Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фурӯғи китобҳои пешво". Тоҷикистон вориди озмуни нав мешавад


Дар Тоҷикистон озмуни нави сартосарие бо номи “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷараён дорад. Он моҳи майи имсол оғоз ёфтааст. Асарҳо зиёда аз сад номгӯянд.

Тибқи қонун, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 унвони "Пешвои миллат"-ро дорад, вале созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста ӯро яке аз раҳбарони худкома ва саркӯбгари Осиёи Марказӣ меноманд, ки беш аз сӣ сол боз ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад.

Озмуни “Раҳмонхонӣ”

Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ёрӣ ба ширкаткунандагони озмун нусхаи маҷозии 113 китоби Раҳмонро дар як маҷмуа ҷамъоварӣ кардааст. Кумисюни вижаи баргузории озмун низ дар Китобхонаи миллӣ созмон ёфтааст. Ин ниҳод гуфтааст, ҳадафи озмун “арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор”, омӯзиши “корнамоиҳои наҷиби сарвари давлат” аст, ки гуё Тоҷикистонро “наҷот” додааст ва ҳадафи дигари озмун “пайдо кардани чеҳраҳои нави суханвар дар миёни насли ҷавон” унвон шудааст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Озмуни, ба истилоҳ “Раҳмонхонӣ”, дар моҳи октябр ҷамъбаст шуда, ба се ғолиби он ҷамъан 3800 доллари Амрико ҷоиза тақдим мешавад.

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз донишҷӯ то устодони донишгоҳҳо тасдиқ карданд, ки дар ҳоли омодагӣ ба озмун ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон ба ҳамаи мактабу донишгоҳҳо дастур додааст, ки хонандаву донишҷӯёнро барои ширкат дар ин озмун омода кунанд.

Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз сӣ сол дар Тоҷикистон ҳукумат мекунад, ба мавзуъҳои гуногуне, аз таърихи бостонии тоҷикон гирифта, то одоби оиладорӣ, забоншиносӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ бахшида шудаанд. Бо имзои ӯ зери унвони “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” 21 номгӯй китоб чоп шудааст, ки ҳар кадом аз 200 то 400 саҳифа доранд.

Як масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки зикри номашро зарур надонист, рӯзи 25-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 113 номгӯй китоби Раҳмон бо дархости хонандагону донишҷӯён, ки орзуи ширкат дар озмунро доранд, дар як махзан ҷамъоварӣ шуданд. Онҳо бояд муҳтаво, соли нашр ва вижагиҳои ҳар китобро донанд ва аз онҳо порчаҳоеро азёд гуфта тавонанд.

Уқда ва ҳисси худхоҳӣ

Мунтақидон шак доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон муаллифи ин китобҳо бошад. Зиёда аз 30 соли раҳбарии ӯ бо ҷангу ошӯб ва шебу фарозҳои зиёд ҳамроҳ буд. Аз сӯйи дигар сабку услуб ва муҳтавои ин 113 асар нишон медиҳанд, ки онҳоро муаллифони гуногун навиштаанд.

Ба камияш ду манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфтанд, ки асарҳои Раҳмонро чанд нафаре аз кормандони аршади Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар навиштаанд. Номи баъзе аз онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Рӯзноманигор ва шоири тоҷик Зафари Сӯфӣ мегӯяд, бовар надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо он ҳама серкорияш дар идораи давлат фурсат ёфта, 113 китоб навишта бошад. Ба ақидаи ӯ, ин корро ашхосе карданд, ки хостанд, ӯро як нобиға нишон диҳанд, вале дар асл сабаби “ба масхара кашида шудани раҳбари давлат гаштанд”. Вай ин озмуни навро идомаи ҳамин раванд донист.

“Озмуну хонондани иҷбории мардум шояд ҳисси қонеъ будан ва нишони зӯрии як худкома бошад. Яъне, ҳисси худхоҳӣ ва уқдаи ҷаноби Раҳмону атрофиёнаш аз ин кор қонеъ шавад, аммо барои мардум ҳеч манфиате надорад,” – гуфт Зафари Сӯфӣ.

Дастгоҳи таблиғоти давлатӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “наҷотдиҳандаи сайёра” меномад ва тавонистааст, бахше аз ҷомеаро бовар диҳад, ки ӯ як сиёсатмадори барҷаста, ғамхори мардум ва ободкунандаи кишвар аст. Афроде, ки дар таблиғи шахси ӯ ангуштнамо мешаванд, ба мансабҳои баланди давлатӣ мерасанд. Ҳамзамон ба танқиди ӯ ё наздиконаш, ки дар идораи давлат нақши дувуму сеюмро мебозанд, роҳ дода намешавад. Танқидҳое, ки шеваи давлатдории имрӯзи Тоҷикистонро зери суол мебаранд, бераҳмона ҷазо дода мешаванд.

Чанде пеш муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар, ки бо мадҳияҳои иғроқомезаш дар ҳаққи президент ном баровардааст, дар нишасти оммавие гуфт, онҳое, ки танқид мекунанд, душмани ин сарзаминанд.

Озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазорату идораҳои Тоҷикистон шеваи роҳандозии чунин маъракаҳоро бо ҷашнвораҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Тараннуми Ватан” ва монанди инҳо тарҷиба кардаанд.

Чанд соли охир китобҳои Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон хонда мешаванд. Тамоми муассисаҳои давлатӣ ҳам вазифадор шудаанд, ки китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро харанд ва дар китобхонаҳо нигаҳ доранд. Ин китобҳо бо теъдоди садҳо ҳазор нусха нашр ва дар муассисаҳои давлатӣ фурухта мешаванд.

Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмони 72-сола 32 сол боз онро раҳбарӣ мекунад, аз қашшоқтарин кишвари Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Чанде пеш дар як радабандии байнулмилал гуфта шуд, ки музди миёна дар Тоҷикистон бо 169 доллар аз Афғонистони толибонӣ (205 доллар) низ поинтар аст.

XS
SM
MD
LG