Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин ваҳшигарӣ аст." Вокунишҳо ба таҷовузи гурӯҳии як духтари 23-сола


Бисёриҳо дар Қирғизистон талаб доранд, ки мурофиаи шахсони гумонзад ба таҷовузи гурӯҳии як духтар дар шаҳри Бишкек ошкор ва бо ҳузури намояндагони матбуоту ҷомеа баргузор шавад. Ҳодиса шаби 28-уми феврал рӯй додааст.

Дурбинҳои назоратӣ лаҳзаеро сабт кардаанд, ки панҷ мард шабона як духтарро аз қаҳвахонае бардошта бо худ мебаранд. Дертар ҷабрдида гуфт, гумонзадҳо ӯро дар мошин андохта, ба майдони кишт бурданд ва дар онҷо бонавбат таҷовуз карданд.

Ба нақли духтар, вай талош кардааст, фирор кунад, вале гумонзадҳо ӯро дошта, бори дигар ба номусаш дастдарозӣ кардаанд. Ҷабрдида субҳ ба пулис шикоят намуд.

"Бар асоси моддаи таҷовуз ба номус парванда боз шудааст. Дар ҷараёни тафтиш панҷ шаҳрванд дастгир ва ба Боздоштгоҳи муваққатӣ бурда шуданд," – гуфт Абдураҳмон Амоналиев, муфаттиш аз ноҳияи Свердлови Бишкек.

Се гумонбар 25 ва дуи дигар 24-сола ҳастанд. Ҷабрдида 23-сола. На ӯ ва на наздиконаш омода нестанд бо хабарнигорон ҳамсуҳбат шаванд.

Дар аризаи шикоятии духтар гуфта шудааст, ки шаби 28-уми феврал ӯ дар қаҳвахонаи "Ситора"-и шаҳри Бишкек буд. Маълум нест чӣ гуна ба ҳолати мадҳушӣ афтодааст, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, эҳтимол ба нӯшокиаш маводи нашъадор рехтаанд. Ҳоло як суоли дигар ин аст, ки чаро кормандони қаҳвахона милисаро огоҳ накарданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маъмурияти клуб ҳам барои ин кор масъулият дорад.

Нозгул Турдубекова
Нозгул Турдубекова

Нозгул Турдубекова, ҳомии ҳуқуқ аз Бишкек, гуфт: "Бешубҳа, онҳо ҳам бояд ҷавоб диҳанд, чунки метавонистанд ҳадди ақал милисаро даъват кунанд. Шояд як муҳофиз ба панҷ кас муқовимат карда наметонист, вале милисаро бояд ҳатман хабардор мекарданд. Рақами мошинро бояд акс мегирифтанд. Яъне маъмурияти клуб бояд корро чунин ба роҳ мемонд, ки маълумотро дар ихтиёри пулис мегузошт."

Клуби "Ситора" шабҳо кор мекунаду рӯзҳо баста аст. Феълан фаҳмидани мавқеи кормандони ин клуб имкон надорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро бисёр фаъолона муҳокима мекунанд ва аксарият аз ин ҳодиса ба хашм омадаанд. Норозиён мегӯянд, ба гумонзадҳо бояд ҷазои сангинтарин дода шавад. Онҳое низ ҳастанд, ки духтарро барои шабгардиаш танқид мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки парванда ошкор муҳокима ва мурофиаи додгоҳӣ ба воситаи Интернет намоиш дода шавад.

"Мурофиа мисли парвандаи собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон Бишимбоев боз гузарад, чун ин ҳам як ваҳшигарӣ аст. Инсон чунин рафтор намекунад. Мо бояд маҳкум кунем ва аз беҷазоӣ пешгирӣ кунем. Мурофиа бояд барои ҳама аъзои ҷомеа дастрас бошад," – гуфт Нозгул Турдубекова.

Моддаи "таҷовуз ба номус" дар Қирғизистон аз 8 то 11 сол ҳабсро пешбинӣ мекунад, вале бисёриҳо аз ҳоло даъват доранд, ки ҳукми сангинтар содир шавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Боздошти 5 мард барои таҷовуз ба номуси як зан
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00


XS
SM
MD
LG