Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба воситаи ширкатҳои Узбекистон ба ҳаҷи умра рафтаанд, мегӯянд, ки фиреб хӯрданд. Ба гуфтаи зоирон, ширкат барои 14 рӯз онҳоро ба Арабистони Саудӣ бурд, вале 20 рӯз гузашту билети бозгаштро намегирад. Шикояти ба ин монанд аз шаҳрвандони Узбекистон ҳам мерасад.