Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Тафтишот 1700 нафарро ҷабрдидаи ҳамлаи “Крокус” номидааст

Бар асоси санадҳои додгоҳи ноҳияи Басманний, 1700 нафар ҷабрдидаи ҳодисаи ҳамла ба  толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав дониста мешавад.

Ин маълумотро “Медиазона” аз қарори додгоҳ оид ба тамдиди ҳабси чор гумонбари ширкат дар ҳамла дарёфтааст.

Дар ин ҳодиса 800 нафар чун шоҳид сабт шудаанд. То ҳол мақомот гузориш додаанд, ки беш аз 20 мавриди кофтукоб анҷом ёфта, 650 мавриди санҷиш таъин шудааст. Дар миёни онҳо инчунин санҷишҳои баллистикӣ, муоинаи фаннии оташнишонӣ ва санҷиши муҳандисию сохтмонӣ таъин шудаанд.

20 нафар айбдоршаванда мебошанд, ки дастикам 12 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. 18 нафар дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва ду нафар бо шарти берун нарафтан дар озодӣ қарор доранд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” шоми 22 март рух дод ва дар он ҳодисаҳо 144 нафар кушта шуд. Як қисми онҳоро ҳамлагарон бо тири туфанг куштанд, вале аксарият дар натиҷаи сӯхтор ва нафасгир шуда ҷон доданд.

Шохаи Хуросони гурӯҳи мамнӯи «Давлати Исломӣ» иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯёни он анҷом додаанд. Дар Ғарб ҳам ба ин иддао бовар мекунанд.

Ҷониби Русия мегӯяд, ки дар пушти иҷрокунандагони ҳамла Украина истодааст. Киев ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

Чор нафаре, ки онҳоро иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла меноманд, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамаи онҳо бераҳмона ва ваҳшиёна шиканҷа шудаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия мавзӯи муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд

24 феврали соли 2020, Маскав
24 феврали соли 2020, Маскав

Қарор аст дар Маскав рӯзи 13 феврал мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия – Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор шавад.

Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия рӯзи 6 феврал гуфт, дар ин мулоқот “ҷараёни иҷрои созишномаҳои вобаста ба ҳамкориҳои шарикӣ, ҳамкориҳои стратегӣ ва дигар масоили вобаста ба робитаҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ мешаванд”. Ӯ таъкид кард, ки “таваҷҷӯҳи махсус ба тақвияти ҳамкорӣ дар риштаҳои амнияту дифоъ ва соҳаҳои башариву муҳоҷират равона мешавад”.

Дар ин вохӯрӣ барномаи ҳамкориҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2025 то 2026 ҳам имзо хоҳад шуд.

Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад, вале ин мулоқот дар ҳоле барпо хоҳад шуд, ки дар робитаҳои Тоҷикистону Русия мушкилоте вуҷуд доранд. Соли гузашта дар пасманзари ҳамла ба толори консертии “Крокус” ва муттаҳам шудани асосан шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкили он, Русия даст ба ихроҷу таъқиби даҳҳо ҳазор муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикистониён зад.

Кор то ҷое расид, ки чандин вазорати дахлдор дар Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ аз шаҳрвандон тақозо карданд, ки муваққатан аз сафар ба Русия даст кашанд. Масъулони идораи Омбудсмен аз поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон ва беҷавоб мондани муроҷиатҳои онҳо барои мурооти ҳуқуқи тоҷикистониён хабар доданд.

Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон дар бораи баргузор шудани мулоқоти Муҳриддин ва Лавров хабари расмӣ нашр накардааст. Вале тибқи нақшаи нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ барои нимаи аввали соли 2025, рӯзи 14 феврал дар Душанбе қарор аст мақомоти ВКХ-ии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар соли 2024 дар баробари матбуот гузориш диҳанд. Акнун маълум нест, ки оё дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин ҳам иштирок мекунад на.

Даргузашти Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, собиқ муовини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар рӯзи 7 феврал  дар 78-солагӣ даргузашт.  

Як пизишки беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Бохтар рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа ду моҳи ахир дар манзилаш бемор буд ва чанд рӯз пеш ба сактаи мағзӣ дучор шуд. Ӯро вақтҳои охир ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда буданд.

Хабари марги ӯро ба Радиои Озодӣ наздиконаш тасдиқ карда гуфтанд, ки эҳтимолан ҷасадашро ба шаҳри Норак мебаранд ва дар канори қабри падараш ба хок месупоранд.

Саидҷон Сорбонхӯҷа аз рӯҳониёни маъруф дар вилояти Хатлон буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард. Аз ҷумла ин рӯҳонӣ соли 2015 ва дар авҷи пайвастани ҷавонони тоҷик ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” гуфта буд, ки дар Сурия ҷиҳод нест. Ӯ ҳамчунин борҳо гуфтааст, ки рӯҳониён бояд дар ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ӯ барои расидан ба сулҳ дар ҷаласаҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти вақт фаъолона иштирок мекард.

Узбекистон ҳафт чархболро ба Амрико баргардонд

Узбекистон бахше аз чархболҳоеро, ки баъди суқути ҳукумати Афғонистон ба ин кишвар оварда шуда буданд, ба Амрико баргардондааст. Ба гузориши “Садои Амрико”, 7 чархболи Black Hawk ба ИМА интиқол ёфтанд.

Моҳи августи соли 2021 ва пеш аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, низомиёни афғонистонӣ бо 22 ҳавопаймо ва 24 чархбол ба Узбекистон фирор карданд. Аксари ин таҷҳизотҳо ба Узбекистон дода шудаанд.

Чанд халабони афғонистонӣ бо ҳавопаймо ва чархболҳо ба Тоҷикистон ҳам фирор карда буданд. Ин чархболҳо то ҳол дар Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳукумати "Толибон" борҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон талаб кардааст, ки ин ҳавопаймоҳоро ба Кобул бидиҳанд, аммо ду кишвар ин талабро нодида гирифтанд. Мақомдорони амрикоӣ борҳо гуфтаанд, ин чархболҳо моли ИМА ҳастанд ва ин кишвар тасмим мегирад, ки онҳоро ба кӣ бидиҳад.

Талаб аз мақомоти Тоҷикистон: Рухшона Ҳакимоваро озод кунед

Фарзандони Рухшона Ҳакимова яке нуҳмоҳа ва дигарӣ дуюнимсола ҳастанд
Фарзандони Рухшона Ҳакимова яке нуҳмоҳа ва дигарӣ дуюнимсола ҳастанд

Созмони байнулмилалии "Гузоришгарони Бидуни Марз" аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки хабарнигор Рухшона Ҳакимоваро аз ҳабс озод кунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал дар мурофиаи паси дарҳои баста Ҳакимоваро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро беасос дониста гуфтанд, аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунанд.

Дар изҳороти "Гузоришгарони Бидуни Марз" омадааст, ин хабарнигори тоҷик дар “мурофиаи ғайриодилона” ва пӯшида маҳкум шуд. Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки Рухшона Ҳакимова ва 8 рӯзноманигори дигари зиндониро озод кунанд.

Ҳабси Рухшона Ҳакимова вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бахусус инки ӯ ду кӯдак дорад, ки якеаш ҳаштмоҳа ва дуввуми дуюнимсола аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани ҷазои зане, ки кӯдаки хурдсол дорад, аз мақомот талаб карданд, ки Рухшона Ҳакимоваро аз фарзандонаш ҷудо накунанд.

Соли 2024 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон кам шудааст

Соли 2024 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудааст.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтааст, соли гузашта дар кишвар 4 миллиону 351 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки назар ба як соли пеш 104 ҳазор тонна камтар аст.

Вазири саноат кам шудани истеҳсоли сементро ба афзоиши тавлиди ин намуд маҳсулот дар Узбекистон рабт дод. Узбекистон дар баробари Афғонистон яке аз ду харидори асосии сементи Тоҷикистон буд.

Аммо Тошканд моҳи ноябри соли гузашта нархи боҷи гумрукӣ барои ҳар тонна сементи Тоҷикистонро аз 35 доллар то 300 доллар зиёд кард.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 655 ҳазор тонна семент содир кардааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 30 дарсад камтар аст.

Солҳои ахир дар Тоҷикистон асосан бо сармояи Чин чанд корхонаи бузурги тавлиди семент фаъол шуд, ҳарчанд нигарониҳо дар бораи зарари ин корхонаҳо ба муҳити зист ҷой дорад.

Поёни тафтиши парвандаи пурсарусадои "Крокус"

Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус"-ро ба анҷом расондааст. 

Дар ин бора расонаҳои русӣ, аз ҷумла, хабаргузории ТАСС, иттилоъ додаанд. Ба қавли манбаъ, бо анҷоми тафтиши парванда тарафҳо бо маводҳои парванда шинос мешаванд.

Олег Власов, вакили дифои яке аз гумонбарон ба ТАСС гуфтааст, аз рӯи қонун дар навбати аввал ҷабрдидаҳо бо парванда шинос мешаванд. Шумораи ҷабрдидаҳо ба гуфтаи ин вакили дифоъ, ҳудуди ҳазор нафар аст ва бинобар ҳамин, парванда ба ин зудӣ ба додгоҳ намеравад.

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, вакилони дифоъ интизор доранд, ки парвандаи ҳамла ба "Крокус" то охири моҳи март ва дар яксолагии ин ҳодиса ба додгоҳ фиристода шавад.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 дар наздикии Маскав рӯй дод. Дар ин ҳамла беш аз 145 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гумони нақшарезии ҳамла, иҷро ва кумак ба он, зиёда аз бист тан, асосан зодагони Тоҷикистон, дар боздошт ҳастанд.

Чор нафари онҳо омилони асосӣ муаррифӣ шуда, дар рӯзҳои аввали боздошт бо гӯши нимбурида, беҳушу беҳаракат ва порчае аз селофан дар гардан дар додгоҳ дида шуданд.

Баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" ихроҷи муҳоҷирон аз он кишвар бисёр зиёд шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд, ки баъд аз ҳодисаи "Крокус", мавридҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар қаламрави Русия бештар шудааст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Пули фиристодаи онҳо барои иқтисоди оилаҳо муҳим дониста мешавад, вале мақомоти Тоҷикистон солҳои охир маблағи интиқолии онҳоро ошкор намекунанд.

Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Оқохони 4 дар Миср дафн мешавад

Карим Шоҳзода Оқохони 4.
Карим Шоҳзода Оқохони 4.

Рӯзи шанбе, 9-уми феврал қарор аст маросими хоксупории Карим Шоҳзода Оқохони 4 дар Миср баргузор шавад.

Ба гуфтаи Девони Имомати Исмоилия, Шоҳзода Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони чаҳорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки чаҳор рӯз пеш дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Лиссабони Португалия даргузашт, рӯзи якшанбеи 9-уми феврал дар Миср ба хок супурда мешавад. Дар ин бораи хабаргузории "Рейтерз" хабар додааст.

Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, бобои Оқохони чорум ҳам дар Миср дафн шудааст. Оқохони чаҳорум пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, дар 11 июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуда буд.

Пас аз хоксупории Оқохони 4, маросими ба тахт нишастани имоми нави исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳзода Раҳим, пешвои 50-уми исмоилиҳои ҷаҳон рӯзи сешанбе, 11-уми феврал барпо хоҳад шуд.

Дар ин бора масъулони маркази исмоилиҳои ҷаҳон рӯзи 6-уми феврал дар як изҳороти матбуотӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, Шоҳзода Карим Оқохон дар як маросими хусусие бидуни даъвати меҳмонони беруна ё хориҷӣ мувофиқ бо маросимҳои шиаёни исмоилӣ хоксупорӣ мешавад.

Рӯзи сешанбе қарор аст маросими ба тахт нишастани Шоҳзода Раҳим бо қироати оинномаи ҷомеаи исмоилиҳо барпо шавад. Таъкид гардид, ки барои иштирок дар ин маросим 22 раҳбари кишвар ва минтақаҳое даъват шудаанд, ки ҷомеаи исмоилиҳо дар он ҷо ҳузур доранд.

Намояндаи ИМА дар нишасти G20 иштирок намекунад

Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА
Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА

Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА аз ширкат дар нишасти "Гурӯҳи 20", ки дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, худдорӣ кардааст.

Ин гурӯҳ 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ки дар нишастҳояшон маъмулан дар масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва тиҷоратӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳам тасмим мегиранд.

Нишасти навбатӣ рӯзҳои 20-21-уми феврал бояд баргузор шавад.

Марк Рубио дар саҳифааш дар X навиштааст, ки Африқои Ҷанубӣ "корҳои нохуб" мекунад, аз ин рӯ, ба ин кишвар намеравад.

Ӯ гуфтааст, ки ин кишвар ноодилона заминҳоро аз соҳибонашон мегирад.

Манзури Рубио аз қонунест, ки тақсими одилонаи замин дар ин кишварро дар назар гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Африқои Ҷанубӣ дар изҳороте ҳарфҳои Рубиоро рад ва аз қонуни мусодираи замин ба фоидаи мардум пуштибонӣ кардааст.

Пештар Доналд Трамп, президенти ИМА низ Африқои Ҷанубиро танқид карда гуфт, ки кумак ба ин кишварро қатъ мекунад.

"Гурӯҳи 20" соли 2008 пас аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ташкил шуд ва ҳадафаш ҳамоҳангии кишварҳо дар масоили иқтисодӣ аст.

Шоҳзода Раҳим роҳбари нави исмоилиён эълон шуд

Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ
Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ

Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони панҷ, имоми 50-уми исмоилиёни ҷаҳон эълон шуд. Шабакаи Рушди Оқохон 5-уми феврал дар эъломияе гуфт, Шоҳзода Раҳим бар асоси васияти падараш Оқохони 4 роҳбари нави исмоилиён шудааст.

Шоҳзода Раҳим 54-сол дошта, писари бузурги Шоҳзода Карим Оқохони 4 аст. Ӯ дар мудирияти бисёре аз ниҳодҳои Шабакаи Оқохон нақш дорад.

Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиён, рӯзи 4-уми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.

Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам пайрави мазҳаби исмоилия ҳастанд.

САҲА интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат намекунад

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки нозиронаш ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи мартро дар Тоҷикистон назорат намекунанд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.

Мария Телалян, роҳбари Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфтааст, "набудани кафолати расмӣ дар бораи онки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд", як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.

Дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карда гуфтанд, танҳо дар асоси мактуби расмӣ посух медиҳанд.

Намояндагони ин созмон моҳи январ зимни нишасте дар Душанбе гуфта буданд, барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон 11 коршиноси байнулмилалӣ ва 150 нозири кутоҳмуддат мефиристанд.

Аммо дар изҳороти ахири САҲА омадааст, ҳарчанд ҳайати нозирон рӯзи 22-юми январ ифтитоҳ шуд, аммо гурӯҳи коршиносон муқими Душанбе натавонистаанд ба кори худ шурӯъ кунанд.

Интихоботи порлумонӣ 2-юми марти имсол баргузор мешавад.

63 узви Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.

Ҳамаи ин аҳзоб, ошкоро аз сиёсатҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким тарафдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" ва ё офаридаи ҳукумат мешуморанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳизби мухолиф дар ҷумҳурӣ номбар мешуд, дар интихоботҳои пешина ширкат карда, вале ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфтааст. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар гузашта намояндагонаш дар порлумон ҳузур доштанд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъст.

САҲА то кунун ҳашт интихоботро дар Тоҷикистонро назорат кардааст. Хулосаҳои нозиронаш ҳам ин будааст, ки ин корзорҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.

Хадамоти зидиинҳисорӣ аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ гуфт

Намояндагони Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, эҳтимол имсол нархи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар боло меравад.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамот 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, пешниҳод барои боло бурдани арзиши барқ ба ҳукумат ирсол шудааст.

Тасмими ниҳоӣ дар ин бора ба гуфтаи Қурбонзода, аз сӯи ҳукумат гирифта мешавад. Аммо муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ нагуфт, ки нархи барқ чӣ қадар боло меравад? Сафаралӣ Қурбонзода танҳо афзуд, нархи ниҳоии барқ "пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад".

Бори ахир нерӯи барқ моҳи январи соли 2024 гарон шуда буд. Аз он вақт сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат барқ 30,75 ва корхонаҳо 70,35 дирам месупоранд.

Корхонаҳои “Талко”, Комбинати металлургии Тоҷикистон ва корхонаи нуриҳои "Азот" нархи барқро аз дигар корхонаҳо арзонтар мегиранд.

“Талко” давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз, аз сӯи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ба ширкати “Фароз” ягон робита надоранд. Соҳиби корхонаи “Азот” маълум нест.

Боздошти як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Туркия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Туркия Фирӯз Бобоев, фаъоли "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро дар ин кишвар дастгир кардааст.

Намояндагони созмон рӯзи 5-уми феврал гуфтанд, Бобоев аз соли 2016 дар Туркия "паноҳҷӯст", вале "бори дувум боздошт мешавад".

"Ин дафъа 21-уми январ дастгир шуд ва дар ҳолати истирдод қарор дорад," -- гуфта шудааст дар эъломияи “Гурӯҳи 24”. Фаъолияти созмон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст.

Намояндагонаш рӯзи чоршанбе гуфтанд, Фирӯз Бобоев бори аввал моҳи августи соли 2024 "бо дархости Тоҷикистон боздошт ва моҳи октябр раҳо гардид".

“Гурӯҳи 24” аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқ ва кишварҳои демократӣ хостааст, ба озодии Фирӯз Бобоев дар Туркия мадад кунанд: "Аз рӯйи таҷриба, Туркия ҷойи озодандешон нест. Ҳар дақиқа имкон дорад, Бобоевро ба Тоҷикистон истирдод ва ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кунанд."

Даъвои мақомоти Тоҷикистон алайҳи Фирӯз Бобоев ба мо маълум нест.

“Гурӯҳи 24” низ ҷузъиёти иттиҳомро ошкор накардааст, аммо фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст ва то кунун даҳҳо нафар барои пайравӣ аз он дастгиру зиндонӣ шудаанд.

Бори охир дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, намояндаи баландпояи ин созмон, дар Истанбул нопадид ва дертар дар Тоҷикистон мутаносибан ба сӣ ва бист сол зиндон маҳкум карда шуданд.

Вакили рус хостааст, аз пули муҳоҷирон "ҳақ" гирифта шавад

Сергей Миронов
Сергей Миронов

Дар як кӯшиши дигар барои сахт кардани рӯзгори муҳоҷирони корӣ дар Русия баъзе аз вакилони рус пешниҳод доранд, ки аз пули интиқолии онҳо ҳақ ё боҷ ситонида шавад.

Сергей Миронов, раиси ҳазби “Русияи одил”, дар саҳифааш дар Телеграм навишт, тарҳи қонунеро дар ин бора ба Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад.

Ба қавли ӯ, азбаски коргарони хориҷӣ бе супурдани молиёте аз Русия ба ватани худ пул мефиристанд, буҷаи Русия зиён мебинад.

Ӯ афзудааст, агар аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон 3-дарсадӣ боҷ ситонанд, пули зиёде ба буҷаи Русия ворид мешавад.

Сергей Миронов мисол овардааст, ки соли 2024 шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон ба ватани худ зиёда аз 14 миллиард доллар фиристодаанд ва агар аз ин пул 3-дарсадӣ ҳақ меситонданд, ба буҷаи Русия 45 миллиард рубл ворид мешуд.

Вакили муҳоҷирситези рус чизе дар бораи Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дорад ва солона ба хешовандони худ садҳо миллион доллар мефиристанд.

Зеленский гуфт, барои суҳбат бо Путин омода аст

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина гуфт, барои поён додан ба ҷанг дар кишвараш омода аст, бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбат кунад.

Аммо Владимир Зеленский таъкид кард, ин корро танҳо дар сурате анҷом медиҳад, ки ин ягона роҳи таъмини сулҳ дар Украина бошад.

Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори бритониёӣ рӯзи 4-уми феврал гуфт: "Агар фикр кунанд, ки мушкилоти ҷанг бояд тавассути дипломатия ҳал шавад, мо омодаем, аммо Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Украина ва Русия бояд ҳама дар ин музокирот ҳузур дошта ошанд."

Зеленский ҳамчунин аз лағви таҳримҳо алайҳи Русия ҳушдор дод ва ҳамзамон пурсид, ки барои кафолати амният дар Украина ба таслиҳоти ҳастаӣ ниёзе ҳаст ё на.

Human Rights Watch ҳукми Рухшона Ҳакимоваро маҳкум кард

Рухшона Ҳакимова
Рухшона Ҳакимова

Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳукми хабарнигори тоҷик Рухшона Ҳакимоваро қотеона маҳкум кард.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро, ки ду фарзанди хурдсол дорад, рӯзи 5-уми феврал ҳашт сол аз озодӣ маҳрум намуд. Пештар додситон барояш 17 сол зиндон хоста буд. Худаш иттиҳоми “хиёнат ба давлат”-ро напазируфтааст.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Human Rights Watch дар масоили Осиёи Марказӣ, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мутаассифона, дар Тоҷикистон муддатҳои дароз аст, ки хабарнигорон, блогерҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ барои баёни андешаи интиқодӣ таъқиб мешаванд. Рухшона журналисти нуҳум аст, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шудааст.”

Ҳашт нафари дигар – Улфатхоним Мамадшоева, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Аҳмади Иброҳим мебошанд.

Сийнат Султоналиева
Сийнат Султоналиева

“Парвандаҳои аксари онҳо паси дарҳои баста ва таҳти мӯҳри махфӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин рӯ , мешавад гуфт, ки бо чунин муносибат ба парвандаҳо ба муҳокимаҳои одилонаи додгоҳӣ аслан умедвор буда намешавад”, -- гуфт Султоналиева.

Ин намояндаи Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, даст аз таъқиби журналистон бардоранд.

“Ҳамаи журналистони маҳкумшударо озод карда, барояшон бозбинии одилонаи парвандаро фароҳам биоранд. Ҳатто агар мақомот дар Тоҷикистон ба гунаҳкор будани онҳо далели боварбахш дошта бошанд,” – хулоса кард ӯ.

Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Девони Имомати Исмолия

Шоҳзода Карим Оқохон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2011
Шоҳзода Карим Оқохон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2011

Раисҷумҳури Тоҷикистон нисбат ба даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони чорум, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Девони Имомати Исмолия навишт, "шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст."

"Вобаста ба ин, мехоҳам саҳми ӯро дар пешбурди ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям," – афзудааст ӯ рӯзи 5-уми феврал.

Шоҳзода Карим Оқохони чорум рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабони Португалия даргузашт. Ӯ 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.

Бори охир дар моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон омадааст. Дар соли 2022 ду бор дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон изҳорот дода, ибрози нигаронии худро баён дошта буд.

Оқохони чор рӯзи 13-уми декабри соли 1936 дар Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, замони кӯдакиро дар Кения гузарондааст. Сипас 9 сол дар мактаби Ле Розеи Швейтсария таҳсил намуда, соҳиби дипломи таърихи Исломи Ҳарвард шуд. Дар 21-солагӣ, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Номи ҷойнишини ӯ ҳанӯз эълон нашудааст.

Додгоҳи олӣ ҳукми гумонбарон дар парвандаи "табаддулот"-ро эълон кард

Дар акс: Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода.
Дар акс: Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард.

Тибқи иттилои бадастомада, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 27 сол зиндон маҳкум шудааст. Бар асоси қарори додгоҳ, амволи Зарифӣ мусодира мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили порлумон ҳам 27 сол аз озодӣ маҳрум шудааст ва бо қарори додгоҳ амволаш мусодира мешавад.

Додгоҳ ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ-ро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст.

Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам 18 зиндонӣ шудааст.

Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ба 18 сол зиндон ва мусодираи як қисмати амвол, маҳкум шудааст.

Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 18 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ барои 17 сол равонаи зиндон шуд.

Додгоҳ Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷикро ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимовро ба 8 сол зиндон маҳкум кардааст.

Вокуниши ин нафарон ба ҳукми додгоҳ феълан маълум нест. Чеҳраҳои шинохта дар сухани охиронашон дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки онҳоро озод кунанд.

Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон, масъули таҳқиқи парванда, бар рӯйи он муҳри махфӣ зада, ба хабарнигорон маълумот намедиҳад. Аммо ин ниҳод рӯзи 14-уми июни соли 2024, баъд аз боздошти вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода, гуфта буд, ки нақшаи ғасби ҳукумат дар Тоҷикистон тӯли чанд сол омода шудааст.

Трамп бори дигар пешниҳод кард, ки сокинони Ғазза кӯч банданд

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.
Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.

Президенти Амрико Доналд Трамп бори дигар пешниҳод кард, ки сокинони Навори Ғазза барои ҳамеша ин борикаро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя кӯч банданд.

Трамп рӯзи 4-уми феврал дар Кохи Сафед ва дар ҳузури Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, Навори Ғаззаро “макони тахрибмешуда” ном бурд.

Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс", телевизиони CNN ва дигар расонаҳо хабар додаанд. Ба гузориши расонаҳо, вақте раиси ҷумҳури Амрико аз кӯчондани сокинони Ғазза суҳбат мекард, Бенямин Нетаняҳу табассум мекард.

Доналд Трамп бори дигар аз Урдун, Миср ва дигар кишварҳои арабӣ хост, ки сокинони Ғаззаро қабул кунанд, чун ба гуфтаи президенти Амрико бошандагони ин борика ба ҷуз тарки хонаҳояшон, дигар интихобе надоранд.

Қаблан кишварҳои арабӣ аз ҷумла, Миср ва Урдун қабули сокинони Ғаззаро рад карда, гуфта буданд, ки онҳо бояд дар хонаҳояшон бимонанд.

Таблиғоти номзадҳо ба курсии вакилӣ ҳафтаи оянда оғоз мешавад

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот мегӯянд, то рӯзи 9-уми феврал сабти номзадҳо барои вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба анҷом мерасад.

Ду намояндаи Комиссияи интихобот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан номзадҳо ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карданд ва дар асноди баъзе онҳо камбудҳое ҳаст, ки бояд ислоҳ шаванд.

Дар Комиссияи марказии интихобот гуфтанд, то охири ҳафтаи равон ба номзадҳои сабтшуда шаҳодатнома медиҳанд ва баъд онҳо ҳақ доранд таблиғоти худро оғоз кунанд.

Қарор аст интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март имсол баргузор шавад. Аз 7 ҳизби сиёсии расман сабтшуда дар кишвар, намояндагони 6 ҳизб номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, дар интихобот ширкат намекунад.

Интихоботҳои порлумонӣ дар Тоҷикистон ҳар 5 сол баргузор мешаванд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони САҲА, ки ҳашт интихоботро дар Тоҷикистон назорат кардааст, чанде пеш гуфт, ин корзорҳои муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.

Як ҳайати СММ: Қатли асирони украинӣ аз сӯи Русия афзудааст

Russia Ukraine
Russia Ukraine

Ҳайати Дидбони ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Украина эълон кард, ки дар моҳҳои охир шумори эъдоми асирони украинӣ аз сӯи Русия "дар ҳадди нигаронкунанда" афзоиш ёфтааст.

Ин ҳайат рӯзи 3-юми феврал дар баёнияе гуфт, аз охири моҳи августи соли 2024 то кунун дар 24 гузориши алоҳида хабари эъдоми 79 асири украиниро дарёфт кардааст.

Тибқи қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, эъдоми асирони ҷангӣ ва захмиҳо ҷинояти ҷангӣ хонда мешавад.

Дидбони ҳуқуқи башари СММ дар идомаи баёнияи худ афзуд, "бисёре аз сарбозони украинӣ, ки худро таслим карда ё ба асорати артиши Русия даромадаанд, дар маҳал эъдом шудаанд. Далелҳои пешниҳодшуда аз сӯи шоҳидон низ аз кушта шудани сарбозони захмии украинӣ ҳикоят мекунад".

Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, ки ҷомеаи байнулмилалӣ бояд ба ҷиноятҳои Русия вокуниш нишон диҳад. Ӯ дар шабакаи Х (Твиттери пешин), навишт, "эъдоми ваҳшатноки асирони украинӣ тавассути Русия нишон медиҳад, ки Украина бо як ҳаюлои воқеӣ рӯбарӯст. Мо ба абзорҳои қонунии байнулмалилии муассир ва чораҳои мушаххас барои муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо ниёз дорем."

Вазорати дифои Русия ҳозир нашудааст ба дархости хабаргузории "Рейтерз" барои изҳори назар дар ин бора посух диҳад.

Ҳайати дидбони ҳуқуқи башари СММ дар Украина дар таҳқиқоти худ аксу видеоро аз саҳнаҳои эъдом ва ҷасади асирони украинӣ таҳлил ва бо шоҳидони айнӣ мусоҳибаҳои дақиқ ва муфассал анҷом додааст. Ин ҳайат хотирнишон кард, ки эъдомҳо дар минтақаҳое, ки артиши Русия дар ҳоли пешравӣ аст, рӯй додаанд.

Даниелле Белл, раиси ҳайат гуфт, "шуморе аз фармондеҳони артиши Русия бо сароҳат хостори бархӯрдҳои ғайриинсонӣ ва ҳатто эъдоми асирони украинӣ шудаанд.

Ин ҳайат дар бахши дигаре аз баёнияи худ афзуд, ки эъдоми сарбозони захмӣ ва маъюби Русия тавассути артиши Украина дар соли 2024-ро мустанад кардааст, вале ҷузъиёти бештаре ироа накард. Дафтари Додситонии кулли Украина низ эълон кард, ки таҳқиқот дар мавриди эъдоми даҳҳо низомии ин кишвар тавассути артиши Русияро оғоз кардааст.

Боздошти дигарбораи Амриддин Холмуродов дар Словакия

Амриддин Холмуродов
Амриддин Холмуродов

Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дигарбора дар Словакия дастгир кардаанд.

Ӯ бештар аз як ҳафта боз дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе аст, вале мегӯяд, сабабашро намедонад.

Додгоҳе дар Словакия рӯзи 19-уми январи имсол ӯро аз боздошт раҳо карда буд.

"Вақте ҳуҷҷатҳоро дубора барои гирифтани паноҳандагӣ пешниҳод кардам, пулис боздошт кард," - гуфт вай рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ.

Ивета Райтакова, вакили мудофеи Амриддин Холмуродов, аз додгоҳ хостааст, ӯро ҳарчи зуд раҳо кунад.

"Намояндагони додгоҳ навиштанд, ки агар дар чанд рӯзи оянда шикояте аз пулис нарасад, озод карда мешавад. Мо талош дорем, вайро ба кишваре фиристанд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон фиристода нашавад," – мегӯяд Райтакова.

Амриддин Холмуродовро бори аввал дар моҳи феврали соли 2022, ҳангоми гузаштан аз сарҳади Украина ба Словакия, бо дархости Душанбе дастгир карданд.

Баъди тақрибан ду сол, дар моҳи январи соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт ва ба Словакия фиристода шуд.

Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда буд.

Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудҳои ҳукуматро менавишт.

Исломиддин Файзалӣ, намояндаи пешини ҲНИТ, аз зиндон озод шудааст

Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд
Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд

Як узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудааст.

Исломиддин Файзалӣ дар соли 2020 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба панҷуним сол ҳабс маҳкум шуда буд.

Аз он вақт то ҳоло ҷузъиёти парванда ва ҳукмаш дастрас нест.

Ба иттилои Саидисҳоқ Бобоев, яке аз хешовандони Исломиддин Файзалӣ, “ӯ рӯзи якуми феврал аз маҳбаси “Якум Советский” дар Душанбе раҳо шуд.”

“Тибқи қонуни афв муҳлати ҷазояшро як сол кам карда буданд,” – афзуд ӯ.

Саидисҳоқ Бобоев дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, хонаводаи Исломиддин Файзалӣ “аз озодии ӯ хушҳоланд”, вале аз суҳбати бештар дар бораи қазияаш парҳез мекунанд. Биноан, то ҳол дақиқ нест, ки ӯ қариб панҷ солро бо чӣ гуноҳе дар зиндон гузаронд

"Танҳо ҳамин нукта маълум аст, ки мақомоти амниятӣ мехостанд, ӯ дар филми "Хиёнат" алайҳи раҳбарони ҲНИТ сухан гӯяд. Чун розӣ намешавад, боздошту ҳабс кардаанд," – илова кард Саидисҳоқ Бобоев.

Исломиддин Файзалии 63-сола дар гузашта узви Раёсати олӣ ва узви Академияи исломии ҲНИТ буд. Ӯро дар моҳи августи 2020 аз хонааш дастгир ва моҳи октябри ҳамон сол ба зиндон андохтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши “табаддулот”-и моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кард. Бархе аз онҳо дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, иттиҳомҳоро беасос меноманд.

Чин ба молҳои Амрико то 15 дарсад боҷ ҷорӣ кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин. Акс аз бойгонӣ

Чин ба молҳои воридӣ аз Иёлоти Муттаҳида боҷи ҷавобӣ ҷорӣ кардааст. Барои ангишту гази моеъ – 15 дарсад ва нафти хому мошинҳои кишоварзӣ – 10 дарсад.

Дар ин бора Associated Press гузориш дод.

Вазорати молияи Чин гуфт, таърифа ё боҷ алайҳи молҳои воридӣ аз Амрико рӯзи 10-уми феврал ба иҷро хоҳад даромад.

Пекин назоратро ба содироти маъданҳои муҳиме чун волфрам, теллур, висмут, молибден ва индий низ сахттар мекунад. Иёлоти Муттаҳида аксари ин маъданҳоро барои амнияти иқтисодӣ ва миллияш муҳим мешуморад.

Илова бар ин, Чин гуфтааст, кори ширкати амрикоии Google-ро дар бозори ин кишвар месанҷад.

Пекин алайҳи ду ширкати амрикоӣ – PVH Group (соҳиби брендҳои Calvin Klein ва Tommy Hilfiger) ва Illumina таҳримҳо ҷорӣ кардааст.

Амрико барои маҳсулоти воридӣ аз Чин даҳ дарсад боҷ меситонад. Ин қарор аз 4-уми феврал ба иҷро даромад.

Юсуф Раҳмон дабири Шӯрои амният шуд

Юсуф Раҳмон сездаҳ рӯз пас аз барканорӣ аз мақоми Додситони кул, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми феврал тайи фармоне Юсуф Раҳмонро дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин кард. Юсуф Раҳмон рӯзи 23-юми январи имсол, аз мақомаш барканор шуда буд.

Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шуд, ки то ин дам дар мақоми муовини додситони кул (ҳамзамон додситони ҳарбӣ) кор мекард.

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал қарори барканории Юсуф Раҳмонро аз мақоми Додситони кулл ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзодаро тасдиқ кард.

Юсуф Раҳмон аз соли 2015 Додситони кул ё Прокурори генералии Тоҷикистон буд. Тибқи қонун даҳ сол (ду давраи панҷсолӣ) ҳаққи кор дар ин вазифаро дошт.

Боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани даҳҳо фаъолу хабарнигорро ҳосили даҳсолаи кори Юсуф Раҳмон дар Додситонии кул медонанд.

Боздошти як сокини Ваҳдат барои ба "ғуломӣ" гирифтор кардани муҳоҷирон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки муҳоҷиронро ба Арманистон бурда, ба ғуломӣ гирифтор кардааст.

Дар иттилои Вазорат бидуни ном бурдан аз ин мард танҳо омадааст, ки ӯ 63- сола ва сокини шаҳри Ваҳдат аст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард ҳамроҳ бо як сокини Қубодиён ва ҳам шаҳрванди Арманистон бо номи Бабаян Колия, моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта ҳадди ақал 9 нафарро бо ваъдаи кор ба Арманистон бурдаанд.

Вале ба гуфтаи мақомот, ин муҳоҷиронро дар Арманистон "ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро аз дасташон бо роҳи фиреб ва маҷбуран гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд кардаанд".

Назари боздоштшудаҳо ва ҳам ҷузъиёти бештари қазия маълум нест. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои ин кор нисбати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Бабаян Колия, шаҳрванди Арманистон, бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа ба ғуломӣ гирифтор мешаванд. Намунаи ахираш даҳ муҳоҷири тоҷик ҳастанд, ки моҳи декабри соли гузашта баъди се моҳ кор дар шароити сахт озод шуданд.

Ин муҳоҷиронро бо ваъдаи кор ба як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия бурда, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мефармуданд. Баъди гузориши "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ, мақомот онҳоро наҷот доданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG