Хадамоти алоқаи Тоҷикистон арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи нархи гарону сифати бади интернет дар кишварро ғайривоқеӣ хонд.
Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб зидди фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ, капитан Ҳисайн Дониев барои марги сарбоз Ҳакимҷон Самадови 19-сола парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Тоҷикистон тасмим дорад тавлиди барқ аз офтобро бештар кунад, вале огоҳони умур бар инанд, ки дар шароите, ки нархи панелҳои офтобӣ гарону аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чунин кор ба осонӣ даст нахоҳад дод.
Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дасти кам 7 нафар кушта шудаанд.
Мақомоти шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон ба бозсозии пуле дар минтақаи сарҳадӣ бо Қирғизистон оғоз кардаанд. Пул дар натиҷаи омадани сел аз ҷониби Қирғизистон тахриб шуда, равуои сокинони ҷамоати Воруху деҳаи Хоҷаи Аълоро мушкил кардааст.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Дилшод Назаров барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ба шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса расид, дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад.
Додситонии Кӯлоб эълон кард, ки муҳокимаи нӯҳ муттаҳам ба пайравӣ дар ДОИШ ва тарконидани мошини раиси дафтари ҳизби ҳокими Тоҷикистон ба зудӣ ба поён мерасад.
35 дақиқа, шумори андаки вакилон, интихобот бе номзади алтернативӣ. Шитобкорӣ дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва интихоби раиси он, ки рӯзи 23 июл дар Душанбе баргузор шуд.
Маъмурони милиса дар Душанбе писари яке аз вазирони собиқи ҳукумат ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дигарбора барои қонуншиканӣ дастгир кардаанд.
Салимҷон Иномзода, сардабири боздоштшудаи саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» дар Фейсбук поёни ҳафтаи гузашта аз як боздоштгоҳи ВКД-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ба боздоштгоҳи "Тоштурма"-и воқеъ дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд интиқол дода шудааст.
Баҳси он ки “либоси ба фарҳанги тоҷикон бегона” кадом аст ва либоси миллии мардҳои тоҷик чист аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба нишасти хабарии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ роҳ ёфт. Аммо ба он посухи мушаххас дода нашуд.
Ширкатҳои чинӣ аз сарватҳои бузурги маъдании Тоҷикистон истифода мекунанд ва тоҷиконро ба хашм меоваранд, зеро онҳо муҳити зистро дар ин раванд олуда мекунанд, вале то ҳол аз ҳукумат имтиёз мегиранд, мегӯяд як пажӯҳиши Радиои Озодӣ.
Ёфтҳои бештар