Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб зидди фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ, капитан Ҳисайн Дониев барои марги сарбоз Ҳакимҷон Самадови 19-сола парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Тоҷикистон тасмим дорад тавлиди барқ аз офтобро бештар кунад, вале огоҳони умур бар инанд, ки дар шароите, ки нархи панелҳои офтобӣ гарону аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чунин кор ба осонӣ даст нахоҳад дод.
Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дасти кам 7 нафар кушта шудаанд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Дилшод Назаров барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ба шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса расид, дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад.
Додситонии Кӯлоб эълон кард, ки муҳокимаи нӯҳ муттаҳам ба пайравӣ дар ДОИШ ва тарконидани мошини раиси дафтари ҳизби ҳокими Тоҷикистон ба зудӣ ба поён мерасад.
Додгоҳи шаҳри Панҷакент як сокини ин шаҳрро барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо додааст.
35 дақиқа, шумори андаки вакилон, интихобот бе номзади алтернативӣ. Шитобкорӣ дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва интихоби раиси он, ки рӯзи 23 июл дар Душанбе баргузор шуд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қарори комиссиюни афвро тасдиқ кард, ки раҳбари собиқи Кумитаи амнияти миллии (КАМ) ин кишвар Карим Масимовро аз ҳақи афв маҳрум мекунад.
Шумори муҳоҷироне, ки ба Русия бо нияти кор мераванд, ба поинтарин нишондод дар даҳ соли охир баробар шудааст.
Мақомот дар Русия гуфтанд, ки дар паи як ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ ба киштии русӣ дастикам як нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Маъмурони милиса дар Душанбе писари яке аз вазирони собиқи ҳукумат ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дигарбора барои қонуншиканӣ дастгир кардаанд.
Салимҷон Иномзода, сардабири боздоштшудаи саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» дар Фейсбук поёни ҳафтаи гузашта аз як боздоштгоҳи ВКД-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ба боздоштгоҳи "Тоштурма"-и воқеъ дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд интиқол дода шудааст.
Ёфтҳои бештар