Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони "ифротӣ" дар Тоҷикистон зиёд мешаванд. Чаро?


Акс: Улфатхоним Мамадшоева, Аҳмади Иброҳим, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Хушом Ғулом, Рухшона Ҳакимова, Хуршеди Фозил, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Муҳаммад Султон
Акс: Улфатхоним Мамадшоева, Аҳмади Иброҳим, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Хушом Ғулом, Рухшона Ҳакимова, Хуршеди Фозил, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Муҳаммад Султон

Ҳабиса Ятимова, Парисимо ва Оишаро ҳар гаҳ, ки ёди писар ва падари зиндонияшон гирад, ё либосҳои ӯро аз ҷевон берун овардаву ламс мекунанд ва ё бо ҳадяҳои дастсохти фиристодааш аз зиндон хумор мешиканад. Инҳо модар ва духтарони Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори собиқи Телевизиони Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Ӯ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст, аммо худаш ва наздикон беасос медонанд.

"Писарам дар додгоҳ гуфт, ки ҳеч гуноҳ надорад. Гуфт, ин қадар хидмат кардам ба давлат, вале гирифтанду маро ба терроризм муттаҳам карданд. Ба гардан нагирифт," – мегӯяд Ҳабиса Ятимова.

Ҳабиса Ятимова
Ҳабиса Ятимова

"Ҷурмҳои сангин"

Ҳар сол таҷлилу ҷоизадиҳӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомот чанд рӯзноманигорро асосан бо иттиҳоми ифротгароӣ, терроризм ва хиёнат ба давлат боздошту зиндонӣ мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бар ин аст, ки ин гуна ҷурмҳои сахтро ба гардани рӯзноманигорон бор мекунанд, то касе аз онҳо ҳимоят накунад.

"Ин масъала бинобар рӯзмарра будани мубориза алайҳи тундгароӣ дар ҷомеаи байнулмилалӣ як баҳонаи хуб барои бастани даҳони онҳоест, ки дар расонаҳо ақидаи дигар, назари дигар, назари интиқодиро бештар паҳн мекунанд,” – шарҳ дод ӯ.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Додгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2022 то 2025 даҳ рӯзноманигор ва блогерро аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Хуршеди Фозил, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.

Шуморе аз онҳо дар номаҳои ҷудогона аз бегуноҳии худ навишта, рӯйи ин таъкид карданд, ки зери фишор ва латукӯб айбномаро пазируфтаанд. Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, мегӯяд, то ҳол намедонад барои чӣ писарашро бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ карданд ва додрас суханҳои ӯро ба назар нагирифт.

“Дар суд нисбат ба кори прокурор норизоятӣ кард. Гуфт, прокурор он баёнотеро, ки ман навиштам намехонаду фақат нусхаи навиштаҳоеро, ки худашон дар шуъбаи 6-уми шаҳри Ваҳдат кардаанд, ҳамонро мехонад. Қаҳри прокурор омад ва гуфт, бас аст, нутқашро бандед. Завқибек гуфт, ман ҳеч гуноҳ надорам ва навиштаҳои худамро мехонам. Суд гуфт, монед, хонад,” – нақл кард Ятимова.

Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон
Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон

Авҷи худсонсурӣ

Ин вазъ боис шудааст, ки рӯзноманигорон на танҳо аз навиштани масоили сиёсӣ, ҳатто аз матраҳ кардани мавзуъҳои динӣ низ парҳез мекунанд, зеро тарс доранд, то ба ифротгароӣ маҳкум нашаванд.

“Ҳодисаҳое, ки ба сари ҳамкасбони мо омад, маро дар пайгирии чунин мавзуъҳо эҳтиёткор кард. Ман бештар талош мекунам мавзуъҳоеро нависам, ки дарди сар наорад. Албатта, ин мавзуъҳо на он чизезст, ки хонандаи мо аз ҳама пеш ба он ниёз дорад,” -- мегӯяд хабарнигори яке аз расонаҳои мустақил, ки намехоҳад ба далели амниятӣ аз ӯ ном барем.

Ба таҳлили коршиносон, шароити кор барои рӯзноманигорони ҳирфаӣ номусоид шуда, мардум бештар ба блогерон рӯ овардаанд, ки шикоятҳо аз паст будани мазмуни матолибашон зиёд аст.

“Мутаассифона, мурофиаҳои пайдарпай нисбат ба ҳамкасбони мо ва ба солҳои тӯлонӣ зиндон кардани онҳо, ба фазои иттилоотӣ ва журналистикаи тоҷик таъсири амиқи манфӣ расонд. Яке аз нишонаҳони он боло рафтани худсонсурӣ дар ҷомеаи журналистӣ аст," -- вазъро ин гуна тавзеҳ дод Нуриддин Қаршибоев.

Бо вуҷуди иттиҳомҳои сангин, то кунун ҷузъиёти парвандаҳои ҳамаи рӯзноманигороне, ки ба ифротгароиву терроризм гунаҳкор шуданд, ошкор нашудааст. Фарзандону наздиконашон худро бо ҳадяҳои дастисохти онҳо аз зиндон қаноат медиҳанд ва мунтазири озодияшон ҳастанд.

Пас аз фирори Башор Асад, наворҳои шаҳрвандони тоҷике дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки аз сарнагунии низоми Сурия аз қасри Асад гузориш медоданд. Онҳо дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳое чун терроризм парванда доранд, вале худашон иддао доштанд, ки журналист ҳастанд. Ҳоло онҳо ҳарчӣ мехоҳанд, гуфта метавонанд. Озодии матбуоти тоҷик низ бештар дар берун аз Тоҷикистон аст, то дар худи он.

Видеоро дар инҷо бинед:

Рӯзноманигорони маҳбус айбномаи "ифротгароӣ"-ро қабул надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:47 0:00


XS
SM
MD
LG