Сатҳи демократия дар Тоҷикистон дар соли 2024 қариб як зина поин рафтааст. Радабандии навро таҳлилгарони The Economist Intelligence Unit, яке аз шохаҳои пажӯҳишии маҷаллаи бритониёии "Экономист", тартиб доданд.
Ба гуфтаи онҳо, вазъи демократия на фақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ дар чанд соли охир ба сӯйи бадтар тағйир ёфтааст. Аз панҷ кишвари минтақа дутоаш дар қатори давлатҳое ҳастанд, ки нишондиҳандаи пасттаринро доранд. Сухан аз Туркманистон ва Тоҷикистон меравад.
“Туркманистон бо шохиси 1,66 дар ҷойи 161-ум қарор дорад. Ин рақам аз соли 2020 дигар нашудааст. Нишондиҳандаи Тоҷикистон аз 1,94 дар соли 2023 ба 1,83 поин рафтааст, ки ин аз бадтар шудани вазъи сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низоми сиёсиро пурра таҳти назорат нигоҳ медорад,” – гуфта шудааст дар гузориш.
Қаблан созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико, Тоҷикистонро яке аз ҳашт кишвари дорои “низоми мутамаркази худкома” номида, ба рушди демократия ва озодӣ дар ҷумҳурӣ баҳои пасттарин дода буд. Ба бовари коршиносони тарафдори ҳукумат, "демократия дар кишвар коҳиш наёфтааст".
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мураттибони радабандии нав, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи демократия беҳтар аз ҳама дар Қирғизистон аст. Ҳарчанд дар соли 2024 нишондиҳандаҳои пешини ин кишвар бадтар шуда, то 3,52 кам гардид.
Коҳиши асосӣ ба бад шудани раванди интихобот ва афзоиши фишор ба расонаҳо марбут мебошад. Қазоқистон мавқеи худро тағйир надода, дар шохиси ҷаҳонӣ дар гурӯҳи режимҳои худкома дар ҷои 118-ум боқӣ монд.
Дар маҷмуъ, дар пажӯҳиш зикр шудааст, ки буҳрони демократия на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мегардад:
“Шохис бар пояи натиҷаи пурсишҳо тартиб дода шуд, ки норозигии густурда аз вазъи демократияро нишон медиҳанд. Мавҷудияти ниҳодҳои расмии демократӣ барои таъмини дастгирии ҷомеа кофӣ нест. Бахусус агар ин ниҳодҳо нуфузи воқеиро аз даст дода бошанд.”
Низоми баҳодиҳӣ сода буда беҳтарин нишондиҳандаи демократия бо 10 хол арзёбӣ мегардад. Вобаста аз нишондиҳандаҳо кишварҳо аз рўи режим ба давлатҳои комилан демократӣ ва нимадемократӣ, инчунин, режимҳои омехта ва худкома тасниф мешаванд.
Дар радабандии навбатӣ боз ҳам кишварҳои аврупоӣ демократӣ эътироф шудаанд. Норвегия бо 9,81 хол аз ҳама пешсаф буда, баъд аз он Зеландияи Нав, Шветсия, Исландия, Швейтсария, Финландия, Дания, Ирландия, Ҳолланд ва Люксембург қарор гирифтанд.