Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" роҳи намояндаи СММ-ро ба Афғонистон баст


Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал
Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал

Ҳукумати "Толибон" вуруди Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милалро дар умури ҳуқуқи башар, ба Афғонистон манъ карданд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангуйи ҳукумати "Толибон" ба телевизиони “Тулуъ” хабар додааст.

Муҷоҳид дар ин мусоҳибааш Ричард Беннетро ба он муттаҳам карда, ки гуё ба ҷаҳониён дар бораи вазъи Афғонистон маълумоти “дурӯғ” медиҳад.

Ричард Беннет дар соли 2022, баъд аз чанд моҳи омадани "Толибон" ба сари қудрат, гузоришгари вижаи СММ дар мавриди ҳуқуқи башар дар Афғонистон таъйин шуд.

Аз оғози кораш дар ин мақом ӯ чанд дафъа ба Афғонистон рафта, ҳар бор ҳукумати "Толибон"-ро барои нақзи ҳуқуқи башар, махсусан ҳуқуқи занону духтарон танқид мекард.

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умуми ҳуқуқи башар зиндагии занонро дар Афғонистон ба зиндон шабоҳат дод ва бо таъкид ба маҳдудиятҳои ҷоришуда, рафтори "Толибон"-ро ба "ҷиноят алайҳи башарият" баробар донист.

Гурӯҳи "Толибон" борҳо иддаи гузоришгари вижаи СММ-ро беасос хондаанд.

XS
SM
MD
LG