Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи пӯшидани ниқоб ва таъсиси ҳизбу созмони динӣ дар Қирғизистон


Коллаж
Коллаж

Порлумони Қирғизистон бо қабули Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пӯшидани ниқоб, рӯсарии монанд ба фаранҷиро дар ин кишвар манъ кард. Таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ низ мумкин нест. Иҷрои қонун пас аз имзои раисҷумҳури Қирғизистон сар мешавад.

Ҷарима – 230 доллар

Вакилон гуфтанд, ин либоси мазҳабӣ имкон намедиҳад, ки ҳувияти шахс шиносоӣ карда шавад. Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Қирғизистон рӯзи 26-уми декабр қабул шуд.

Ҳукумати Қирғизистон, ки тарҳи қонунро ба порлумон пешниҳод кардааст, ҳадафашро мубориза бо ифротгароии динӣ донист. Дар Тоҷикистон ҳам қонуни ба ин монанд вуҷуд дорад, ки барои пӯшидани либосҳои “бегона” ҷарима таъйин кардааст.

Бар асоси қонуни нав дар Қирғизистон, ҳеч кас ҳақ надорад, дар маконҳои умумӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо либосе бигардад, ки чеҳраи ӯро пинҳон медорад. Расонаҳои қирғизӣ навиштанд, манзур аз ин ниқоб аст ва барои пӯшидани он на кам аз 230 доллар ҷарима таъйин шудааст.

Солҳои охир дар Қирғизистон пӯшидани ниқоб ба назар мерасад. Баҳси ин либоси исломӣ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон 10 сол пеш бархоста буд. Замоне ки гурӯҳе аз ҷавонони қирғизистонӣ ҳам ба сафи гурӯҳи тундрави ДОИШ пайвастанд.

Мақомот мегуфтанд, либоси миллии қирғизҳо мисли либоси исломист ва зарур нест, ки занон ниқоб бипӯшанду чеҳраи худро ба тамом пинҳон кунанд.

Қирғизистон: Манъи ниқоб ва таъсиси ҳизбҳои динӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

На таълими ғайриқонунӣ, на ҳизби динӣ

Қонуни нав дар Қирғизистон иҷоза намедиҳад, ки касе ягон созмон ё ҳизбе таъсис диҳад, ки бар меъёрҳои динӣ асос ёфта бошад. Дигар ин ки таълими динӣ берун аз муассисаҳои муқарраршуда, масалан, дар хона ё ҳар ҷойи дигаре, ки ҳукумат иҷоза надодааст, мумкин нест ва ҷазо дорад.

Аз ин пас ҳукумати Қирғизистон таҳсили динии шаҳрвандонашро дар хориҷа низ таҳти назорат мегирад. Дар қонун омадааст, ҷавоне, ки агар мехоҳад, дини ислом ё ҳар дини дигареро дар хориҷ биёмӯзад, бояд мақомоти расмӣ огаҳ ва ё бо он мувофиқа кунад.

Бояд омори донишҷӯёни қирғизистоние ҳам таҳия шавад, ки дар хориҷ илми динӣ меомӯзанд.

Вокуниши рӯҳониён ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба ин санади тасдиқкардаи вакилони қирғиз ҳанӯз маълум нест. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои қабули чунин қонун пайваста танқид кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ҳуқуқи бунёдии динии мардумро маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG