Тоҷикистон бозори як замони гарми сементашро дар Афғонистон ва Узбекистон қариб аз даст додааст. Вазири саноат ва фанновариҳои нав далели ин вазъро шарҳ дод.
Гурӯҳе аз занон дар Қазоқистон барои ёрӣ ба модарони танҳо ташаббусеро оғоз карданд, ки тарафдорони зиёде ёфтааст. Онҳо ба заноне, ки дар рӯзи муҳими зиндагияшон ё лаҳзаи берун шудан аз таваллудхона касе надоранд, кӯмак мерасонанд.
Вакилони рус мехоҳанд намозгузорӣ ва баргузории ҷамъомадҳои динӣ дар биноҳои ғайриистиқоматӣ ва иншооти марбут ба онро манъ кунанд. Тарҳи қонун дар ин бора ба Думаи давлатӣ ироа шудааст.
Андрей Луговой, вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро ба русҳаросӣ муттаҳам кард. Ба иддаои ӯ, гӯё ин андеша дар китобҳои дарсии таърих дар ин кишварҳо ҷой дода шудааст.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 16-уми феврал якбора се вазири ҳукуматашро аз мансаб барканор кард. Инҳо вазири нақлиёт Абсаттор Сирғабоев, вазири захираҳои табиӣ Медер Машиев ва вазири ҳолатҳои фавқулода Бообек Аҷикеев мебошанд.
Наздикони як зани кушташуда дар Қирғизистон даъво доранд, ки қотили ӯ ҷазои сабук гирифтааст. Земфира Ҷумъадилова соле пеш бо 12 зарби корд аз cӯйи шавҳараш кушта шуд. Додгоҳ мардро ба 11 сол зиндон маҳкум кард, вале пайвандони зан онро ҷазои сабук медонанд.
Пас аз барканории Қамчибек Тошиев аз мансаби раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини раиси ҳукумати Қирғизистон, дигаргунӣ дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҷараён дорад.
Дилбар моҳҳо боз дар шаҳри Омски Русия дар боздошт ба сар мебарад ва сарнавишти ӯ бе мурофиа ва муҳокимаи додгоҳӣ норӯшан мондааст. Ин муҳоҷири 18-сола аз Осиёи Марказӣ мегӯяд, кормандони зиндон ӯро заданд, бо электрошок азоб доданд ва таҳдид карданд.
Марги кӯдаки думоҳа баъди ҳиҷодармонӣ дар Қирғизистон, баҳси табобат бо ин усули қадимиро дигарбора дар ин кишвар доғ кард.
Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе барномаи бузургеро тасдиқ кард, ки нахустин бозори минтақавии нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказиро поягузорӣ мекунад.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пайваста барои маҳдуд кардани озодии дину баён ва саркӯби мухолифон танқид мешаванд, дар соли 2025 серташвиш буданд.
Миллионҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели бекорӣ ва маоши ночиз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Ҳамасола ҳазорҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар кишвари мусофират ва дур аз наздиконашон ҷон медиҳанд.
Ёфтҳои бештар