Хонаи президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборовро, ки чанд сол пеш ба як ширкати давлатӣ дода шуда буд, ҳоло фарзанди яке аз атрофиёнаш соҳиб шудааст. Чӣ гуна?
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов соли 2021 иқдоме кард, ки дар тамоми шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд. Вай калиди хонаи худро дар Бишкек (400 метри мураббаъ) ба раҳбари ширкати ипотекӣ дод. Онро бояд дар музояда фурӯхта, бо пулаш дар доираи барномаи қарзи боимтиёз ба 10 оила хона мехариданд.
Таҳқиқи рӯзноманигор Болот Темиров ва хабаргузории “Kloop” маълум кардааст, ки хона фурӯхта шуд, вале маълум нест, пули он ба чӣ сарф гардид. Болот Темиров мегӯяд, “дар ҳақиқат, ширкати давлатӣ хонаро ба 318 ҳазор доллар фурӯхт. Аз нигоҳи аввал ин қарордоди одилона ба назар мерасад. Мо ба ин шубҳа кардем. Тавре маълум шуд, бесабаб набуд. Хона ба дасти нафаре аз атрофиёни президент гузаштааст.”
Ширкати давлатии ипотекӣ дар Қирғизистон танҳо аз фурӯши хона ва пули он хабар дода, дар бораи харидор чизе нагуфтааст. Вале соли 2022 хабарнигорони тарҳи “Temirov.Live” маълум карданд, ки хонаи президентро Гулнора Тарақулова харидааст. Ӯ аз муассисони ҳизби “Ала-Тоо қирғиз ҷери" аст, ки хешовандони мушовири пешини раисҷумҳур, Орзубек Бурҳонов, ҳам аъзои он мебошанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, Бурҳонов соли 2013 президентро дӯсти наздики худ хонда буд.
Болот Темиров гуфт, “он вақт мо танҳо далелҳои ғайримустақим доштем. 12-уми декабр, вақте ёвари пешини президент Айдар Холиқов тасмим гирифт, ки зидди низом барояд, ҳама чиз тағйир ёфт. Вай санадҳоеро нашр кард, ки тибқи он хона аз писари вай, Азат Бурҳонов, аст. Баъд аз чанд рӯз нисбат ба Холиқов парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Моҳи январ бо дархости ҳукумати Қирғизистон ӯ дар Молдова боздошт шуд.”
Таҳқиқи “Temirov.Live” ва “Kloop” дурустии ин маълумотро тасдиқ кард. Маълум шуд, ки хонаи Содир Ҷабборов аз моҳи октябри 2024 ба писари Орзубек Бурҳонов тааллуқ дорад. Ин бори аввал нест, ки наздикони ӯ қаҳрамони таҳқиқоти хабарнигорӣ мешаванд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Айдай Иргебоева, хабарнигори “Kloop”, мегӯяд, “оё ширкати давлатии ипотекӣ, зертобеи дастгоҳи президент, хонаи Ҷабборовро воқеан фурӯхтааст ё он фақат дар коғаз ва аз як ҷайб ба ҷайби дигар гузаштааст? Мо намедонем. Kloop дар номае аз ширкати ипотекӣ пурсид, ки оё аз фурӯши хона пул ба даст овардааст ва онро ба чӣ сарф кард? Посухро мунтазирем.”
Дертар ба дархости хабарнигорон раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, Қанибек Туманбоев, посух дод. Вай таҳқиқоти Temirov.live ва Kloop-ро “беасос” ва “манипулятсия” номид. Ба таъкиди ин мансабдор, хона дар воқеъ тариқи музояда фурӯхта шуд ва пули он дар ихтиёри ширкати ипотекӣ буд. Вай ҳамчунин қарорро аз натиҷаи музояда нашр кард.
Қанибек Туманбоев гуфт: "Шумо кай огоҳона гумроҳ кардани мардум ва нашри иттилои тасдиқношударо бас мекунед? Дурӯғ ҳам ҳад дорад! Чашмони шумо корҳои хуби кишварро ҳам мебинад ё шумо тухми душманӣ коштан ва ҷустуҷӯйи мушкилу туҳматзаниро идома медиҳед?"
Зери ин навиштаи Туманбоев дар бораи хонаи президент, дар як рӯз даҳҳо кас шарҳ навишта, аз ҳукумат ҷонибдорӣ ва хабарнигорони таҳқиқотгарро сиёҳ кардаанд.
Ба нақли муҳаққиқони “Temirov Live”, ширкати вобаста ба Бурҳоновҳо, маъракаи интихоботии Содир Ҷабборовро сарпарастӣ мекард ва баъди ба сари қудрат омадани ӯ барандаи чандин қарордоди бузурги давлатӣ шуд. “Kloop” хабар дода буд, ки нахустин “казино” дар Бишкек аз аъзои хонаводаи Бурҳонов аст. Дертар хабарнигорон навиштанд, ки наздикони Бурҳонов тиҷорати шаҳрдори пешини Бишкекро ҳам соҳиб шуданд.