Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви собиқи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи ҷумъа, 26-уми июл пас як ҳафтаи бистарӣ дар беморхонаи зиндони Ваҳдат дар синни 65-солагӣ даргузашт.
Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев, ки ҳафтаи гузашта гуфт, мавриди ҳамлаи се зодаи Тоҷикистону Узбекистон қарор гирифт, ба баррасии парлумони Русия тарҳи нави қонунеро зидди ҷамъиятҳои миллӣ ё диаспораҳо ворид кард.
Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки дар маҳбаси занонаи рақами 21-и ноҳияи Зангиотаи Тошканд адои ҷазо мекунад, аз “муносибати махсус” бархурдор аст ва ба “ҳар чизе, ки мехоҳад”, дар зиндон дастрасӣ дорад.
Қочоқчиёни маводи мухаддир дар Русия шабакаи иҷтимоии «WhatsApp»-ро барои фурӯши ин маводи мамнӯъ истифода мекунанд ва бархе ҷавонони тоҷик ҳам ба доми онҳо меафтанд.
Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ)-и Русия гуфт, Евгений Серебряков - марди гумонбар дар тарконидани мошини афсари ин ниҳод, ки дар Туркия боздошт шуда буд, ба Русия истирдод шуд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар беш аз 2600 омӯзгор намерасад.
Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб зидди фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ, капитан Ҳисайн Дониев барои марги сарбоз Ҳакимҷон Самадови 19-сола парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Тоҷикистон тасмим дорад тавлиди барқ аз офтобро бештар кунад, вале огоҳони умур бар инанд, ки дар шароите, ки нархи панелҳои офтобӣ гарону аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, чунин кор ба осонӣ даст нахоҳад дод.
Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дасти кам 7 нафар кушта шудаанд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Дилшод Назаров барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ба шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса расид, дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад.
Додситонии Кӯлоб эълон кард, ки муҳокимаи нӯҳ муттаҳам ба пайравӣ дар ДОИШ ва тарконидани мошини раиси дафтари ҳизби ҳокими Тоҷикистон ба зудӣ ба поён мерасад.
Додгоҳи шаҳри Панҷакент як сокини ин шаҳрро барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо додааст.
Ёфтҳои бештар