Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пирӯзии ниҳоӣ". Толибон ба дигар кардани номҳо дар Афғонистон пардохтанд


Аъзои "Толибон". Кобул. Моҳи октябри соли 2021
Аъзои "Толибон". Кобул. Моҳи октябри соли 2021

"Ҷумҳурии исломии Афғонистон" буд, "Имороти исломии Афғонистон" шуд. Кори аввалине, ки гурӯҳи "Толибон" баъди дубора расидан ба қудрат дар соли 2021 анҷом дод.

Аз он вақт то ҳоло ин созмони тундрав номи чанд кӯчаву хиёбон, донишгоҳ ва ҳатто як минтақаро дар Афғонистон дигар кардааст. Баъзе аз онҳоро аз дарӣ ва пашту ба забони арабӣ иваз кардаанд, ки аксари афғонистониҳо онро намефаҳманд.

Аз "Роҳи Масъуд" то "Майдони Мазорӣ"

Маъракаи тағйир додани номҳо аз тарафи "Толибон" боис ба танқидҳои зиёд дар Интернет шуд. Бархе афғонистониҳо гурӯҳи исломгароро ба кӯшиши аз байн бурдани ҳувияти мардуми бумӣ муттаҳам карданд.

Дар бештар аз чаҳор даҳаи ҷанг дар Афғонистон гурӯҳҳои сиёсии ҳоким аксар вақт номи ёдгорӣ ва мавзеъҳои муҳимро бо хосту диди худ дигар кардаанд. Аз ҷумла, низоми коммунистӣ дар солҳои 1980, муҷоҳидин дар солҳои 1990 ва ҳукумати зери пуштибонии Ғарб дар солҳои 2000-ум.

Ҳамид Ҳакимӣ, корманди маркази таҳлилии Шӯрои Атлантик, қароргоҳаш дар Вашингтон, мегӯяд, "Толибон" номи макону идораҳоро иваз мекунанд, “то бозмондаҳои душманони худро аз байн баранд ва пирӯзии комили худро ба тарафдорони содиқашон нишон диҳанд”.

Вақте “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 Кобулро гирифтанд, зуд кӯчаву хиёбонҳо ва донишгоҳҳои пойтахти Афғонистонро иваз карданд. Яке аз ҳадафҳои аввалини онҳо “Роҳи Масъуди Бузург”, масири асосӣ ба фурудгоҳи Кобул, буд. Ин номро ба эҳтироми Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруфи муҷоҳидин ва душмани “Толибон”, гузошта буданд. Масъуд дар соли 2001 кушта шуд.

Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул, ки пештар номи раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзайро дошт, ба Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул табдил ёфт.

Ҷангҷӯён номи "Майдони Шаҳид Мазорӣ"-ро низ иваз карданд, ки ба ифтихори Абдулалӣ Мазорӣ, фармондеҳи муҷоҳидин, гузошта шуда буд. Мазорӣ дар соли 1995 аз тарафи “Толибон” кушта шудааст.

“Толибон” номи як донишгоҳи давлатиро дар Кобул, ки ба эҳтироми раҳбари пешини Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ гузошта шуда буд, дигар кард. Раббониро дар соли 2011 куштанд.

“Бозори Буш”-и Кобул, ки замоне ҷойи хариду фурӯши таҷҳизоти низомӣ ва маводи ғизоии Амрико буд, “Бозори Муҷоҳидин” ном гирифт.

Имоми Аъзам, "Иқра"...

Маъракаи тағйири ном дар шаҳрҳои дигари Афғонистон низ доман паҳн кард. Гурӯҳи ифротӣ номи Абдулалии Мазориро аз фурудгоҳи Бомиён ва номи Абдулкарим Халилиро аз фурудгоҳи Дайкундӣ бардошт.

Ду роҳи асосӣ дар Ҳирот, ки яке ба номи Масъуд ва дигаре ба эҳтироми писари Исмоилхон, раҳбари пешини муҷоҳидин, гузошта шуда буд, дигар карда шуд.

“Толибон” дар бисёре аз мавридҳо номи аслии кӯчаву хиёбонҳо ва мавзеъҳои дигари иҷтимоиро барқарор карда, дар ҳолатҳои дигар ҷойҳоеро ба хотири гиромидошти уламо ва фақеҳони исломӣ ва раҳбарону ҷангҷуёни кушташудаи “Толибон” гузоштаанд.

Онҳо дар як иқдоми баҳсбарангез дар соли 2022 номи шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвонро дар шимоли Афғонистон ба Имоми Аъзам иваз карданд. Абуҳанифа, мулаққаб ба Имоми Аъзам, пешвои пайравони мазҳаби ҳанафӣ, яке аз чаҳор шохаи тасаннун аст.

“Толибон” ҳамчунин воҳидҳои низомии Афғонистонро тағйир дода, номҳои форсӣ ва паштуро ба арабӣ иваз карданд. Як хиёбоне дар шаҳри ғарбии Ҳирот, ки аз қадим бо номи майдони маориф машҳур буд, номи “Иқра”-ро гирифт.

Сайидашраф Содот, як фаъоли паноҳҷӯ аз Ҳирот, номгузории “Толибон”-ро “бисёр сиёсӣ” ва “боис ба нигаронӣ” донист.

"Ба таърихи ислом рӯй меоранд"

Нақиб Арвин, мансабдори собиқи Ҳирот, мегӯяд, тасмимҳои “Толибон” “бо зӯр ва бе ризоият ва машварати мардум иҷро шудаанд.”

Ҳорун Раҳимӣ, академики афғонистонӣ, ки қонунҳои исломиро таҳқиқ мекунад, гуфт, тасмими “Толибон” барои иваз кардани вожаҳои дарӣ ва пашту бо калимаҳои арабӣ “тааҷҷубовар нест”.

“Онҳо аксар вақт маҳаллу идораву минтақаҳоро ба номи шахсиятҳо ё рӯйдодҳое мегузоранд, ки дар таърихи ислом аҳамият доранд. Ҷолиб он аст, ки онҳо ба мисли (ҳукумати қаблӣ) чизеро ба номи шахсиятҳо ва раҳбарони худ намегузоранд. Ба ҷойи ин, ба таърихи ислом рӯй меоранд,” – афзуд ӯ.

Гурӯҳи “Толибон” умдатан аз паштунҳо, гурӯҳи калонтарини қавмӣ дар Афғонистон иборат аст. “Саркӯбгарии “Толибон” дар заминаи тағйири номҳо минтақаҳои паштуннишини Афғонистонро низ фаро гирифта, эҳсоси миллигароии онҳоро ба таври муассир ба баҳс мекашад,” – хулоса кард Ҳорун Раҳимӣ.

Фруд Бежан ва Шоҳпур Собир, Бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG