Ба гузориши “Садои Амрико” аз 25-уми июли имсол, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хароҷоти низомии худро бештар кардаанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд.
Дар шаш моҳ барои соҳибӣ ба беш аз 5 ҳазор мансабу ҷойи холии кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон озмун эълон карда, вале дархости кам гирифтаанд. Раиси Оҷонси хидмати давлатӣ ҳузури ками довталабонро ба "шартҳои душвор" пайванд дод. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров "маоши кам"-ро сабаби асосӣ донист.
Шӯрои уламои Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз либоси миллӣ фатво додааст, ки занону духтарон либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" напӯшанд. Чизе, ки масъулонаш "бегона" ва "ғайриахлоқӣ" номидаанд.
Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, Тоҳир Қудратзода, раиси пешини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз мансаби наваш дар идораи нақлиёти вилояти Суғд барканор гардид. Ӯро пештар ба “қаллобӣ” ва “суистифода аз мансаб” гунаҳкор дониста буданд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз пайдо шудани беморие миёни чорво дар баъзе минтақаҳои кишвар хабар дод.
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо судури ҳукме аъзои як хонаводаро аз ҳаққи истифодаи замини президентӣ маҳрум кардааст. Аъзои ин хонавода ҳукми додгоҳи маҳаллиро ноодилона хонда аз додгоҳи вилоятӣ хостори таҷдиди назар шудаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти се рӯзноманигори зиндониро дар мавриди норозигиашон аз ҳукми додгоҳ расонидааст.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи 26 июл дар ҷараёни сафари якҳафтаинаи худ ба Амрико бо Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳҳо дар интихоботи имсолаи президентӣ мулоқот кард.
Як рӯз пас аз шурӯи рейдҳои сарстосарӣ ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ, Додгоҳи Белгия се марди чечентаборро бо иттиҳоми марбут ба терроризм боздошт намуд.
Иштироки тирандозон дар рӯзи аввали мусобиқаҳо 27-уми июл барои Қазоқистон бомуваффақият анҷомид.
Нерӯҳои Русия беш аз даҳ шаҳрак дар вилояти ҷанубии Херсони Украинаро ҳадаф қарор доданд ва як ҳавопаймои бесарнишини Русия ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрд ва ронандаи онро маҷрӯҳ кард.
Ёфтҳои бештар