Ҷамоаи яҳудиёни Тоҷикистон Песах ва ё Иди Покро бо ҳузур беш аз 30 нафар ҳамтаборонашон дар канисаи Душанбе таҷлил карданд. Ин ид дар дохили Исроил 7 ва берун аз он 8 рӯз идома карда, бо ёдкарди таърихи озодшавии яҳудиён аз зулми мисриён шурӯъ мешавад.