Ду тан аз маҳбусони кушташуда дар ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор мешуданд, дар зодгоҳашон бе ширкати наздикон ба хок супурда шудаанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон рӯзи 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.
Дар Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оқохони чорумро бештар бо корҳое ёд карданд, ки давоми беш аз сӣ сол созмони зери назари ӯ дар ин кишвар анҷом дода буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал як қатор чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва як бонуи рӯзноманигорро ба “қасди табаддулоти давлатӣ” айбдор донист ва аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Ин дар ҳолест, ки онҳо худро бегуноҳ медонанд ва хостори озодӣ шудаанд.
Камбуди маълумоти дақиқ сабаби шубҳаву гумонҳо шудааст ва онҳо яке пайи дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд. Аз "ташкилӣ" будани ин ҳодиса то тахминҳое, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар бораи ба 8 сол зиндон маҳкум шуданаш, боздошт шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард.
Шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Бо гузашти як рӯз аз вуқӯи нооромӣ дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки дар пайи он шуморе аз зиндониҳо куштаву нигаҳбонон захмӣ гаштаанд, мақомот ба ғайр аз як хабари кӯтоҳ иттилои дигаре намедиҳанд.
Як узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудааст.
Дар ҳодисае дар зиндони рақами 3/2 дар шаҳри Ваҳдат (наздикии Душанбе), ки мақомот онро "ҳуҷуми ҳалокатбор" номиданд, ба иттилои расмӣ, се маҳбус кушта ва се муҳофиз захмӣ шудаанд.
Ёфтҳои бештар