Йорк Шуграф, сафири Олмон дар Душанбе, гуфт, беш аз 30 000 тоҷикистонӣ дар ин кишвари Аврупо кору зиндагӣ доранд, вале омори паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро номбар накард. Хабарнигорони Озодӣ аз ӯ дар бораи ҳамкориҳои Душанбеву Берлин, таъсири ҷанги Русия ва риояи ҳуқуқи инсон низ пурсиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни матбуотро, ки аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Маҷлиси намоядагон таҳия шуда буд, рад кардааст.
Матвиенко аз аҳамияти Тоҷикистон ҳарф мезанаду мақомдорони рус аз боздошту ихроҷи муҳоҷирон
Ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба Лубнон давом доранд. Бомбаборони Бейрут, пойтахти Лубнон ва минтақаҳои дигар дар ин кишвар боиси қатъи аксари парвозҳо шудааст. Хориҷиён ва шаҳрвандони Лубнон роҳҳои фирор аз оташи ҷангро ҷустуҷӯ доранд, ки маълум нест, кай хомуш мешавад.
Хонаводаи Нуровҳо дар шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки духтари ягонаашон – Мижгонаи 27-сола – “дар пайи хунукназарӣ ва иштибоҳи табибон” баъди таваллуд дар бемористон ҷон бохтааст. Пизишкон мегӯянд, зан бемории музмин дошт.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вазорати маориф эълон кард, ки хабари дар мактаб задани як омӯзгорро дар шаҳри Ваҳдат таҳқиқ доранд. Акси омӯзгори ҷавон бо чеҳраи осебдида дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми корбарони зиёдро барангехт. Ҳамкорони мо омӯзгорро пайдо карданд ва моҷароро аз ӯ пурсиданд.
Як ширкати русӣ, ки бунёдгузор ва баҳрагирандаи асосиаш зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аст, баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шудааст.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Баъзе аз пайкарасозон дар Тоҷикистон мегӯянд, касби онҳо, ки замоне бо як орзуву умед интихоб карда буданд, ҳоло аз таваҷҷуҳ дур монда, ба шуғли камдаромаду “мурда” табдил ёфтааст.
Дар Қирғизистон дузанагӣ ё бисёрҳамсарӣ рӯ ба афзоиш дорад. Ҳарчанд бар асоси қонун дар ин кишвар ҳам мисли Тоҷикистон издивоҷи бо ду зан манъ аст ва барои он ҷазо пешбинӣ шудааст.
Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки сатҳи донишандӯзӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст. Дар як гузориш барномаи Рушди Созмони Миллал гуфтааст, ки Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи поин қарор дорад. Баъзе аз сокинон мегӯянд, баръакс талош барои донишомӯзӣ афзоиш ёфтааст.
Ёфтҳои бештар