт, ки амалиёти наҷоти гаравгонҳо бо эҳтиёти зиёд анҷом шуд.
Сухангӯи артиши Покистон гуфтааст, ки дар ҷараёни ин амалиёт 21 гаравгон ва 4 тан аз нерӯҳои интизомии он кишвар кушта шудаанд.
Аммо гурӯҳи ҷудоиталаби "Артиши озодибахши Балучистон" иддао кардааст, ки даргирӣ бо низомиёни Покистон идома дорад ва гаравгонҳо, ҳанӯз озод нашудаанд.
Ин гурӯҳ, ки аз сӯи Амрико ва СММ як созмони террористӣ хонда мешавад, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст. Онҳо дар ивази раҳоии гаравгонҳо, хостори озодии бархе аз аъзои ин гурӯҳ аз зиндонҳои Покистон шуданд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми март иттифоқ уфтод. "Артиши озодибахши Балучистон" дар ин руз дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистони Покистон, ба ин қатор ҳамла карда, зиёда аз 450 мусофирро гаравгон гирифт. Қатор аз шаҳри Кветта ба Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ мерафт.
Идомаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ва Украина ба якдигар

Чанд соат баъд аз ризоияти Украина ба созиши оташбаси якмоҳа бо Русия, ду тараф ҳамчунон ҳамлаҳои ҳавоиро ба якдигар идома доданд.
Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия ба шаҳри Кривой Рог ва Одесса дар Украина дар рӯзи 12-уми март камаш 5 нафар кушта шуд. Як кас дар Кривой Рог ва чаҳор узви як киштии борбар дар наздикии шаҳри бандарии Одесса.
Пеш аз ин Русия ба шаҳри Киев низ ҳамлаи васеъ анҷом дод. Дар бораи зарбаҳои ҳавоӣ ба Харков низ гузориш расид.
Ҳамлаҳо чанд соат баъд аз он сурат гирифтанд, ки мақомоти Украина ва Амрико рӯзи 11-уми март ба мулоқоти муҳиме дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ поён доданд.
Вазорати дифои Русия рӯзи 12-уми март гуфт, шаби гузашта шаш ҳавопаймои бесарнишинро маҳв кард. Якеро дар Қрими ишғолшуда ва панҷ паҳподи дигарро бар фарози баҳри Сиёҳ.
Дар ҳамин ҳол, Русия иддао кард, ки дар минтақаи ғарбии Курск пирӯзиҳои бештар ба даст овардааст. Маскав мехоҳад нерӯҳои Украинаро, ки аз моҳи августи соли гузашта бахше аз қаламрави Русияро ишғол кардаанд, берун кунад.
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми март бо гурӯҳе аз вазирону раҳбарони идораҳо вориди Қирғизистон шуд.
Ин сафари нахустини давлатии ӯ ба Бишкек пас аз задухӯрдҳои хунини марзӣ (2021 ва 2022) ва бад шудани муносибатҳои ду кишвар аст.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, созишномаро дар бораи сарҳади ду кишвар имзо кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми март танҳо дар бораи имзои чанд санад хабар дода, ҷузъиётро ошкор накард.
Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 21-уми феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии таъйини марзи ду кишварро имзо карданд.
Порлумони Қирғизистон 27-уми феврал ин созишномаро баррасӣ карду пазируфт. Дар мавриди баррасӣ шудани созишнома дар порлумони Тоҷикистон маълумоте дар даст нест.
Мақомоти Тоҷикистон бархилофи мансабдорони Қирғизистон ҷузъиёти созишномаро эълон накарданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. Аз он вақт то кунун марзи ду кишвар баста аст.
Саакашвилиро дар Гурҷистон ба 9 сол зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи Гурҷистон раисҷумҳури собиқи ин кишвар Михаил Саакашвилиро ба 9 сол зиндон маҳкум кард.
Бахши гурҷии Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми март навишт, ки мақомоти Гурҷистон ӯро ба тасаррауфи 9 миллион лари ё беш аз се миллион доллари буҷа гунаҳкор донистаанд.
Қаблан Саакашвили бо гуноҳи суистифода аз мансаб ба шаш сол ҳабс маҳкум шуда буд.
Михаил Саакашвили аз моҳи октябри соли 2021 дар маҳбас аст. Ӯро ҳангоми бозгашт аз хориҷа ба Гурҷистон дастгир карданд.
Эълони ҳукми нав дар толори додгоҳ эътирозҳоро ба бор овард. Бархе ширкатдорон додрасро "ғуломи Бидзина" номиданд. Ишораи онҳо ба сарватманд ва бунёдгузори ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" Бидзина Иванишвили аст. Баъди ин, чанд касро аз толори додгоҳ ронданд.
Вакили мудофеи Саакашвили ва гурӯҳҳои мухолифин парванда ва ҳукми ӯро дорои ангезаи сиёсӣ донистанд.
Михаил Саакашвили аз соли 2004 то 2012 раисҷумҳури Гурҷистон буд.
Беш аз $5000. Аз зоирон хостанд, пули ҳаҷро ба воситаи "Ориёнбонк" пардозанд

56 ҳазору 800 сомонӣ ё зиёда аз панҷ ҳазор доллар. Кумитаи дин дар Тоҷикистон харҷи имсолаи сокинонро барои адои ҳаҷи фарзӣ эълон кард.
Мақомот рӯзи 12-уми март гуфтанд, ки нарх бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.
Ин пул, ба гуфтаи онҳо, ба харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф мешавад.
Аз зоирон хоста шудааст, ки пулро “ба таври ғайринақдӣ” ба воситаи “Ориёнбонк” бипардозанд. Раёсати “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон, бар уҳда дорад ва муовини аввали ӯ Зарина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст.
Гусели зоирони тоҷик барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ дар нимаи моҳи май оғоз мешавад. Масъулони Кумитаи дин аз мардум хостаанд, танҳо бо роҳи қонунӣ ба онҷо раванд, вагарна "ҳудуди 13300 доллари амрикоӣ ҷарима ё шаш моҳ ҳабс" хоҳанд шуд.
Ҳар сол зиёда аз шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои адои ҳаҷи фарзӣ мераванд.
Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла раисҷумҳур борҳо аз сокинон даъват кардаанд, ки пули ҳаҷ, бавижа ҳаҷи такрориро “ба корҳои хайр” ба мисли бунёди пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.
Ҳушдор ба муҳоҷирон: Бори шахсони ношиносро набаред

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз интиқоли бори шахсони ношинос ҳангоми сафар ба Русия ё бозгашт ба ватан, худдорӣ кунанд.
Дафтари матбуоти Намояндагӣ бо нашри огоҳӣ дар сомонааш, аз ҷумла, аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб кардааст, ки аз дасти шахсони ношинос бағоҷу ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳоро, ки таркибашон муайян нест, барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунанд.
Дар ин огоҳӣ ҳамчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор дода шудааст, ки ҳангоми сафар дар дохили Русия - аз як вилоят ба вилояти дигар, аз интиқоли бағоҷҳои шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
Намояндагӣ айни замон аз муҳоҷирони меҳнатие, ки ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиш ё боррасонӣ машғуланд, хостааст, вақти қабули фармоиш, ҳатман ашё ё таркиби баҷоғи интиқолшавандаро пурсанд, то дар бораи бори мебурдаашон маълумот дошта бошанд.
Сабаб ва ангезаҳои ин ҳушдори Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ маълум нест.
Аммо солҳои ахир манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон, бавижа тоҷикон, дар Русия бештар мешавад.
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ба ҳимоят аз Украина идома хоҳад дод

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки ба ҳимоят аз Украина дар баробари ҳамлаи бедалели Русия идома хоҳад дод.
Каҷа Каллас, намояндаи олии умури хориҷӣ ва сиёсати амниятии Иттиҳоди Аврупо 11 март дар суханронии худ дар СММ, дар дифоъ аз ӯҳдадориҳои ин созмон ба эҳтироми тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо шарики қобили боварии Созмони Милали Муттаҳид боқӣ хоҳад монд.
Бар гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", дар ҳоле, ки ҳукумати Доналд Трамп, президенти Амрико, 83 дарсади барномаи кӯмакҳои идораи қаблии ИМА-ро аз байн мебарад, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ин ниҳод дар соли ҷорӣ бо ҷудо кардани миллиардҳо доллар, ба кӯмакҳои башардӯстона ба Украина идома хоҳад дод.
Афроди мусаллаҳ дар Покистон беш аз 450 касро гаравгон гирифтаанд

Шахсони мусаллаҳ дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистони Покистон, ба як қатор (поезд) ҳамла карда, зиёда аз 450 мусофирро гаравгон гирифтаанд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми март иттифоқ уфтод.
Қатор (поезд) аз шаҳри Кветта ба Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ мерафт.
Муҳаммад Кошиф, мақомдори Идораи роҳи оҳан дар Кветта, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, дар миёни мусофирон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҷудоихоҳи "Артиши озодибахши Балуҷистон" ба уҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ дар баёнияе иддао кард, ки бо ин кораш монеи ҳамлаи заминии артиши Покистон шуд, вале зарбаҳои ҳавоӣ идома дорад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи "Артиши озодибахши Балуҷистон"-ро дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ҷой додааст.
Як мансабдори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон меояд

Як мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон меояд.
Йозеф Сикела, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури ҳамкориҳои байнулмилалӣ, рӯзҳои 14 ва 15-уми март дар Душанбе хоҳад шуд.
Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, имзои чанд созишнома дар назар аст. Ҳимоят аз Тоҷикистон барои гузаштан ба энергияи сабз яке аз онҳост.
Пули умумии созишномаҳо тақрибан 40 миллион евро грантро ташкил медиҳад.
Маълум нест, ки дар ҷараёни сафари Ойзеф Сикела ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон низ ишорае хоҳад шуд ё не. Ҳамон тавр ки баъзе аз намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар пайваста аз масъулони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари демократӣ талаб мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.
Раисҷумҳури пешини Филиппинро дастгир кардаанд

Родриго Дутерте, раисҷумҳури пешини Филиппин, бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият дастгир шудааст.
Дар ин бора "Manila Bulletin" бо такя ба ҳуҷҷатҳои расмӣ хабар дод. Би-би-сӣ ва расонаҳои дигари байнулмилалӣ низ боздошти сиёсатмадорро тасдиқ карданд.
Бино ба гузоришҳо, Дутерте рӯзи 11-уми март баробари расидан аз Ҳонгконг ба Филиппин бо дастури Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дастгир шудааст.
Додгоҳи байнулмилалӣ парвандаи Родриго Дутертеи 79-сола ва дигаронро бо иттиҳоми куштор ва нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир дар Филиппин таҳқиқ мекунад.
Дутерте дар рӯзи нахустини президентияш аз сокинони Филиппин хоста буд, ки гирифторон ва тоҷирони маводи мухаддирро ба қатл расонанд. Дар натиҷа, ба навиштаи The Independent, беш аз 6 ҳазор нафар кушта шуданд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар теъдоди қурбониёни “ҷанги зидди маводи мухаддир”-ро бисёр зиёд дониста, мегӯянд, дар ин амалиёт мардуми бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон низ ба қатл расиданд.
Родриго Дутерте дар замони пандемияи коронавирус гуфта буд, ба пулис ва артиш дастур додааст, ки дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот гирифторони вирус "кушта шаванд".
Эътилофи байнулмилалии ҳуқуқи башар дар Филиппин боздошти Дутертеро “лаҳзаи таърихӣ” номид.