Дар Кӯлоб як корманди милисаро барои садамаи нақлиётиии маргбор ба ҳабс гирифтаанд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, боздоштшуда, ҳафтаи гузашта маст ронандагӣ карда, сабаби марги ду ҷавон шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин ба шаҳри Қазон рафт, то дар як нишасти байналмилалӣ иштирок кунад. Дар ин шаҳр раҳбарони чанд кишвари азими ҷаҳон аз ҷумла Чинду Ҳинду Бразилия ширкат меварзанд, ки дар сиёсатгузориҳои байналмилалӣ нақши муҳиме доранд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Дар акси ҳол ба гуфтаи мақомот ба феҳрасти онҳое меафтанд, ки бояд аз Русия бечунучарову пурсупос ихроҷ карда шаванд. Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон чанд тавсия додааст.
Баъди ҳамла ба “Крокус” дар Русия саркӯбу шикори муҳоҷирон шиддат гирифтааст. Чанде пеш пулиси Маскав як муҳоҷири тоҷикро барои даромадан ба минтақаи барои хориҷиҳо "мамнуъ" боздошт кард ва қарор аст ӯро аз Русия берун кунанд. Хабарнигори бахши “Мигрант Медиа” бо ин зодаи Тоҷикистон суҳбат кард.
Пулиси Русия дар ду қаҳвахонаи Красноярск ҳудуди 40 муҳоҷирро боздошт кардааст. Ба 18 нафари онҳо хатари ронда шудан аз Русия таҳдид мекунад. Ин шабу рӯз дар аксар гӯшаҳои Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад. Онҳоро дар хобгоҳу ошхона ва маҳалли корашон ҷустуҷӯву тафтиш мекунанд.
Саноат Шукурова, зани нобиноро дар шаҳри Ҳисор баъди 16 сол омӯзгорӣ ба нафақа фиристодаанд. Вай мегӯяд, қатъи назар аз дархостҳои зиёдаш, ӯро бо баҳонаи син аз шуғли дӯстдоштааш маҳрум карданд.
Хабарҳои рӯз
Бо идома ёфтани ҳамлаи Исроил ба Лубнон, Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, чоряк миллион нафар ба Сурия паноҳ бурдаанд. Пешбинӣ мешавад, ки шумораи паноҳҷӯён боз ҳам афзоиш ёбад. Туркия ҳам зоҳиран барои як мавҷи нави муҳоҷират омода мешавад.
"Ба ватани худ баргашта, подабонӣ кунед!" Ин хитобест, ки бисёр вақт миллатгароёни рус ба муҳоҷирон мегӯянд. Ҷӯрабек Амонов, блогер ва ҳомии ҳуқуқ аз Узбекистон, ки чанд ҳафта пеш аз Русия ихроҷ шуд, ҳоло дар Бухоро гӯсфанд мечаронад.
Дар Тоҷикистон зану мард барои пешбурди зиндагии хонавода якҷоя кор мекунанд. Қонунгузорӣ ҳам дар ин робита маҳдудият пешбинӣ накардааст. Вале гоҳе баҳсҳо атрофи кору машаққати занону мардон ва нақши онҳо дар таъмини рӯзгор садо медиҳад. Бори рӯзгор бар дӯши кист -- занон ё мардон?
Бо гузашти зиёда аз даҳ сол аз талошҳо барои сохтани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, нозирон мегӯянд, ин раванд камбудҳои зиёде дорад. Яке аз намунаҳои он, пурра фаъол набудани сомонаҳои расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ аст. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ аз вилояти Суғд
Ёфтҳои бештар