Деҳаи Достук ба Тоҷикистон гузашт, Қайрағоч ба Қирғизистон. Чоркӯчаи ҷанҷолӣ мақоми бетараф гирифт ва Маркази тақсими оби “Головной” баробар тақсим шуд. Ҳамин тавр, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон баъзе аз ҷузъиёти созиши сарҳадиро бо Тоҷикистон ошкор кард.
Порлумони Қирғизистон қонунеро қабул кард, ки истифода аз насабҳои қирғизиро ташвиқ мекунад. Дар ин кишвар аксарият ҳанӯз пасвандҳои русиро дар насабҳояшон ба кор мебаранд.
Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бораи қазияи Салимҷон Иномзода (Азметов), мудири гурӯҳи “Тоҷикони Узбекистон” дар шабакаи Фейсбук, изҳори назар карданд. Баъд аз ним соли боздошти ӯ ва пас аз пурсиши хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ.
Дар Қирғизистон пӯшидани ниқоби исломиро манъ карданд. Мақомот мегӯянд, қонуни нав пӯшидани ҳиҷобро манъ накардааст, баръакси кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, ки ба сар кардани ин либоси диниро дар мактабу ниҳодҳои ҳукуматӣ иҷоза намедиҳад.
Мақомот дар Туркманистон ба кормандони идораҳо гуфтаанд, ки нашрияҳои давлатиро, ки дар бораи президент ва падараш мақолаҳо доранд, барои печонидани нон, ё дар ҳоҷатхона истифода накунанд, вагарна аз кор ронда мешаванд.
Аз ҳодисаҳои “январи хунин” дар Қазоқистон се сол гузашт. Хонаводаи қурбониён ҳанӯз адолат ҷустуҷӯ доранд.
Коркарди конҳои саршор аз нафти Қазоқистон, ки интизор мерафт зиндагии миллионҳо сокини камбизоати ин кишварро беҳтар кунад, танҳо як гурӯҳи хурдро сарватманду соҳибқудрат намуд. Мардуми деҳаҳои наздик ба корхонаҳои нафт мегӯянд, ин захираҳо барояшон фақат дарду ранҷ ва талафот овард.
Фақру бекории давомдор баъзе аз занонро дар Туркманистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, то аз ин роҳ аъзои оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз хушунат, истисмори пулис ва таънаву маломати ҷомеа ҳам шикоят карданд.
Дар Узбекистон, ки манобеи азими газ дорад, мардум хонаҳояшонро бо ангишту ҳезум ва таппӣ гарм мекунанд, чун кишвар ба бӯҳрони энержӣ гирифтор аст ва қодир ба тамоми мардум бо газу барқ нест. Рӯ овардан ба ҳезуму ангишт ба қавли мутахассисон, барои ҳавову муҳити зисти Узбекистон фалокатбор аст.
Порлумони Қирғизистон бо қабули Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пӯшидани ниқоб, рӯсарии монанд ба фаранҷиро дар ин кишвар манъ кард. Таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ низ мумкин нест. Иҷрои қонун пас аз имзои раисҷумҳури Қирғизистон сар мешавад.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, рӯзи 23-юми ноябр Абдусалом Азизовро аз мансаби раиси Хадамоти амнияти давлатӣ барканор кардааст.
Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон мегӯяд, ки ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва вуҷуди онҳо ба Чин ва кишварҳои дигари минтақа таҳдиди амниятӣ аст.
Ёфтҳои бештар