Чандин баробар афзудани ҳаққи "утилизатсия" ё санади маҳви мошинҳо дар Тоҷикистон тоҷирони мошинро сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ин иқдом ба бозори худравҳо бетаъсир нахоҳад буд.
Сӯҳроб Сайвалиев, яке аз воридкунандагони мошин, рӯзи 11-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ба иҷро даромадани қарор дар бораи боло бурдани арзиши "утилизатсия" нархи мошин дар Тоҷикистон гаронтар хоҳад шуд. "Мошин қимат мешавад. Мо маҷбур ҳастем, ки пули санади утилизатсияро ба арзиши мошин зам кунем," - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, арзиши санади "утилизатсия" танҳо барои воситаҳои нақлиёте гаронтар мешавад, ки аз 26-уми марти имсол ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
Аз тағйири нарх Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳанӯз дар моҳи феврал хабар дода буд.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Бозбинӣ намудани арзиши нобудсозӣ дар ҳақиқат дар баррасӣ қарор дорад, ки ҳамин маблағ ҳангоми воридот рӯёнда шавад. То имрӯз, давоми як сол, маблағи нобудсозӣ аз ҷониби Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ҳангоми бақайдгирӣ рӯёнда мешуд."
Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 26-уми феврали имсол, арзиши санади "утилизатсия" барои ҳамагуна воситаи нақлиёт гаронтар хоҳад шуд. Барои намуна, соҳибони мошинҳои сабукрав бояд 10 ҳазору 800 сомонӣ пардозанд.
Ҷаҳиши осмонии нархи ин санад ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ имкон додааст, ки онро "як роҳи дигари пулканӣ" барои буҷа номанд.
Коршинос Фозилҷон Фатҳуллоев маблағи маҳви воситаҳои нақлиётро хеле баланд мешуморад. Фатҳуллоев рӯзи 11-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, заминаҳои чунин нарх муайян нестанд. Ҳамчунин таҷрибаву меъёрҳои байнулмилалӣ ва ҳам даромади воқеии сокинон ба назар гирифта нашудаанд.
“Мушкили асосӣ дар он аст, ки онҳо сатҳи даромади мардумро ба назар нагирифтанд. Барои тоҷироне, ки ба хариду фурӯши мошинҳои сабукрав машғуланд, ҳамин соҳа зараровар шуд”, - афзуд вай.
Меъёри пардохт барои нобудсози (утилизатсня)-и воситаҳои нақлиёте, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, чунин муайян шудааст:
- Мототсиклҳо, мопедҳо, мотороллерҳо – 375 сомонӣ;
- Ядакҳо ва нимядакҳо – 3375 сомонӣ;
- Трактор ва тракторҳои боркаш – 5400 сомонӣ;
- Мошинҳои сабукрав, микроавтобусҳо – 10 800 сомонӣ;
- Воситаҳои нақлиёте, ки барон кашондани 10 нафар ва зиёда аз он пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла автобусу троллейбусҳо – 16 200 сомонӣ;
- Воситаҳои нақлиёт барои интиқоли молу коло – 16 200 сомонӣ;
- Кранҳо, мошинҳои оташнишонӣ ва роҳтозакунӣ – 16 200 сомонӣ;
- Мошинҳои борбардор – 16 200 сомонӣ;
- Булдозерҳо, грейдерҳо, экскаваторҳо, ҳамворгардонҳо – 16 200 сомонӣ.
Молиёт ё андоз барои нобудсозии мошинҳо бар асоси санаде ситонида мешавад, ки вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар охири моҳи декабри соли 2023 қабул карданд. Он замон меъёри пардохти нобудсозӣ барои мошинҳои сабукрав ва мусофирбарҳои хурду калон – 1584 сомонӣ, барои мошинҳои боркаш ва махсус – 2880 сомонӣ, барои мототсиклҳо – 360 сомонӣ муайян гашта буд.
Ин интизориҳо ҳам садо медиҳанд, ки воридоти мошин ба кишвар коҳиш хоҳад ёфт. Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта ба кишвар наздик ба 50 ҳазор мошини сабукрав ворид карда шудааст, ки назар ба як сол пеш ҳудуди 40 дарсад камтар будааст.
Видеоро дар инҷо бинед: