Раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки худ ва сохтораш бо шеваи бераҳмонаву саркӯбгарии бурдани тафтишот маъруф аст, дар мисоли гумонбарони ҳамла ба “Кроркус сити ҳолл” аз зарурати барқарор шудани ҳукми қатл дар Русия сӯҳбат кард.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 26-уми июн дархости ду гумонбари дигари ҳамларо ба “Крокус Сити Ҳол” рад кард.
Бар асоси санадҳои додгоҳи ноҳияи Басманний, 1700 нафар ҷабрдидаи ҳодисаи ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав дониста мешавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки баъзан барои хомӯшӣ дар қазияи муҳоҷирони корӣ танқид мешавад, бо вазири умури дохилии Русия дар бораи ҳуқуқи онҳо суҳбат кардааст. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат доранд.
Раҳбари ФСБ – Хадамоти амнияти федеролии Русия гуфт, аз рӯи қазияи ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳол” дар таърихи 22 март беш аз 20 нафар боздошт шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав рӯзи 17-уми май муҳлати ҳабси Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловарро, ки дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус" дастгир шудаанд, то 22-юми август дароз кард. Айни қарор нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон Алишер Қосимов содир шуд.
Муҳлати ҳабси ҳашт зодаи Тоҷикистон, ки ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонзад ҳастанд, се моҳи дигар тамдид (дароз) шуд.
Додгоҳи ноҳияи Басманни дар пойтахти Русия муҳлати ҳабси Саидакрам Раҷабализода, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ва яке аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки ҳангоми боздошт гӯшашро буридаанд, се моҳ дароз кард.
Далерҷон Мирзоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз муттаҳамони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав то 22-юми августи имсол дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳад монд.
Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзов, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро се моҳи дигар дароз кард.
Мақомоти Русия рӯзи 7-уми май ба зиёда аз сад муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург иҷозаи кор ё патент надода, гуфтаанд, ки рӯзи 21-уми май биоянд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи муҳоҷирони кориро дар Русия "ҳассос" ва дар айни замон "муҳиму асосӣ" хонд.
Ёфтҳои бештар