Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Азизов. Дигаргунӣ дар Хадамоти амнияти Узбекистон аз баҳри чист?


Абдусалом Азизов. Акс аз бойгонӣ
Абдусалом Азизов. Акс аз бойгонӣ

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, рӯзи 23-юми ноябр Абдусалом Азизовро аз мансаби раиси Хадамоти амнияти давлатӣ барканор кардааст.

Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ тағйиротро ба суиқасд ба ҷони Комил Алламҷонов, дӯсти наздики Саида Мирзиёева, духтари калонии Шавкат Мирзиёев, пайванд доданд. Таҳқиқи ҳодиса тақрибан як моҳ боз идома дорад.

Генерал Абдусалом Азизов, ки дар гузашта дар мақоми вазири мудофиа кор кардааст, соли 2019 раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон таъйин шуда буд. Ҳоло ба ҷойи ӯ вазири дифоъ Баҳодур Қурбонов омадааст.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Отабек Умаров, муовини раиси Хадамоти амнияти президент ва шавҳари Шаҳноза Мирзиёева, духтари хурдии Шавкат Мирзиёев, рӯзи 23-юми ноябр Узбекистонро тарк кардааст. Маълум нест, ӯ фирор кардааст ё дубора бармегардад.

Дар ҳар сурат, ин таҳаввулоти чашмрас дар Хадамоти амнияти давлатӣ аз замони ба қудрат расидани Мирзиёев аст.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон то соли 2017 аз ниҳодҳои бастатарин ва бераҳмтарин дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ин идораро ба саркӯби бераҳмонаи дигарандешон, зиндонӣ кардани шахсони норозӣ аз режими Ислом Каримов, марги мармузи даҳҳо маҳбус ва даст доштан дар саркӯби ошӯби соли 2005 дар Андиҷон айбдор мекарданд.

Барканории Абдусалом Азизов дар ҳоле сурат гирифта, ки дар пайи суиқасд ба ҷони Комилҷон Алламҷонов, мансабдори пешини ҳукумати Узбекистон, мубориза барои қудрат миёни нухбагони сиёсии ин кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Комил Алламҷонов
Комил Алламҷонов

Комил Алламҷонов, сардори собиқи Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон, шаби 26-уми октябр, як рӯз пеш аз интихоботи порлумонӣ дар шаҳри Тошканд ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки ҳамлавар(он) ба мошини ӯ тир задаанд. Алламҷонови 40-сола ва ронандааш наҷот ёфтанд, аммо суиқасд ба ҷони як узви собиқи ҳукумат Узбекистонро такон дод.

Як гумонзад ба ҳамла, Ҷавлон Юнусов, дар Кореяи Ҷанубӣ дастгир шуд. Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ иртиботи ӯ ва гумонбарони дигарро ба ҷиноятҳои созмонёфта, суиқасдҳои пешина дар Туркия ва мақомоти баландпояи Узбекистон, аз ҷумла Умаров, нишон дод.

Алламҷонов дар моҳи сентябри имсол зери фишор аз мақомаш истеъфо дод. Вай пештар "давлати пинҳони"-еро ошкор карда буд, ки ба гуфтааш зери назорати Отабек Умаров ва маъмурони вафодори амниятӣ кор мекунад.

Пештар манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ низ гуфта буданд, ки равобити Отабек Умаров ва Комил Алламҷонов чанд моҳ боз бад аст. Отабек Умаров дар соли 2016 муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон шуд ва ҳамвора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун пуштибони варзиш намоён мешавад.

Отабек Умаров
Отабек Умаров

Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ нишон дод, ки Умарови 40-сола бо истифода аз муносибати хешовандӣ бо Шавкат Мирзиёев сарвати ҳангуфт ҷамъ кардааст ва дар миёни нухбагони сиёсиву иқтисодии кишвараш ҳамчун миёнарави паси парда шинохта мешавад.

Манобеи наздик ба таҳқиқи ҳамла ба Алламҷонов тахмин мезананд, ки мумкин аст ҳамлаварон кӯшиш доштанд аз нуфузи афзоянда ва робитаҳои наздики ӯ дар ҳукумат пешгирӣ кунанд. Комил Алламҷонов аз пуштибонии Саида Мирзиёеваи 39-сола, духтари калонии Шавкат Мирзиёев, баҳравар буд. Саида Мирзиёеваро вориси эҳтимолии падараш медонанд.

Саида Мирзиёева
Саида Мирзиёева
XS
SM
MD
LG