Дар чанд ҷумла
Саидакрам Раҷабализода то охири август дар Боздоштгоҳ мемонад
Додгоҳи ноҳияи Басманни дар пойтахти Русия муҳлати ҳабси Саидакрам Раҷабализода, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ва яке аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки ҳангоми боздошт гӯшашро буридаанд, се моҳ дароз кард.
Бар асоси қарори Додгоҳ аз 16-уми май, вай то 22-юми августи имсол дар Боздошгоҳи муваққатӣ хоҳад монд.
Мақомоти Русия Саидакрам Раҷабализодаро рӯзи 23-юми март дастгир карда, дар аввал барои ду моҳ (то 22-юми май) ба ҳабс гирифта буданд. Ӯро ба "амали террористӣ" муттаҳам медонанд.
Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар аввали моҳи январи имсол барои кор ба Русия рафт, аммо "тақрибан се моҳ на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод".
Манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфта буданд, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт.
Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
ФСБ гуфт, чор зан бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт гардид
ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 7 феврал аз ҳабси чор зан бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, занҳо дар Воронеж, Ростови лаби Дон ва дар шаҳри ишғолшудаи украинии Севастопол боздошт шудаанд. Ҳуввияти ин занҳо ошкор намешавад. ФСБ иддао кардааст, ки ин занҳоро хадамоти махсуси Украина барои ташкили ҳамлаҳои террористӣ зидди афсарони баландпояи вазорати дифои Русия ва ҳам зидди маҷмӯаҳои энергетикии ин кишвар омода кардааст.
Дар манзили ин занҳо маводи тарканда, маълумот дар бораи таҳияи силоҳи мунфаҷира ва ҳам дастгоҳҳои тамос бо “кураторҳои украинии онҳо” ошкор шудааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо аз рӯи моддаи терроризм боз шуда, боздоштшудаҳо ба гуноҳи худ иқрор шудаанд, гуфтааст ФСБ.
Санҷидани ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад. ФСБ ва дигар сохторҳои қудратии Русия аз ҷониби мухолифону мунаққидон барои иттиҳомҳои беасос ва сохташуда ба хотири намоишкорӣ бисёр интиқод мешаванд.
Ҳасановҳоро ба шарти "боз накардани қабр" озод карданд. Мақомот шарҳ намедиҳанд
Пайвандони Сӯҳроб Ҳасанов – маҳбуси рӯзи 3 феврал дар зиндони Ваҳдат кушташуда - як рӯз баъди боздошт аз тарафи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин озод шуданд.
Раҳматулло Ҳасанов, писари дигари муқими Олмони ин хонавода гуфт, ҳамроҳ бо падари 85-солааш Сафармад Ҳасанов ҳашт бародару хоҳараш як шабонарӯз дар боздошт буданд. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, хонаводаи Ҳасановҳоро ба шарти “накушодани қабри Суҳроб Ҳасанов” озод кардаанд. Мақомот дар Тоҷикистон хабаре дар бораи ин боздошт дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нашр накардаанд.
Вале 3 феврал дар изҳороте Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, гурӯҳе аз зиндониён дар маҳбаси Ваҳдат бо қасди фирор ба маъмурони зиндон ҳамла кардаанд ва се тан аз онҳо кушта шудаанд. Манобеи дигар шумори маҳбусони кушташударо то 7 нафар хабар доданд ва Сӯҳроб Ҳасанов яке аз онҳо мебошад.
Раҳматулло Ҳасанов дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ баъди ин ҳодиса гуфт, ба падар ва дигар аъзои хонавода иҷоза надоданд ҷасади Сӯҳроб Ҳасановро бубинад ва худашон онро ба хок супурданд. Рӯзи 7 феврал Раҳматулло гуфт, аз сардори шӯъбаи корҳои дохилии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар як тамоси телефонӣ хостааст, сабаби боздошти падар ва дигар наздиконашро шарҳ диҳад, ӯ гуфтааст, “Чаро дар бораи марги бародарат дар маҳбас ба расонаҳо хабар додӣ?”.
Санҷидани дурустии ҷузъиёти ин ҳодиса феълан имкон надорад, вале дар гузашта, дар чандин ҳолат фаъолони сиёсӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон аз боздоштҳои хусаронаву фишор ба наздиконашон бо ҳадафи пешгирӣ аз нашри хабарҳо дар бораи вазъи азизонашон дар Тоҷикистон хабар додаанд.
Шикоят аз ғайриқонунӣ ворид кардани номи муҳоҷирон ба рӯйхати "сиёҳ"-и Русия
Дар Русия муҳоҷирони зиёде шикоят доранд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба феҳристи афроди зери назорат ворид карда, ҳисобҳои бонкиашонро бастаанд ва соҳаҳо барои фаъолиятҳояшонро маҳдуд кардаанд.
Феҳрист аз рӯзи 5-уми феврал ҳукми эътибор гирифтааст.
Валентина Чупик, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар сӯҳбат бо сомонаи «Агенство» гуфтааст, дар ду рӯзи гузашта 31 муҳоҷир ба ӯ шикоят кардаанд ва 8 нафарашон тоҷикон будаанд. Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Русия дар Телеграм-каналаш навиштааст, ки дар 24 соати ҳукми эътибор гирифтани феҳристи афроди таҳти назорат, мақомот беш аз 60 ҳазор муҳоҷирро тафтиш кардаанд.
Беш аз 7 ҳазор нафари онҳо ба рӯйхати қонуншиканон шомил шудаанд, гуфт ӯ.
Феҳристи баҳсбарангезро мақомоти Русия охири соли гузашта тартиб доданд ва ба он номи хориҷиёнеро ворид кардаанд, ки қоидаҳои рафтуомад ва иқоматро вайрон, ё ҷиноят содир кардаанд.
Дар ин рӯйхат номи 120 ҳазор тоҷикистонӣ низ ҳаст ва мақомоти Русия аз онҳо хоста буданд, ки то моҳи феврал санадҳояшонро қонунӣ кунанд.
Келлог гуфт, таҳримҳои зидди Русияро мешавад боз ҳам шадидтар кард
Фиристодаи махсуси президент Доналд Трамп гуфт, маъмурияти Кохи Сафед омода аст фишори таҳримҳоро ба Русия бо ҳадафи хатми ҷанг дар Украина якбора шиддат бахшад.
Дар ин бора Кит Келлог рӯзи 6-уми феврал дар мусоҳиба бо New York Post хабар дод. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, Киев ҳам бояд ба гузашт омода бошад. Келлог гуфт, татбиқи таҳримҳо нисбати Русияро аз рӯи баҳогузории даҳхолӣ баҳои се медиҳад ва гуфт, фишори иқтисодӣ болои Маскавро мешавад хеле бештар афзоиш дод. Ба гуфтаи ӯ, имкони тақвият додани таҳримҳои ахиран ҷоришуда ба соҳаи энергетикаи Русия вуҷуд дорад.
Фиристодаи вижа гуфт, ки президент Трамп хуб дарк мекунад, ки таҳримҳо як василаи бисёр қавии фишор мебошад.
Келлог дар ин мусоҳибааш тасдиқ намуд, ки ҳадафи хатми амалиёти фаъоли ҷангӣ аз масоили бартариятноки Трамп мебошад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, фишор болои Русия наметавонад танҳо аз роҳи ҳарбӣ сурат гирад, чунки, ба гуфтаи ӯ, дар ин кишвар ба талафоти азим дар ҷанг таърихан ҳассоият надоранд.
Келлог гуфт, ки Украина ва Русия бояд дар ниҳояти амр ба сулҳ даст ёбанд ва ҳам ба гузаштҳое роҳ диҳанд. Ин чӣ гузаштҳо буда метавонад, ӯ нагуфт.
Дар гузашта президент Трамп чандин бор ба зарурати хатми ҷанги миёни Русия ва Украина таъкид кардааст. Баъди шурӯи кораш дар мақоми президентӣ 20 январ ӯ бо президенти Русия Владимир Путин музокирае барпо накард, ҳарчанд гуфт, ки омода аст бо ӯ телефонӣ ҳамсӯҳбат шавад. Дар Кремл ҳам мегӯянд, ки барои муколама бо ИМА омода ҳастанд, вале таъкид мекунанд, ки Русия аз талаботи пештар гузоштааш даст намекашад. Маъмурияти Трамп ҳанӯз пешниҳоди воқеии дастёбӣ ба сулҳ дар Украинаро муаррифӣ накаардааст.
Трамп Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро таҳрим кард
Президенти ИМА Доналд Трамп ба Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят таҳрим ҷорӣ кард, чун ин ниҳод ҳабси нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва собиқ вазири дифои ин кишвар Йоав Галантро содир кардааст.
Дар қароре, ки дар сомонаи Кохи Сафед нашр шуд, таъкид мешавад, ки ин Додгоҳи байналмилалӣ нисбати бархе кормандони ИМА ва муттафиқони он, аз ҷумла Исроил таҳқиқи пешакиро шурӯъ карда барои ҳабси Нетаняҳу ва Галант ҳам амр содир намудааст. Трамп инро як таҷрибаи хатарнок номид ва ҳам гуфт, ки Додгоҳи байналмилалӣ ба низомиёни амрикоӣ хатар эҷод мекунад. Дар ин санад таъкид шудааст, ки ИМА ва Исроил Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро ба расмият намешиносанд.
Дар навбати худ, Додгоҳи байналмилалӣ дар Ҳейг (Гаагаи Нидерланди), ки дар кори он 120 давлат иштирок мекунанд, қарори президенти ИМА-ро маҳкум намуд. Дар изҳороти ин додгоҳ гуфта шудааст, ки он аз кормандонаш пурра ҳимоят мекунад ва аз кишварҳои иштирокдори додгоҳ хостааст, ки “дар амри ҳимоят аз адолат ва ҳуқуқҳои бунёдии инсон муттаҳид бошанд”.
Комиссиюни Аврупо ҳам аз қарори Трамп изҳори таассуф карда гуфтааст, ки Додгоҳи байналмилалӣ василаи муҳим дар мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ дониста мешавад. Қарори ИМА, ба бовари Комиссиюни Аврупо, метавонад таҳқиқи парвандаҳои мухталиф, аз ҷумла, ҷиноятҳои вобаста ба ҷанг дар Украинаро таҳти хатар қарор диҳад.
Қаблан ин додгоҳ қарори ҳабси президенти Русия Владимир Путинро содир кард ва гуфт, ӯ кӯдакони украиниро ғайриқонунӣ ба хоки Русия интиқол додааст. Русия ҳам маъмурияти додгоҳро ба расмият намешиносад.
Исроил аз қарори Трамп дастгирӣ кардааст.
Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятҳо дар Ҳейг бар асоси созиши аксар кишварҳои узви СММ бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани шахсиятҳои дастдошта дар наслкушӣ, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҳам ҷиноят алайҳи инсоният бунёд шудааст. Ин додгоҳи расмии СММ нест. Маъмурияти онро кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрикои Лотин ва аксар давлатҳои Африқо ба расмият шинохта, ИМА, Русия, Ҳинд ва Чин мегӯянд, ки онро эътироф намекунанд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия мавзӯи муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд
Қарор аст дар Маскав рӯзи 13 феврал мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия – Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор шавад.
Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия рӯзи 6 феврал гуфт, дар ин мулоқот “ҷараёни иҷрои созишномаҳои вобаста ба ҳамкориҳои шарикӣ, ҳамкориҳои стратегӣ ва дигар масоили вобаста ба робитаҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ мешаванд”. Ӯ таъкид кард, ки “таваҷҷӯҳи махсус ба тақвияти ҳамкорӣ дар риштаҳои амнияту дифоъ ва соҳаҳои башариву муҳоҷират равона мешавад”.
Дар ин вохӯрӣ барномаи ҳамкориҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2025 то 2026 ҳам имзо хоҳад шуд.
Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад, вале ин мулоқот дар ҳоле барпо хоҳад шуд, ки дар робитаҳои Тоҷикистону Русия мушкилоте вуҷуд доранд. Соли гузашта дар пасманзари ҳамла ба толори консертии “Крокус” ва муттаҳам шудани асосан шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкили он, Русия даст ба ихроҷу таъқиби даҳҳо ҳазор муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикистониён зад.
Кор то ҷое расид, ки чандин вазорати дахлдор дар Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ аз шаҳрвандон тақозо карданд, ки муваққатан аз сафар ба Русия даст кашанд. Масъулони идораи Омбудсмен аз поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон ва беҷавоб мондани муроҷиатҳои онҳо барои мурооти ҳуқуқи тоҷикистониён хабар доданд.
Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон дар бораи баргузор шудани мулоқоти Муҳриддин ва Лавров хабари расмӣ нашр накардааст. Вале тибқи нақшаи нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ барои нимаи аввали соли 2025, рӯзи 14 феврал дар Душанбе қарор аст мақомоти ВКХ-ии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар соли 2024 дар баробари матбуот гузориш диҳанд. Акнун маълум нест, ки оё дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин ҳам иштирок мекунад на.
Даргузашти Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа
Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, собиқ муовини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар рӯзи 7 феврал дар 78-солагӣ даргузашт.
Як пизишки беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа ду моҳи ахир дар манзилаш бемор буд ва чанд рӯз пеш ба сактаи мағзӣ дучор шуд. Ӯро вақтҳои охир ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда буданд.
Хабари марги ӯро ба Радиои Озодӣ наздиконаш тасдиқ карда гуфтанд, ки эҳтимолан ҷасадашро ба шаҳри Норак мебаранд ва дар канори қабри падараш ба хок месупоранд.
Саидҷон Сорбонхӯҷа аз рӯҳониёни маъруф дар вилояти Хатлон буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард. Аз ҷумла ин рӯҳонӣ соли 2015 ва дар авҷи пайвастани ҷавонони тоҷик ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” гуфта буд, ки дар Сурия ҷиҳод нест. Ӯ ҳамчунин борҳо гуфтааст, ки рӯҳониён бояд дар ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ӯ барои расидан ба сулҳ дар ҷаласаҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти вақт фаъолона иштирок мекард.
Узбекистон ҳафт чархболро ба Амрико баргардонд
Узбекистон бахше аз чархболҳоеро, ки баъди суқути ҳукумати Афғонистон ба ин кишвар оварда шуда буданд, ба Амрико баргардондааст. Ба гузориши “Садои Амрико”, 7 чархболи Black Hawk ба ИМА интиқол ёфтанд.
Моҳи августи соли 2021 ва пеш аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, низомиёни афғонистонӣ бо 22 ҳавопаймо ва 24 чархбол ба Узбекистон фирор карданд. Аксари ин таҷҳизотҳо ба Узбекистон дода шудаанд.
Чанд халабони афғонистонӣ бо ҳавопаймо ва чархболҳо ба Тоҷикистон ҳам фирор карда буданд. Ин чархболҳо то ҳол дар Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳукумати "Толибон" борҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон талаб кардааст, ки ин ҳавопаймоҳоро ба Кобул бидиҳанд, аммо ду кишвар ин талабро нодида гирифтанд. Мақомдорони амрикоӣ борҳо гуфтаанд, ин чархболҳо моли ИМА ҳастанд ва ин кишвар тасмим мегирад, ки онҳоро ба кӣ бидиҳад.
Талаб аз мақомоти Тоҷикистон: Рухшона Ҳакимоваро озод кунед
Созмони байнулмилалии "Гузоришгарони Бидуни Марз" аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки хабарнигор Рухшона Ҳакимоваро аз ҳабс озод кунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал дар мурофиаи паси дарҳои баста Ҳакимоваро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро беасос дониста гуфтанд, аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунанд.
Дар изҳороти "Гузоришгарони Бидуни Марз" омадааст, ин хабарнигори тоҷик дар “мурофиаи ғайриодилона” ва пӯшида маҳкум шуд. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки Рухшона Ҳакимова ва 8 рӯзноманигори дигари зиндониро озод кунанд.
Ҳабси Рухшона Ҳакимова вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бахусус инки ӯ ду кӯдак дорад, ки якеаш ҳаштмоҳа ва дуввуми дуюнимсола аст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани ҷазои зане, ки кӯдаки хурдсол дорад, аз мақомот талаб карданд, ки Рухшона Ҳакимоваро аз фарзандонаш ҷудо накунанд.
Соли 2024 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон кам шудааст
Соли 2024 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудааст.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтааст, соли гузашта дар кишвар 4 миллиону 351 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки назар ба як соли пеш 104 ҳазор тонна камтар аст.
Вазири саноат кам шудани истеҳсоли сементро ба афзоиши тавлиди ин намуд маҳсулот дар Узбекистон рабт дод. Узбекистон дар баробари Афғонистон яке аз ду харидори асосии сементи Тоҷикистон буд.
Аммо Тошканд моҳи ноябри соли гузашта нархи боҷи гумрукӣ барои ҳар тонна сементи Тоҷикистонро аз 35 доллар то 300 доллар зиёд кард.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 655 ҳазор тонна семент содир кардааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 30 дарсад камтар аст.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон асосан бо сармояи Чин чанд корхонаи бузурги тавлиди семент фаъол шуд, ҳарчанд нигарониҳо дар бораи зарари ин корхонаҳо ба муҳити зист ҷой дорад.
Поёни тафтиши парвандаи пурсарусадои "Крокус"
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус"-ро ба анҷом расондааст.
Дар ин бора расонаҳои русӣ, аз ҷумла, хабаргузории ТАСС, иттилоъ додаанд. Ба қавли манбаъ, бо анҷоми тафтиши парванда тарафҳо бо маводҳои парванда шинос мешаванд.
Олег Власов, вакили дифои яке аз гумонбарон ба ТАСС гуфтааст, аз рӯи қонун дар навбати аввал ҷабрдидаҳо бо парванда шинос мешаванд. Шумораи ҷабрдидаҳо ба гуфтаи ин вакили дифоъ, ҳудуди ҳазор нафар аст ва бинобар ҳамин, парванда ба ин зудӣ ба додгоҳ намеравад.
Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, вакилони дифоъ интизор доранд, ки парвандаи ҳамла ба "Крокус" то охири моҳи март ва дар яксолагии ин ҳодиса ба додгоҳ фиристода шавад.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 дар наздикии Маскав рӯй дод. Дар ин ҳамла беш аз 145 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Ба гумони нақшарезии ҳамла, иҷро ва кумак ба он, зиёда аз бист тан, асосан зодагони Тоҷикистон, дар боздошт ҳастанд.
Чор нафари онҳо омилони асосӣ муаррифӣ шуда, дар рӯзҳои аввали боздошт бо гӯши нимбурида, беҳушу беҳаракат ва порчае аз селофан дар гардан дар додгоҳ дида шуданд.
Баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" ихроҷи муҳоҷирон аз он кишвар бисёр зиёд шуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд, ки баъд аз ҳодисаи "Крокус", мавридҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар қаламрави Русия бештар шудааст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Пули фиристодаи онҳо барои иқтисоди оилаҳо муҳим дониста мешавад, вале мақомоти Тоҷикистон солҳои охир маблағи интиқолии онҳоро ошкор намекунанд.
Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.
Оқохони 4 дар Миср дафн мешавад
Рӯзи шанбе, 9-уми феврал қарор аст маросими хоксупории Карим Шоҳзода Оқохони 4 дар Миср баргузор шавад.
Ба гуфтаи Девони Имомати Исмоилия, Шоҳзода Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони чаҳорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки чаҳор рӯз пеш дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Лиссабони Португалия даргузашт, рӯзи якшанбеи 9-уми феврал дар Миср ба хок супурда мешавад. Дар ин бораи хабаргузории "Рейтерз" хабар додааст.
Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, бобои Оқохони чорум ҳам дар Миср дафн шудааст. Оқохони чаҳорум пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, дар 11 июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуда буд.
Пас аз хоксупории Оқохони 4, маросими ба тахт нишастани имоми нави исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳзода Раҳим, пешвои 50-уми исмоилиҳои ҷаҳон рӯзи сешанбе, 11-уми феврал барпо хоҳад шуд.
Дар ин бора масъулони маркази исмоилиҳои ҷаҳон рӯзи 6-уми феврал дар як изҳороти матбуотӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи онҳо, Шоҳзода Карим Оқохон дар як маросими хусусие бидуни даъвати меҳмонони беруна ё хориҷӣ мувофиқ бо маросимҳои шиаёни исмоилӣ хоксупорӣ мешавад.
Рӯзи сешанбе қарор аст маросими ба тахт нишастани Шоҳзода Раҳим бо қироати оинномаи ҷомеаи исмоилиҳо барпо шавад. Таъкид гардид, ки барои иштирок дар ин маросим 22 раҳбари кишвар ва минтақаҳое даъват шудаанд, ки ҷомеаи исмоилиҳо дар он ҷо ҳузур доранд.
Намояндаи ИМА дар нишасти G20 иштирок намекунад
Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА аз ширкат дар нишасти "Гурӯҳи 20", ки дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, худдорӣ кардааст.
Ин гурӯҳ 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ки дар нишастҳояшон маъмулан дар масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва тиҷоратӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳам тасмим мегиранд.
Нишасти навбатӣ рӯзҳои 20-21-уми феврал бояд баргузор шавад.
Марк Рубио дар саҳифааш дар X навиштааст, ки Африқои Ҷанубӣ "корҳои нохуб" мекунад, аз ин рӯ, ба ин кишвар намеравад.
Ӯ гуфтааст, ки ин кишвар ноодилона заминҳоро аз соҳибонашон мегирад.
Манзури Рубио аз қонунест, ки тақсими одилонаи замин дар ин кишварро дар назар гирифтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Африқои Ҷанубӣ дар изҳороте ҳарфҳои Рубиоро рад ва аз қонуни мусодираи замин ба фоидаи мардум пуштибонӣ кардааст.
Пештар Доналд Трамп, президенти ИМА низ Африқои Ҷанубиро танқид карда гуфт, ки кумак ба ин кишварро қатъ мекунад.
"Гурӯҳи 20" соли 2008 пас аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ташкил шуд ва ҳадафаш ҳамоҳангии кишварҳо дар масоили иқтисодӣ аст.
Шоҳзода Раҳим роҳбари нави исмоилиён эълон шуд
Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони панҷ, имоми 50-уми исмоилиёни ҷаҳон эълон шуд. Шабакаи Рушди Оқохон 5-уми феврал дар эъломияе гуфт, Шоҳзода Раҳим бар асоси васияти падараш Оқохони 4 роҳбари нави исмоилиён шудааст.
Шоҳзода Раҳим 54-сол дошта, писари бузурги Шоҳзода Карим Оқохони 4 аст. Ӯ дар мудирияти бисёре аз ниҳодҳои Шабакаи Оқохон нақш дорад.
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиён, рӯзи 4-уми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам пайрави мазҳаби исмоилия ҳастанд.
САҲА интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат намекунад
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки нозиронаш ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи мартро дар Тоҷикистон назорат намекунанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.
Мария Телалян, роҳбари Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфтааст, "набудани кафолати расмӣ дар бораи онки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд", як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.
Дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карда гуфтанд, танҳо дар асоси мактуби расмӣ посух медиҳанд.
Намояндагони ин созмон моҳи январ зимни нишасте дар Душанбе гуфта буданд, барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон 11 коршиноси байнулмилалӣ ва 150 нозири кутоҳмуддат мефиристанд.
Аммо дар изҳороти ахири САҲА омадааст, ҳарчанд ҳайати нозирон рӯзи 22-юми январ ифтитоҳ шуд, аммо гурӯҳи коршиносон муқими Душанбе натавонистаанд ба кори худ шурӯъ кунанд.
Интихоботи порлумонӣ 2-юми марти имсол баргузор мешавад.
63 узви Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.
Ҳамаи ин аҳзоб, ошкоро аз сиёсатҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким тарафдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" ва ё офаридаи ҳукумат мешуморанд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳизби мухолиф дар ҷумҳурӣ номбар мешуд, дар интихоботҳои пешина ширкат карда, вале ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфтааст. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар гузашта намояндагонаш дар порлумон ҳузур доштанд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъст.
САҲА то кунун ҳашт интихоботро дар Тоҷикистонро назорат кардааст. Хулосаҳои нозиронаш ҳам ин будааст, ки ин корзорҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.
Хадамоти зидиинҳисорӣ аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ гуфт
Намояндагони Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, эҳтимол имсол нархи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар боло меравад.
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамот 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, пешниҳод барои боло бурдани арзиши барқ ба ҳукумат ирсол шудааст.
Тасмими ниҳоӣ дар ин бора ба гуфтаи Қурбонзода, аз сӯи ҳукумат гирифта мешавад. Аммо муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ нагуфт, ки нархи барқ чӣ қадар боло меравад? Сафаралӣ Қурбонзода танҳо афзуд, нархи ниҳоии барқ "пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад".
Бори ахир нерӯи барқ моҳи январи соли 2024 гарон шуда буд. Аз он вақт сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат барқ 30,75 ва корхонаҳо 70,35 дирам месупоранд.
Корхонаҳои “Талко”, Комбинати металлургии Тоҷикистон ва корхонаи нуриҳои "Азот" нархи барқро аз дигар корхонаҳо арзонтар мегиранд.
“Талко” давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз, аз сӯи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ба ширкати “Фароз” ягон робита надоранд. Соҳиби корхонаи “Азот” маълум нест.
Боздошти як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Туркия
Пулиси Туркия Фирӯз Бобоев, фаъоли "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро дар ин кишвар дастгир кардааст.
Намояндагони созмон рӯзи 5-уми феврал гуфтанд, Бобоев аз соли 2016 дар Туркия "паноҳҷӯст", вале "бори дувум боздошт мешавад".
"Ин дафъа 21-уми январ дастгир шуд ва дар ҳолати истирдод қарор дорад," -- гуфта шудааст дар эъломияи “Гурӯҳи 24”. Фаъолияти созмон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст.
Намояндагонаш рӯзи чоршанбе гуфтанд, Фирӯз Бобоев бори аввал моҳи августи соли 2024 "бо дархости Тоҷикистон боздошт ва моҳи октябр раҳо гардид".
“Гурӯҳи 24” аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқ ва кишварҳои демократӣ хостааст, ба озодии Фирӯз Бобоев дар Туркия мадад кунанд: "Аз рӯйи таҷриба, Туркия ҷойи озодандешон нест. Ҳар дақиқа имкон дорад, Бобоевро ба Тоҷикистон истирдод ва ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кунанд."
Даъвои мақомоти Тоҷикистон алайҳи Фирӯз Бобоев ба мо маълум нест.
“Гурӯҳи 24” низ ҷузъиёти иттиҳомро ошкор накардааст, аммо фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст ва то кунун даҳҳо нафар барои пайравӣ аз он дастгиру зиндонӣ шудаанд.
Бори охир дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, намояндаи баландпояи ин созмон, дар Истанбул нопадид ва дертар дар Тоҷикистон мутаносибан ба сӣ ва бист сол зиндон маҳкум карда шуданд.
Вакили рус хостааст, аз пули муҳоҷирон "ҳақ" гирифта шавад
Дар як кӯшиши дигар барои сахт кардани рӯзгори муҳоҷирони корӣ дар Русия баъзе аз вакилони рус пешниҳод доранд, ки аз пули интиқолии онҳо ҳақ ё боҷ ситонида шавад.
Сергей Миронов, раиси ҳазби “Русияи одил”, дар саҳифааш дар Телеграм навишт, тарҳи қонунеро дар ин бора ба Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад.
Ба қавли ӯ, азбаски коргарони хориҷӣ бе супурдани молиёте аз Русия ба ватани худ пул мефиристанд, буҷаи Русия зиён мебинад.
Ӯ афзудааст, агар аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон 3-дарсадӣ боҷ ситонанд, пули зиёде ба буҷаи Русия ворид мешавад.
Сергей Миронов мисол овардааст, ки соли 2024 шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон ба ватани худ зиёда аз 14 миллиард доллар фиристодаанд ва агар аз ин пул 3-дарсадӣ ҳақ меситонданд, ба буҷаи Русия 45 миллиард рубл ворид мешуд.
Вакили муҳоҷирситези рус чизе дар бораи Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дорад ва солона ба хешовандони худ садҳо миллион доллар мефиристанд.
Зеленский гуфт, барои суҳбат бо Путин омода аст
Раисҷумҳури Украина гуфт, барои поён додан ба ҷанг дар кишвараш омода аст, бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбат кунад.
Аммо Владимир Зеленский таъкид кард, ин корро танҳо дар сурате анҷом медиҳад, ки ин ягона роҳи таъмини сулҳ дар Украина бошад.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори бритониёӣ рӯзи 4-уми феврал гуфт: "Агар фикр кунанд, ки мушкилоти ҷанг бояд тавассути дипломатия ҳал шавад, мо омодаем, аммо Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Украина ва Русия бояд ҳама дар ин музокирот ҳузур дошта ошанд."
Зеленский ҳамчунин аз лағви таҳримҳо алайҳи Русия ҳушдор дод ва ҳамзамон пурсид, ки барои кафолати амният дар Украина ба таслиҳоти ҳастаӣ ниёзе ҳаст ё на.
Human Rights Watch ҳукми Рухшона Ҳакимоваро маҳкум кард
Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳукми хабарнигори тоҷик Рухшона Ҳакимоваро қотеона маҳкум кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро, ки ду фарзанди хурдсол дорад, рӯзи 5-уми феврал ҳашт сол аз озодӣ маҳрум намуд. Пештар додситон барояш 17 сол зиндон хоста буд. Худаш иттиҳоми “хиёнат ба давлат”-ро напазируфтааст.
Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Human Rights Watch дар масоили Осиёи Марказӣ, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мутаассифона, дар Тоҷикистон муддатҳои дароз аст, ки хабарнигорон, блогерҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ барои баёни андешаи интиқодӣ таъқиб мешаванд. Рухшона журналисти нуҳум аст, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шудааст.”
Ҳашт нафари дигар – Улфатхоним Мамадшоева, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Аҳмади Иброҳим мебошанд.
“Парвандаҳои аксари онҳо паси дарҳои баста ва таҳти мӯҳри махфӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин рӯ , мешавад гуфт, ки бо чунин муносибат ба парвандаҳо ба муҳокимаҳои одилонаи додгоҳӣ аслан умедвор буда намешавад”, -- гуфт Султоналиева.
Ин намояндаи Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, даст аз таъқиби журналистон бардоранд.
“Ҳамаи журналистони маҳкумшударо озод карда, барояшон бозбинии одилонаи парвандаро фароҳам биоранд. Ҳатто агар мақомот дар Тоҷикистон ба гунаҳкор будани онҳо далели боварбахш дошта бошанд,” – хулоса кард ӯ.
Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Девони Имомати Исмолия
Раисҷумҳури Тоҷикистон нисбат ба даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони чорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ибрози ҳамдардӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Девони Имомати Исмолия навишт, "шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст."
"Вобаста ба ин, мехоҳам саҳми ӯро дар пешбурди ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям," – афзудааст ӯ рӯзи 5-уми феврал.
Шоҳзода Карим Оқохони чорум рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. Ӯ 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Бори охир дар моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон омадааст. Дар соли 2022 ду бор дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон изҳорот дода, ибрози нигаронии худро баён дошта буд.
Оқохони чор рӯзи 13-уми декабри соли 1936 дар Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, замони кӯдакиро дар Кения гузарондааст. Сипас 9 сол дар мактаби Ле Розеи Швейтсария таҳсил намуда, соҳиби дипломи таърихи Исломи Ҳарвард шуд. Дар 21-солагӣ, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Номи ҷойнишини ӯ ҳанӯз эълон нашудааст.
Додгоҳи олӣ ҳукми гумонбарон дар парвандаи "табаддулот"-ро эълон кард
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард.
Тибқи иттилои бадастомада, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 27 сол зиндон маҳкум шудааст. Бар асоси қарори додгоҳ, амволи Зарифӣ мусодира мешавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили порлумон ҳам 27 сол аз озодӣ маҳрум шудааст ва бо қарори додгоҳ амволаш мусодира мешавад.
Додгоҳ ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ-ро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам 18 зиндонӣ шудааст.
Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ба 18 сол зиндон ва мусодираи як қисмати амвол, маҳкум шудааст.
Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 18 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ барои 17 сол равонаи зиндон шуд.
Додгоҳ Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷикро ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимовро ба 8 сол зиндон маҳкум кардааст.
Вокуниши ин нафарон ба ҳукми додгоҳ феълан маълум нест. Чеҳраҳои шинохта дар сухани охиронашон дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки онҳоро озод кунанд.
Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон, масъули таҳқиқи парванда, бар рӯйи он муҳри махфӣ зада, ба хабарнигорон маълумот намедиҳад. Аммо ин ниҳод рӯзи 14-уми июни соли 2024, баъд аз боздошти вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода, гуфта буд, ки нақшаи ғасби ҳукумат дар Тоҷикистон тӯли чанд сол омода шудааст.
Трамп бори дигар пешниҳод кард, ки сокинони Ғазза кӯч банданд
Президенти Амрико Доналд Трамп бори дигар пешниҳод кард, ки сокинони Навори Ғазза барои ҳамеша ин борикаро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя кӯч банданд.
Трамп рӯзи 4-уми феврал дар Кохи Сафед ва дар ҳузури Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, Навори Ғаззаро “макони тахрибмешуда” ном бурд.
Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс", телевизиони CNN ва дигар расонаҳо хабар додаанд. Ба гузориши расонаҳо, вақте раиси ҷумҳури Амрико аз кӯчондани сокинони Ғазза суҳбат мекард, Бенямин Нетаняҳу табассум мекард.
Доналд Трамп бори дигар аз Урдун, Миср ва дигар кишварҳои арабӣ хост, ки сокинони Ғаззаро қабул кунанд, чун ба гуфтаи президенти Амрико бошандагони ин борика ба ҷуз тарки хонаҳояшон, дигар интихобе надоранд.
Қаблан кишварҳои арабӣ аз ҷумла, Миср ва Урдун қабули сокинони Ғаззаро рад карда, гуфта буданд, ки онҳо бояд дар хонаҳояшон бимонанд.
Таблиғоти номзадҳо ба курсии вакилӣ ҳафтаи оянда оғоз мешавад
Намояндагони Комиссияи марказии интихобот мегӯянд, то рӯзи 9-уми феврал сабти номзадҳо барои вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба анҷом мерасад.
Ду намояндаи Комиссияи интихобот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан номзадҳо ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карданд ва дар асноди баъзе онҳо камбудҳое ҳаст, ки бояд ислоҳ шаванд.
Дар Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, то охири ҳафтаи равон ба номзадҳои сабтшуда шаҳодатнома медиҳанд ва баъд онҳо ҳақ доранд таблиғоти худро оғоз кунанд.
Қарор аст интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март имсол баргузор шавад. Аз 7 ҳизби сиёсии расман сабтшуда дар кишвар, намояндагони 6 ҳизб номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, дар интихобот ширкат намекунад.
Интихоботҳои порлумонӣ дар Тоҷикистон ҳар 5 сол баргузор мешаванд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони САҲА, ки ҳашт интихоботро дар Тоҷикистон назорат кардааст, чанде пеш гуфт, ин корзорҳои муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.
Як ҳайати СММ: Қатли асирони украинӣ аз сӯи Русия афзудааст
Ҳайати Дидбони ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Украина эълон кард, ки дар моҳҳои охир шумори эъдоми асирони украинӣ аз сӯи Русия "дар ҳадди нигаронкунанда" афзоиш ёфтааст.
Ин ҳайат рӯзи 3-юми феврал дар баёнияе гуфт, аз охири моҳи августи соли 2024 то кунун дар 24 гузориши алоҳида хабари эъдоми 79 асири украиниро дарёфт кардааст.
Тибқи қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, эъдоми асирони ҷангӣ ва захмиҳо ҷинояти ҷангӣ хонда мешавад.
Дидбони ҳуқуқи башари СММ дар идомаи баёнияи худ афзуд, "бисёре аз сарбозони украинӣ, ки худро таслим карда ё ба асорати артиши Русия даромадаанд, дар маҳал эъдом шудаанд. Далелҳои пешниҳодшуда аз сӯи шоҳидон низ аз кушта шудани сарбозони захмии украинӣ ҳикоят мекунад".
Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки ҷомеаи байнулмилалӣ бояд ба ҷиноятҳои Русия вокуниш нишон диҳад. Ӯ дар шабакаи Х (Твиттери пешин), навишт, "эъдоми ваҳшатноки асирони украинӣ тавассути Русия нишон медиҳад, ки Украина бо як ҳаюлои воқеӣ рӯбарӯст. Мо ба абзорҳои қонунии байнулмалилии муассир ва чораҳои мушаххас барои муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо ниёз дорем."
Вазорати дифои Русия ҳозир нашудааст ба дархости хабаргузории "Рейтерз" барои изҳори назар дар ин бора посух диҳад.
Ҳайати дидбони ҳуқуқи башари СММ дар Украина дар таҳқиқоти худ аксу видеоро аз саҳнаҳои эъдом ва ҷасади асирони украинӣ таҳлил ва бо шоҳидони айнӣ мусоҳибаҳои дақиқ ва муфассал анҷом додааст. Ин ҳайат хотирнишон кард, ки эъдомҳо дар минтақаҳое, ки артиши Русия дар ҳоли пешравӣ аст, рӯй додаанд.
Даниелле Белл, раиси ҳайат гуфт, "шуморе аз фармондеҳони артиши Русия бо сароҳат хостори бархӯрдҳои ғайриинсонӣ ва ҳатто эъдоми асирони украинӣ шудаанд.
Ин ҳайат дар бахши дигаре аз баёнияи худ афзуд, ки эъдоми сарбозони захмӣ ва маъюби Русия тавассути артиши Украина дар соли 2024-ро мустанад кардааст, вале ҷузъиёти бештаре ироа накард. Дафтари Додситонии кулли Украина низ эълон кард, ки таҳқиқот дар мавриди эъдоми даҳҳо низомии ин кишвар тавассути артиши Русияро оғоз кардааст.
Гуфтугӯ