Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суботи водии Фарғона суботи Осиёи Миёна аст." Нишасти Раҳмон, Мирзиёев ва Ҷабборов


Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов. Вилояти Суғд, 31-уми марти 2025
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов. Вилояти Суғд, 31-уми марти 2025

Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки дар гузашта бар сари таъйини сарҳаду тақсими об баҳс доштанд, созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 31-уми март дар вилояти Суғд гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯйдоди 31-уми мартро "бисёр муҳим" хонду гуфт, "мо ба муносибат бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояи накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем."

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, пешниҳод кард, ки дар се кишвар ба мисли ҳавзаи Шенген виза ё раводиди ягона ҷорӣ шавад, то сайёҳон ба тамоми кишварҳои минтақа озод равуо кунанд. Ба таъкиди Ҷабборов, "ҳамгироӣ дар минтақа дар ҳоли рушд аст ва таҳкими равобит дар ҳама бахшҳо метавонад дар рушди устувор ва шукуфоии Осиёи Марказӣ мусоидат кунад".

"Дар солҳои охир гардиши мол миёни Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳ баробар афзудааст. Қариб нисфи он ба минтақаҳои марзӣ рост меояд," – изҳор дошт раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев.

Дар ин рӯз Тоҷикистон бо Узбекистон созишномаро "Дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ" имзо кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бар иловаи табодули санад дар бораи созиши марзӣ хати интиқоли барқи "Датка-Суғд"-ро ба истифода доданд. Ин хат дар доираи татбиқи тарҳи CASA-1000 сохта шудааст, ки содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад.

Коршинос Шералӣ Ризоён гуфт: "Водии Фарғона аз ҳама минтақаи сернуфуси Осиёи Марказӣ аст ва дар инҷо силсилаи мушкилот вуҷуд дорад. Аз масъалаи зиёдшавии аҳолӣ то дастрасӣ ба обу мавзӯи ифротгароӣ."

Ӯ афзуд, нишасти сегонаи раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон "як эҳтимоли мусбати рушди муносибатҳоро дар дарозмуддат ба вуҷуд меорад. Агар суботи водии Фарғона таъмин бошад, ин мутаносибан ба суботи Осиёи Миёна таъсир мерасонад."

Видеоро дар инҷо бинед:

"Сутуни дӯстӣ"-и Тоҷикистон ва Узбекистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои ҳамдигар мушкил доштанд. Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Имзои созишномаи марзӣ дар аввали моҳи марти имсол имконпазир шуд. Ҳарчанд ҷониби Қирғизистон баъзе ҷузъиёти шартномаро расонаӣ кард, Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфтааст.

Крис Риклтон, рӯзноманигор ва таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, чанде пеш дар як матлаби муфассал навишт: "Дар Тоҷикистон ибрози норизоиятӣ ва ба чолиш кашидани созишномаи марзӣ тақрибан номумкин аст. Дар даҳаи гузашта мухолифони сиёсӣ дар кишвар ба тамом аз байн рафтанд. Дар ҳоле ки худкомагӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст, таъкиди бештар ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа раванди мусбате аст, ки маъмулан бидуни ёрии хориҷӣ сурат гирифтааст."

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch рӯзи 28-уми март гуфт, дар маркази таваҷҷӯҳи созиши таърихии марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ бояд бошад ва дар ҳаққи қурбониёни даргирии соли 2022 дар сарҳад адолат барқарор гардад.

Ҳю Уилямсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони HRW мегӯяд, "созиши марз як имконияте барои Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ки ба оянда нигоҳ кунанд. Барои бомазмун шудани он, дар авлавият гузоштани ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ ва ислоҳи хатоҳои гузашта бисёр иқдоми муҳим мебошад."

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст.

Тӯли марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон 1332 километр аст, вале дар беш аз 25 соли раҳбарии президенти собиқ, Ислом Каримов, Тошканд омодаи баррасиву имзои созишномаи марзӣ набуд. Қарордод соли 2018 ва баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв тасвиб шуд.

XS
SM
MD
LG