“Кохи сафед”, “Тоҷмаҳал”, “Арки Бухоро”. Бинои нави парлумони Тоҷикистонро ба ин кохҳо шабоҳат медиҳанд, ки бо кумаки молии ройгони Чин ва чун ҳадя бунёд шудааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи бунёди як пойгоҳи низомии Чин дар хоки кишварро рад кард ва онро “беасос” номид.
Як сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз зарби тир ҷон бохтааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ ислоҳу тағйироти пешниҳодӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Русияро танқид карданд, ки дар сурати қабул иҷоза медиҳад, муҳоҷирон барои як қонуншикании ночиз аз кишвар ронда шаванд.
Як соҳибкори зодаи Тоҷикистон ва коршарики канадагии ӯ, ки ба расондани молҳои мамнуъи электронӣ ба Русия айбдор мешуданд, бино бар хабарҳо, ин айбномаро эътироф кардаанд. Гумонбари сеюм иттиҳомро қисман бар дӯш гирифтааст.
Баъд аз 25 соли муҳоҷират дар Калинингради Русия Зебонисо Нарзуллоева мехоҳад, барои ҳамеша ба Тоҷикистон баргардад. Зебонисои 53-сола бо ду духтари хурдсолаш дар соли 1999 аз ноҳияи Ёвон барои пайдо кардани кор ба Калининград рафт.
Кароматулло Раҳимзода, мудири пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи парвандаи ҷиноии нисбати худ ва ҳам дар боздошт ба сар бурданашро рад кард.
Бонки Осиёи Рушд гуфтааст, ки Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои бади тағйирёбии иқлим ба 8 милллиард доллар ниёз дорад.
Оҷонсии мубориза бо фасод Кароматулло Раҳимзода, директори собиқи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва падари Ситораи Кароматулло, овозхони шинохтаро боздошт кардааст.
Рӯз то рӯз шумори зодагони Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд, зиёд мешавад.
Наҷотбахшон дар Тоҷикистон ҷони як марди русро наҷот додаанд.
Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон сокинон ҳамвора аз камбуди оби ошомиданӣ шикоят мекунанд. Дар ҷануби Тоҷикистон деҳоте ҳаст, ки солҳо об надоранд.
Ёфтҳои бештар