Муҳаммадалӣ Фақирзода, яке аз муҳоҷирони афғонистонӣ, гуфт, барои ояндаи беҳтар ва сарнавишти духтаронаш маҷбур шуд, хонаву дарашро дар Афғонистон фурӯхта, ба кӯчад. "Духтаронамро бисёр ба мушкилӣ ба синфҳои 1, 2 ва 8 дар Эрон шомил кардам. Мактабҳои давлатӣ ҳастанд, мехонанд," -- нақл кард ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ҳоҷӣ Мирвайс, яке аз муҳоҷирони афғон дар Исломободи Покистон, мегӯяд, духтараш дар Афғонистон дар синфи 8 мехонд. Яъсу ноумедии духтарашро таҳаммул карда натавонист ва ба Исломобод рафт, то онҷо духтараш таҳсилро идома бидиҳад.
Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳолати рӯҳии духтарам хароб шуда мерафт, ба самти афсурдагӣ ҳаракат дошт. Аз ҳамин сабаб омадем. Тамоми мушкилоти мусофириву муҳоҷиратро ба гардан гирифтем, то духтарам биёяду дар инҷо ба таълими худ идома бидиҳад."
Фаришта Қозизода, модари чанд духтар, мегӯяд, пас аз баргаштани “Толибон” ба ҳукумат дар Афғонистон ва маҳрум шудани духтаронаш аз ҳаққи таҳсил ба Покистон муҳоҷир шуд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин кишвар омадааст, то духтаронаш аз таҳсилу омӯхтан дур намонанд.
Хонум Қозизода афзуд: “Ояндаи рӯшане мебинам барои духтаронам. Якеаш синфи 7 мактаб аст, якеаш 12-ро имсол халос кард. Ман бисёр хуш ҳастам, ки инҷо омадам ва таҳсили духтаронамро пеш бурдам. Мутаассифона, дар Афғонистон дари таҳсилу таълимро ба рӯи духтарон бастанд.”
Хонаводаҳое, ки тавони берун шудан аз Афғонистонро надоранд, мегӯянд, нигарони ояндаи духтаронашон ҳастанд. Атал, яке аз сокинони вилояти Нангарҳор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ду духтараш аз таҳсил дур мондаанд.
"Ҳардуяшон дар хона ҳастанд. Якеаш талабаи синфи 10 ва якеаш талабаи синфи 7 аст, ки аз таълим бозмонданду ташвишу мушкилоти рӯҳӣ пайдо кардаанд. Одам ба хотири фарзанди худ, хуну ҷони худро медиҳад, ки онҳо ба як марҳила бирасанд, то худашон худкифо шаванд. Ҳоло тавонмандии онро надорем, ки як луқмаи нон пайдо кунем, куҷо расад, ки ба берун равем," – илова кард ӯ.
Абдулмеҳдӣ, як сокини Кобул низ айни ташвишу нигарониро дорад: "Як сол мешавад, ки таҳсил нест. Духтараи ман дар синфи 9 мактаб буд, бисёр нигарон ҳастем, ки ояндаи ӯ чӣ мешавад."
Ин хонаводаҳо аз ҳукумати "Толибон" мехоҳанд, ки маҳдудиятҳои таҳсилу омӯзиши духтаронро бардорад ва як ҳаққи бунёдии онҳоро баргардонад.
"Толибон", ки аз ҳукуматдориашон 1000 рӯз гузашт, баъди бозгашт ба қудрат духтаронро аз ҳаққи таҳсил баъд аз синфи 7 ва таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум карданд. Бо вуҷуди талабу тақозоҳои кишварҳои ҷаҳон, Созмони Милал ва муассисаҳои зиёди байнулмилалӣ барои аз байн бардоштани дастури золимонаи манъи таҳсил, "Толибон" ҳамчунон аз ин қарори худ даст накашидаанд.