Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлил. Чаро Арабистони Саудӣ мизбони музокироти сулҳи Украина интихоб шуд?


Владимир Зеленский ва Муҳаммад бин Салмон. Ҷидда, 10-уми марти 2025
Владимир Зеленский ва Муҳаммад бин Салмон. Ҷидда, 10-уми марти 2025

Дар ҳоле ки оташи ҷанги лафзии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Доналд Трамп, президенти Амрико тоза хомӯш мешавад, низоъ дар Украина ба хати нави худ расидааст. Ин мулоқот рӯзи 28-уми феврал дар Кохи Сафед сабаби вайрон шудани равобити Амрико ва Украина гашт. Аммо дар ин миён як кишвар – Арабистони Саудӣ – ба унвони миёнарав дар маркази музокироти эҳтимолии сулҳ қарор гирифтааст.

Президенти Украина рӯзи 10-уми март ба Ҷидда рафт ва бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, мулоқот кард. Сафари Владимир Зеленский заминаи даври нави музокирот байни ҳайатҳои Амрико ва Украина дар рӯзи 11-уми март шуд.

Ҳайати Украина дар музокироти Ҷидда аз вазири корҳои хориҷӣ Андрей Сибиҳа, раиси дафтари президент Андрей Ермак ва вазири мудофиа Рустам Умаров иборат аст.

Ҳайати расмии Украина. Арабистони Саудӣ, 11-уми марти 2025
Ҳайати расмии Украина. Арабистони Саудӣ, 11-уми марти 2025

Ба ҳайати амрикоӣ котиби давлатӣ Марко Рубио ва мушовири амнияти миллӣ Майк Волтс шомиланд. Ба иттилои Департаменти давлатии Амрико, Рубио рӯзи даҳуми март бо валиаҳди Арабистони Саудӣ суҳбат дошт.

Марко Рубио ва Майк Волтс. Арабистони Саудӣ, 11-уми марти 2025
Марко Рубио ва Майк Волтс. Арабистони Саудӣ, 11-уми марти 2025

Владимир Зеленский дар изҳороте пеш аз сафараш ба Риёз қавл дод, ки “корҳои зиёде” дар сатҳи дипломатӣ анҷом хоҳанд шуд. Вай гуфт, тими ӯ бо намояндагони ҳукумати Трамп дар бахшҳои гуногун ҳамкорӣ доранд.

“Мавзуъ рӯшан аст – сулҳи ҳарчи зудтар ва амнияти ҳаддалимкон боэътимод,” – гуфт ӯ ва афзуд: “Украина пурра ҷонибдори гуфтушуниди созанда аст.”

Ин изҳороти сулҳҷӯёнаи Зеленский дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 28-уми феврал дар утоқи кории президенти Амрико дар Кохи Сафед вай бо Доналд Трамп ва муовинаш Ҷей Ди Вэнс гуфтумонҳои бисёр тезутунд дошт. Ин дидор ҷаҳонро такон ва дипломатияи Украинаро дар ҳолати ногувор қарор дод.

Баъд аз он маъмурияти Доналд Трамп бо қатъи ёрии низомии Амрико Украинаро ҷазо дод. Вале ғайриинтизор ба назар мерасид, ки Трамп ба дурнамои музокироти сулҳ хушбин аст. “Ман фикр мекунам дар ниҳоят ва шояд ҳам дар ояндаи наздик – ҳафтаи равон аз Арабистон Саудӣ натиҷаҳои хубе ба даст хоҳад омад,” – гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон.

Равобити ба таври бесобиқа наздик бо Трамп

Нақши Арабистони Саудӣ чун миёнарав дар музокироти эҳтимолии сулҳ ҳанӯз моҳи феврал, замоне дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки аввалин даври музокирот байни дипломатҳои Амрико ва Русия барои поён додани ҷанг дар Украина баргузор шуда буд.

Ин гуфтушунидҳо ба коҳиши шиддат дар равобити сарди байни Вашингтону Маскав умедвор кард, чун ду кишвар барои барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ мувофиқа карданд. Украина дар музокирот ҷой надошт. Киев ва кишварҳои аврупоиро он нигаронӣ кард, ки Амрико ва Русия талош доранд, пушти сари Украина ва аз номи ин кишвар созиш кунанд.

Вале раддубадалҳо дар утоқи кории Трамп маълум кард, ки тавофуқ бо ӯ як амри комилан хусусӣ аст. Ва валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки бо ҳарфҳои аввали номаш, чун МБС маъруф аст, бо президенти Иёлоти Муттаҳида равобити хос ва наздик дорад.

Барои мисол, нахустин занге, ки Трамп баъд аз оғози кор дар моҳи январ қабул кард, аз Муҳаммад бин Салмон буд. Шоҳзодаи Саудӣ ба Трамп гуфт, мехоҳад дар 4 соли оянда барои бахши сармоягузории Амрико 600 миллиард доллар ихтисос диҳад. Трамп ҳам эълон кард, ки нақша дорад ҳафтаҳои наздик ба Арабистони Саудӣ сафар кунад.

Вале МБС равобити дигари калидӣ ҳам дорад. Вай дӯсти қадимии президенти Русия, Владимир Путин аст. Русия ва Саудӣ солҳои охир ҳамкориҳои наздик ба роҳ мондаанд, махсусан дар доираи тавофуқи ОПЕК+ дар мавриди истихроҷи нафт. Муҳаммад бин Салмон ё МБС ҳамчунин аз меҳмонҳои ифтихории Путин махсусан дар маросими оғози бозиҳои ҷаҳонии футбол дар соли 2018 буд. Раҳбари Кремл ӯро худаш истиқбол кард.

Ба ин тартиб, ҳафтаи равон ҳайатҳо дар шоҳигарии Халиҷи Форс ҷамъ меоянд. Арабистони Саудӣ метавонад онро бе ҷалби расонаҳо баргузор кунад ё баръакс қудрати шоҳзодаро дар гуфтугӯҳои байнулмилалӣ намоиш диҳад.

Эҳтимол Киев, Вашингтон ва Маскав барои як раванди сулҳ омодагӣ нишон диҳанд, ҳарчанд ҳоло ягон роҳи дақиқе барои ҳалли низоъ ба назар намерасад. Вале музокироти ҳафтаи равон Муҳаммад бин Салмонро чун як миёнарави таъсиргузор муаррифӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG