Мақомот дар Туркманистон ба кормандони идораҳо гуфтаанд, ки нашрияҳои давлатиро, ки дар бораи президент ва падараш мақолаҳо доранд, барои печонидани нон, ё дар ҳоҷатхона истифода накунанд, вагарна аз кор ронда мешаванд.
Аз ҳодисаҳои “январи хунин” дар Қазоқистон се сол гузашт. Хонаводаи қурбониён ҳанӯз адолат ҷустуҷӯ доранд.
Коркарди конҳои саршор аз нафти Қазоқистон, ки интизор мерафт зиндагии миллионҳо сокини камбизоати ин кишварро беҳтар кунад, танҳо як гурӯҳи хурдро сарватманду соҳибқудрат намуд. Мардуми деҳаҳои наздик ба корхонаҳои нафт мегӯянд, ин захираҳо барояшон фақат дарду ранҷ ва талафот овард.
Фақру бекории давомдор баъзе аз занонро дар Туркманистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, то аз ин роҳ аъзои оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз хушунат, истисмори пулис ва таънаву маломати ҷомеа ҳам шикоят карданд.
Дар Узбекистон, ки манобеи азими газ дорад, мардум хонаҳояшонро бо ангишту ҳезум ва таппӣ гарм мекунанд, чун кишвар ба бӯҳрони энержӣ гирифтор аст ва қодир ба тамоми мардум бо газу барқ нест. Рӯ овардан ба ҳезуму ангишт ба қавли мутахассисон, барои ҳавову муҳити зисти Узбекистон фалокатбор аст.
Порлумони Қирғизистон бо қабули Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пӯшидани ниқоб, рӯсарии монанд ба фаранҷиро дар ин кишвар манъ кард. Таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ низ мумкин нест. Иҷрои қонун пас аз имзои раисҷумҳури Қирғизистон сар мешавад.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, рӯзи 23-юми ноябр Абдусалом Азизовро аз мансаби раиси Хадамоти амнияти давлатӣ барканор кардааст.
Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон мегӯяд, ки ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва вуҷуди онҳо ба Чин ва кишварҳои дигари минтақа таҳдиди амниятӣ аст.
Дар паси ҳамла ба мошини Комил Алламҷонов, дӯсти наздики духтари президенти Узбекистон, кӣ истодааст? Ва ин ҳодиса барои режими Шавкат Мирзиёев чӣ маъно дорад?
Дар Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, дуҳамсарӣ ё бисёрзанӣ рӯ ба афзоиш аст.
Беш аз 71 дар сади мардум дар Қазоқистон ба тарафдории бунёди нахустин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар қаламрави кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ раъй додаанд.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳадафи сайёҳӣ, табобат ва сафар ба кишварҳои дигар аз Узбекистон истифода мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст. Ин раванд ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
Ёфтҳои бештар