Баъди ҳамла ба “Крокус” дар Русия саркӯбу шикори муҳоҷирон шиддат гирифтааст. Чанде пеш пулиси Маскав як муҳоҷири тоҷикро барои даромадан ба минтақаи барои хориҷиҳо "мамнуъ" боздошт кард ва қарор аст ӯро аз Русия берун кунанд. Хабарнигори бахши “Мигрант Медиа” бо ин зодаи Тоҷикистон суҳбат кард.
Пулиси Русия дар ду қаҳвахонаи Красноярск ҳудуди 40 муҳоҷирро боздошт кардааст. Ба 18 нафари онҳо хатари ронда шудан аз Русия таҳдид мекунад. Ин шабу рӯз дар аксар гӯшаҳои Русия амалиёти зидди муҳоҷирон идома дорад. Онҳоро дар хобгоҳу ошхона ва маҳалли корашон ҷустуҷӯву тафтиш мекунанд.
Саноат Шукурова, зани нобиноро дар шаҳри Ҳисор баъди 16 сол омӯзгорӣ ба нафақа фиристодаанд. Вай мегӯяд, қатъи назар аз дархостҳои зиёдаш, ӯро бо баҳонаи син аз шуғли дӯстдоштааш маҳрум карданд.
Хабарҳои рӯз
Бо идома ёфтани ҳамлаи Исроил ба Лубнон, Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, чоряк миллион нафар ба Сурия паноҳ бурдаанд. Пешбинӣ мешавад, ки шумораи паноҳҷӯён боз ҳам афзоиш ёбад. Туркия ҳам зоҳиран барои як мавҷи нави муҳоҷират омода мешавад.
"Ба ватани худ баргашта, подабонӣ кунед!" Ин хитобест, ки бисёр вақт миллатгароёни рус ба муҳоҷирон мегӯянд. Ҷӯрабек Амонов, блогер ва ҳомии ҳуқуқ аз Узбекистон, ки чанд ҳафта пеш аз Русия ихроҷ шуд, ҳоло дар Бухоро гӯсфанд мечаронад.
Дар Тоҷикистон зану мард барои пешбурди зиндагии хонавода якҷоя кор мекунанд. Қонунгузорӣ ҳам дар ин робита маҳдудият пешбинӣ накардааст. Вале гоҳе баҳсҳо атрофи кору машаққати занону мардон ва нақши онҳо дар таъмини рӯзгор садо медиҳад. Бори рӯзгор бар дӯши кист -- занон ё мардон?
Бо гузашти зиёда аз даҳ сол аз талошҳо барои сохтани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, нозирон мегӯянд, ин раванд камбудҳои зиёде дорад. Яке аз намунаҳои он, пурра фаъол набудани сомонаҳои расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ аст. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ аз вилояти Суғд
Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ дар Молдова нишон доданд, ки раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду ва собиқ додситони кулл Александр Стояногло дар даври дуввум рақобат мекунанд. Баъди ҳисоби қариб ҳамаи овозҳо маълум шуд, ки Санду 42 ва Стояногло бештар аз 26 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудаанд.
Ахбори Озодӣ
Як моҳ қабл, бо қарори Президенти Тоҷикистон, иҷоза додан дуввуним ҳазор мошинҳои кӯҳнаро аз анборҳо ба бозор бароранд. Бархе аз харидорон умедвор буданд, ки нархи чунин мошинҳо арзонтар мешавад, вале баръакс шуд. Сабаби поин наомадани қимати мошин чӣ ҳаст.
Дар шаҳри Душанбе, ки хонаи бештар аз як миллион нафар шудааст, танбашавии мошинҳо ба як мушкили ҷиддӣ табдил шудааст. Сабаб чист - зиёд шудани мошин, роҳҳои танг ё беэъиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ?
Ёфтҳои бештар