Рӯзи 3 июл дар Душанбе дар синни 76-солагӣ операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов даргузашт.
Дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти автобусҳо қатъ шудааст. Идораи ба танзим даровардани ҳаракати автобусҳо на дар саҳифаи расмии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва на дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон ин вазъро шарҳ намедиҳанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхторро дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ номид.
Нисфирӯзии чоршанбе, 3-юми июл президенти Тоҷикистон ба шаҳри Остона парвоз кард.
Дар садамаи мудҳише дар деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб ҳафт нафар ба ҳалокат расида чор нафар маҷруҳ шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар Душанбе рӯзи 2 июл Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Покистон ба имзо расид.
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Дар ин сафараш ӯ инчунин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ”-ро ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
Дар паи тӯфонҳои шадиде, ки шоми 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия рух дод, се нафар, аз ҷумла як марди тоҷик ҷон доданд.
Рӯзи 3 июл додгоҳи ноҳияи Шербинскии шаҳри Маскав дар робита бо боздошти Алишери Исматзода, муррабии риштаи гӯштии озод ва як зодаи Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Ҳоло ӯ дар боздошти пешакӣ аст.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши журналистони соҳа доир гардид.
Дабири кулли СММ изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ниҳоят баҳсҳои мавҷудаи марзии миёни ду кишварро аз роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл мекунанд.
Ёфтҳои бештар