Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили акнун собиқи порлумон бо гумони омодагӣ ба зӯран гирифтани ҳукумат боздошт шуд. Гӯё ӯ якҷо бо мухолифони табъидӣ ин сӯиқасдро омода мекард ва аз як давлати хориҷӣ 10 миллион доллар хостааст, то мардумро ба по хезонад.