Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав ҳукми ҳабси Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ду фаъоли мухолифони давлати Тоҷикистонро баровард ва онҳоро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи ҷанги Украина гунаҳкор донист.
Чанд корбари Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар озмунҳои бурдноки блогерон ширкат карда, фиреб хӯрдаанд.
Дар ҳоле ки Исроил ба иллати бераҳмиҳояш дар Ғазза бо фишори байнулмилалӣ рӯбарӯст, Арманистон аз ин вазъ истифода бурд, то ба як пуштибони асосии душманаш – Озарбойҷон – зарба занад.
Сарфи назар аз баҳсҳо ва нигарониҳои мардум, ду иловаи ҷанҷолиро дар бораи “либоси бегона” ва “идгардак” ба қонуни танзим дар Тоҷикистон ворид карданд.
Бисёре аз занон дар деҳаи Сомғор, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, барои кори саҳро ва кашондани об дигар аз хару ароба истифода намекунанд. Онҳо ба "мотороллер" рӯй овардаанд. Сечархаи сохти Чин, ки газу сӯзишворӣ наметалабад.
Дар Тоҷикистон озмуни нави сартосарие бо номи “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷараён дорад. Он моҳи майи имсол оғоз ёфтааст. Асарҳо зиёда аз сад номгӯянд.
Як ташаккули мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбари СММ хост, дар мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе озод кардани зиндониҳои сиёсӣ ва таҳқиқи саркӯбҳои ВМКБ-ро матраҳ кунад.
Мансабдорони аршади ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз як курсӣ ба курсии дигар гузаронида мешаванд. Аммо чандин мансабдоре аст, ки бештар аз даҳ сол ҷойи худро ҳифз кардаанд. Чаро бархе вазирон ва сардорони ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон метавонанд солҳои дароз дар як вазифа бимонанд?
Дар гузориши нави Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар мавриди мубориза бо қочоқи инсон нишондодҳои Тоҷикистон як зина бадтар шудаанд. Гузоришро рӯзи 24-уми июн котиби давлатӣ Энтони Блинкен дар Вашингтон муаррифӣ кард. Он вазъи қочоқи инсонро дар соли 2023 дар бар мегирад.
Марде, ки бо камони оҳанӣ ё арбалет рӯзи 29-уми июн афсари полисро дар назди сафорати Исроил дар Белград (маркази Сербистон) маҷрӯҳ кард, кушта шуд.
Пайвандони як сарбози фавтидаи Вазорати мудофиа аз натиҷаҳои ташхиси сабаби марги ӯ норозиянд.
Додгоҳе дар Қазоқистон баҳси миёни мактаб ва падари духтари ҳиҷобпӯшро ба манфиати талабаи 13-сола ҳал кард ва ҳақи ӯро барои таҳсил барқарор намуд.
Ёфтҳои бештар