Як мақоми баландпояи бахши мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон худро тақвият кардааст ва таҳдиди бузург барои Аврупо ба шумор меравад.
Барои гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ва зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ шаҳраки алоҳида месозанд. Пулашро Бонки Осиёии Рушд медиҳад. Ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва дар 50-километрии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Бо вуҷуди 20 сол иҷро шудани барномаи табобатии гуногун ва манъи кишти кӯкнор аз тарафи Толибон дар Афғонистон, нашъамандӣ дар ин кишвар ҳамчунон зиёдтар мешавад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Толибонро ҳампаймони кишвараш дар мубориза бо терроризм хонда, бар ташкили гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои тақвияти робитаҳо бо Афғонистон таъкид кардааст.
Ҷаласаи ахири СММ бо Толибон бе ҳузури занон ва танҳо бо ширкати ҳайати мардонаи ҳукумати толибҳо баҳси зиёде ба по кард.
Чаҳорумин "Конфронси Вена барои як Афғонистони мардумсолор" рӯзи 24-уми июн бо ҳузури даҳҳо тан аз мухолифони ҳукумати Толибон ва фаъолони сиёсии афғон дар пойтахти Австрия оғоз шуд.
"Ҷумҳурии исломии Афғонистон" буд, "Имороти исломии Афғонистон" шуд. Кори аввалине, ки гурӯҳи "Толибон" баъди дубора расидан ба қудрат дар соли 2021 анҷом дод.
Созмони Милали Муттаҳид шаллоқ задани даҳҳо нафар дар Афғонистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Толибон хост ба ин амал поён диҳанд.
Ҳукумати “Толибон” гуфт, танҳо дар моҳи май сел дар Афғонистон сабаби марги бештар аз 400 кас шуд. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст.
Бино ба иттилои мақомоти Толибон бар асари обхезии шаби гузашта дар Афғонистон 50 нафар кушта ва даҳҳо кас бедарак шудаанд.
Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрону Покистон мегӯянд, сабаби асосии муҳоҷираташон ба ин ду кишвари ҳамсоя маҳрум шудани духтарон аз ҳаққи таҳсил дар синфи болотар аз шашум аст.
Баъзе аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла Дароим ва Аргу, рӯзҳои охир шоҳиди эътирозҳо алайҳи ҳукумати "Толибон" буданд.
Ёфтҳои бештар