Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари гурӯҳи "Толибон", қонунҳои навро барои иҷро дар Афғонистон пешниҳод кардааст, ки маҳдудиятҳоеро бар садо ва чеҳраи занон дар бар мегирад.
Ҳукумати "Толибон" вуруди Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милалро дар умури ҳуқуқи башар, ба Афғонистон манъ карданд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангуйи ҳукумати "Толибон" ба телевизиони “Тулуъ” хабар додааст.
Узбекистон ва Ҳукумати Толибон дар Афғонистон созиш кардаанд, ки мизони тиҷорати дуҷониба миёни ду кишварро дар соли ҷорӣ ба як миллиард доллар ва дар соли оянда ба се миллиард доллар афзоиш диҳанд. Ҳар ду ҷониб ахиран дар Кобул 35 созишномаву шартномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Кумитаи таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал мегӯяд, Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ба паноҳгоҳи амне барои гурӯҳҳои Ал-Қоида ва ДОИШ табдил шудааст.
Як мақоми баландпояи бахши мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон худро тақвият кардааст ва таҳдиди бузург барои Аврупо ба шумор меравад.
Барои гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ва зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ шаҳраки алоҳида месозанд. Пулашро Бонки Осиёии Рушд медиҳад. Ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва дар 50-километрии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Бо вуҷуди 20 сол иҷро шудани барномаи табобатии гуногун ва манъи кишти кӯкнор аз тарафи Толибон дар Афғонистон, нашъамандӣ дар ин кишвар ҳамчунон зиёдтар мешавад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Толибонро ҳампаймони кишвараш дар мубориза бо терроризм хонда, бар ташкили гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои тақвияти робитаҳо бо Афғонистон таъкид кардааст.
Ҷаласаи ахири СММ бо Толибон бе ҳузури занон ва танҳо бо ширкати ҳайати мардонаи ҳукумати толибҳо баҳси зиёде ба по кард.
Чаҳорумин "Конфронси Вена барои як Афғонистони мардумсолор" рӯзи 24-уми июн бо ҳузури даҳҳо тан аз мухолифони ҳукумати Толибон ва фаъолони сиёсии афғон дар пойтахти Австрия оғоз шуд.
"Ҷумҳурии исломии Афғонистон" буд, "Имороти исломии Афғонистон" шуд. Кори аввалине, ки гурӯҳи "Толибон" баъди дубора расидан ба қудрат дар соли 2021 анҷом дод.
Созмони Милали Муттаҳид шаллоқ задани даҳҳо нафар дар Афғонистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Толибон хост ба ин амал поён диҳанд.
Ёфтҳои бештар