Дар садамаи мудҳише дар деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб ҳафт нафар ба ҳалокат расида чор нафар маҷруҳ шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар Душанбе рӯзи 2 июл Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Покистон ба имзо расид.
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Дар ин сафараш ӯ инчунин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ”-ро ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
Дар паи тӯфонҳои шадиде, ки шоми 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия рух дод, се нафар, аз ҷумла як марди тоҷик ҷон доданд.
Рӯзи 3 июл додгоҳи ноҳияи Шербинскии шаҳри Маскав дар робита бо боздошти Алишери Исматзода, муррабии риштаи гӯштии озод ва як зодаи Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Ҳоло ӯ дар боздошти пешакӣ аст.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши журналистони соҳа доир гардид.
Дабири кулли СММ изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ниҳоят баҳсҳои мавҷудаи марзии миёни ду кишварро аз роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл мекунанд.
Панҷ сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки рӯзи 19-уми июн аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаанд, дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ будаанд. Дар ин бора мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба наздикони боздоштшудаҳо хабар додаанд.
Сарфи назар аз баҳсҳо ва нигарониҳои мардум, ду иловаи ҷанҷолиро дар бораи “либоси бегона” ва “идгардак” ба қонуни танзим дар Тоҷикистон ворид карданд.
Бисёре аз занон дар деҳаи Сомғор, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, барои кори саҳро ва кашондани об дигар аз хару ароба истифода намекунанд. Онҳо ба "мотороллер" рӯй овардаанд. Сечархаи сохти Чин, ки газу сӯзишворӣ наметалабад.
Дар Тоҷикистон озмуни нави сартосарие бо номи “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷараён дорад. Он моҳи майи имсол оғоз ёфтааст. Асарҳо зиёда аз сад номгӯянд.
Ёфтҳои бештар