Баъд аз 25 соли муҳоҷират дар Калинингради Русия Зебонисо Нарзуллоева мехоҳад, барои ҳамеша ба Тоҷикистон баргардад. Зебонисои 53-сола бо ду духтари хурдсолаш дар соли 1999 аз ноҳияи Ёвон барои пайдо кардани кор ба Калининград рафт.
Кароматулло Раҳимзода, мудири пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи парвандаи ҷиноии нисбати худ ва ҳам дар боздошт ба сар бурданашро рад кард.
Дар паи мулоқотҳои баҳсбарангезаш бо раҳбарони Русия ва Чин Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) дар як номааш ба раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, “дар ду моҳи наздик дар ҷабҳаи Украина назар ба гузаштаҳо эҳтимоли талафот ва ҳодисаҳои ҷангии фоҷеабори бештар вуҷуд дорад."
Идораи назорати тағйири иқлим дар Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, моҳи июни соли равон гармтарин июн аз замони назорати ҳаво будааст.
Бонки Осиёи Рушд гуфтааст, ки Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои бади тағйирёбии иқлим ба 8 милллиард доллар ниёз дорад.
Раиси Думаи давлатии Русия гуфт, пешниҳоди рондани муҳоҷирон аз кишварашро дастгирӣ мекунад.
Оҷонсии мубориза бо фасод Кароматулло Раҳимзода, директори собиқи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва падари Ситораи Кароматулло, овозхони шинохтаро боздошт кардааст.
Рӯз то рӯз шумори зодагони Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд, зиёд мешавад.
Наҷотбахшон дар Тоҷикистон ҷони як марди русро наҷот додаанд.
Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) дар Пекин бо президент Си Ҷинпин мулоқот кард.
Дар даври дуюми интихоботи порлумонии Фаронса ҷабҳаи росту марказгарои “Ҳамроҳ барои ҷумҳурӣ” аз аксар курсиҳо маҳрум шуд. Аз рӯи шумори курсиҳо эътилофи ҳизбҳои чапгарои “Ҷабҳаи мардумии нав” пеш гузашт.
Интихобот дар Эрон на озод ва на одилона буд, вале бо ин вуҷуд натиҷааш ғайримунтазира гардид. Интихоби ягона номзади ислоҳталаб, Масъуд Пизишкиён, ба мақоми президентӣ яке аз ҳамин натиҷаҳои ногаҳонӣ гардид.
Ёфтҳои бештар