Дар Қирғизистон роҳи ҳалли мушкилеро меҷӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳам солҳо боз вуҷуд дорад. Ситондани алимент аз падар ё модарони саркаш.
Як вакил дар Қирғизистон гуфтааст, агар мард нахоҳад, ки барои фарзанди худ ёрипулӣ ё алимент диҳад, пас, бояд хешовандонаш ин маблағро бипардозанд. Телевизиони "Настояшее Время", як бахши Радиои Озодӣ, дар ин бора бо ҳомиёни ҳуқуқ ва модарони танҳо суҳбат кард.
"Мегуфт, наздиконат кумак кунанд"
Нозгул 38-сола аст ва сокини шаҳри Бишкек. Ӯ нахост, чеҳрааш нишон дода шавад. Метарсад, ки шавҳари собиқаш дигар алимент надиҳад. Се писар дорад, калонӣ 15 ва хурдӣ 5-сола. Баъд аз 14 соли, ба гуфтааш, озору азият аз тарафи шавҳар, соле пеш барои ҷудо шудан ариза дод. Чанде пеш муваффақ шуд, ки аз падари фарзандонаш алимент гирад.
“Тасмим гирифтам, ки биравам, чунки солҳои дароз зери озори ҷисмонӣ қарор доштам. Метарсидам, ки ҳодисаи даҳшатноке рух медиҳад ё маъюб мешавам. Пас аз ҷудо шудан алимент намедод. Мегуфт, бигзор наздиконат ба ту кумак кунанд. Шояд фикр мекард, ки ман муҳтоҷу ночор монда, бармегардам," – нақл кард ӯ.
Ба фарқ аз Нозгул, Айзат Қодирбеки 31-сола розӣ шуд, ки ошкоро аз ҳаёти худ қисса кунад, ҳарчанд вай ҳам аз шавҳараш метарсад. Айзат мегӯяд, дар 19-солагӣ шавҳар кард, вале ӯ дар як садама ҷон бохт. Сипас занро бо бародари шавҳараш оиладор карданд. 4 фарзанд дорад.
"Баъд аз ним соли издивоҷ ба ман даст дароз кард. Хостам, ҷудо шавам. Мо дар Ҷалолобод, дар хонаи бибии ӯ, зиндагӣ мекардем. Муносибати вай бо ман хуб буд ва ӯ маро розӣ кард, ки бимонам. Ҷойи рафтан ҳам надоштам. Мондам ва тоқат кардам. Вай арақ нӯшида, маро мезад, буғӣ мекард. Ҳатто фикри худкуширо мекардам," – гуфт Айзат Қодирбек.
"Муроҷиат кардам, вале…"
Ду сол пеш Айзат бо кӯдаконаш аз Ҷалолобод фирор кард. Ҳоло ӯ дар Бишкек дар маркази буҳронии “Сезим” ба занони ҳамтақдири худ кумак мекунад. Мегӯяд, дар аввал барояш сахт буд. Дар ҳуҷраи иҷора ва сарде дар як гӯшаи Бишкек бе дастрасӣ ба хӯроку либоси дуруст зиндагӣ мекард. Барои зинда мондан ба тамоми кор розӣ буд. Дар саҳро бор мекашид, дар бозорҳо партов мечид ва фаррошӣ мекард. Ба нақли ӯ шавҳари собиқаш намехост ба кӯдакон кӯмак кунад.
"Барои алимент соли гузашта муроҷиат кардам, вале ӯ пул намедиҳад. Аллакай 60 ҳазор сом қарздор шуд. Парвои сарнавишти кӯдаконро надорад. Барояш фарқ нест, ки онҳо гуруснаанд ё сер. Агар қонуне қабул шавад, ки наздикони ӯро водор кунад, то алимент бипардозанд, ман зид нестам," – мегӯяд ӯ.
Достон Бекешов, вакили қирғиз, пешниҳод дорад, ки замонат ё уҳдадории хонаводагӣ ҷорӣ шавад ва агар шавҳари собиқ аз иҷрои масъулияти худ саркашӣ карда, даромадашро пинҳон намояд ё бекор бошад, таъмини кӯдаконро хонаводаи ӯ ба дӯш гиранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Маҷбурӣ ё ихтиёрӣ?
Вай гуфт: "Пешниҳод дорам, ки ин шева бо роҳи ихтиёрӣ ба роҳ монда шавад. Ва агар оила аз ҳам пош хӯрад, наздикони шавҳар бояд дастҷамъона кӯдакро таъмин кунанд. Чаро чунин пешниҳод дорам? Чун ин кӯдаки шахси наздики онҳо, ҷиян ва набераи онҳост. Онҳо бояд нисбати хеши худ ғамхор бошанд."
Бино ба пешниҳоди вакил, чунин замонатро наздикони шавҳар бояд пеш аз бастани ақди никоҳ имзо кунанд. Агар онҳо ин корро накунанд, арӯс метавонад, тасмим бигирад, ки оё месазад бо чунин шахсе оиладор шуд? Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин пешниҳоди хуб аст, вале ба самарбахшии он шубҳа доранд.
Бубусара Рисқулова, мудири Маркази буҳронии “Сезим”, мегӯяд, “мо қонун дар бораи шартномаи ақди никоҳ дорем. Вале ман боре нашунидам, ки чунин никоҳ баста шавад. Вақте аз занони хушунатдида мепурсем, мегӯянд, шавҳаронашон гуфтанд “чӣ магар ту ба ман бовар надорӣ? Аз аввал фикри бад мекунӣ? Тафаккури мо чунин аст. Вале ман ин пешниҳоди вакилонро ҷонибдорӣ мекунам.”
Замонати хонаводагӣ ҳоло фақат як пешниҳод барои ҷомеаи Қирғизистон аст. Агар хуб қабул шуд, вакили порлумон омодааст, лоиҳаи қонунро таҳия кунад. Ба бовари Достон Бекешов, ин як роҳи муассири водор кардани падарони саркаш ба пардохти алимент аст. Ҳоло ба гуфтаи вай шумори чунин мардон дар Қирғизистон ба 100 ҳазор нафар мерасад.