Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарамро аз хона бурданд." Боздошти беш аз 20 кас дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Дар ҳоле ки хабарро чанд манбаъ тасдиқ карда, номи камаш шонздаҳ боздоштшударо дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, мақомоти расмӣ дар ин бора хабар надодаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми март гуфт, ки чунин маълумоте ба ӯ нарасидааст.

Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, "аксар боздоштшудаҳо язгуломӣ ҳастанд". Ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ҷойгир аст, вале баъзе аз зодагонаш дар маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигар зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

"Чанд нафарро рӯзи 9-уми март дар маросими дафни яке аз сокинон дастгир карда, иддаеро аз хонаҳояшон бурданд," – гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 12-уми март.

Пайвандони баъзе аз боздоштшудаҳо бо шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо гузашти се рӯз аз аҳволи онҳо хабар надоранд.

"Писарам дар хона буд. Се кас омада гуфтанд, ки ҳамроҳи мо меравӣ. Мо хавотир шудем, зеро худро шинос накарданд. Ду нафар либоси мулкӣ доштанд, як нафар бо либоси низомӣ буд. Пурсидем, ки оромӣ аст, гуноҳаш чист, ба куҷо мебаред? Гуфтанд, дар ин бора баъдан мегӯем," – нақл кард хешованди яке аз боздоштшудаҳо, ки нахост номаш бурда шавад.

Хонаводаи ду боздоштшуда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, на пулиси маҳалла ва на мақомоти дигари амниятиву интизомӣ ба онҳо намегӯянд, ки писаронашон ба чӣ гумонбар ҳастанд.

"Ростӣ, ҳайронем, ки чаро ин хел шуд. Писарам бачаи мазҳабӣ нест, саҳариҳо базӯр бедор мекунем, ки бомдодатро хон. Бовар надорем, ки ба ягон амали ғайриқонунӣ даст зада бошад. Агар гуноҳе кардааст, чаро намегӯянд? Мо фақат мехоҳем сабаби боздоштро донем," – гуфт падари яке аз боздоштшудаҳо. Вай хоҳиш кард, ки феълан бо сабаби пеш наомадани мушкил номаш зикр нашавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Боздошти гурӯҳе аз сокинон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Бори аввал нест, ки язгуломиҳо ба таври гурӯҳӣ боздошт мешаванд. Дар моҳи майи соли 2024 дар бораи боздошти 27 нафар дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ хабар пахш шуд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар моҳи август иттилоъро тасдиқ кард.

Вай он замон гуфт, ки 27 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд ва 4 нафари дигарро дар берун аз кишвар меҷӯянд. "Ансоруллоҳ”, ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва гуфта мешавад аксар пайравонаш тоҷикон ҳастанд.

Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд. Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, бошандагонаш кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи ҳалли душворӣ беҳтар кардани шароити зиндагии дар онҷост.

XS
SM
MD
LG